Дуои «хайр»

10 04 2010

Далер вакте аз мардикорй ба Точикистон бармегардад, барои супоридани нома аз дусташ Барот рахсипори хонаи у мешавад. Дар назди дарвоза падари пири 80 солаи дусташро мебинад ва номаро месупорад.
— Рахмат писарам, рахмат барои мактуб. Кай омадй аз Расия? — мепурсад муйсафед.
-Дируз бобо. Дигар худатон нагз хастед, бобо? — дастони муйсафедро фишурда мепурсад Далер.
— Худоро шукр писарам нагз. Хар руз дар хамин офтобии назди дарвоза мешинам. Бигу ки Баротбой кору бораш хуб аст?
— Хуб аст бобо, хуб. Баротбой БИЧ шуда гаштааст. -посух медихад Далери шух.
— Ха, нагз, нагз. Исто ки БИЧа нафахмидам, писарам..
— Бобо, БИЧ ин бачаи зур. Яъне коргар, усто, пулдор. Хавотир нашавед. — шухиашро идома медихад Далер.
— Нагз, нагз. Худо кушоиши кораш дихад. Хай, пулфиристониаш бад не. У хасту моро мехуронаду мепушонад.
Писарам, биё хамин мактубашро ба ман хонда дех. Ман айнакам дар хона мондааст. — мактубро ба Далер медихад.
— Майлаш бобо, гап нест.- Далер мактубро гирифта ба хондан медарояд.
— Салом падарчон. Ман нагз, кор карда гаштаам. Аз ман хавотир нашавед. Насихатхои шуморо фаромуш накардаам. Шабгардй ва шаробнушй накардаам. Дар бобати пул низ боэхтиёт сарф менамоям. Масалан дируз вакти ба кор рафтан бо автобус нею пиёда аз паси автобус рафтам ва 25 сум эканом шуд…
— Офарин писарам, офарин. Хайр шуд давомаша баъд худам мехонам. — мактубро бозпас гирифта ба чайбаш гузошт ва пурсид: — Исто, ки то чои коратон таксй чанд сум аст?
— 200 сум бобо. Хайр майлаш, ман рафтам. Як дуои хайр дихед, бобо, ман ба карибй бозмегардам. Ба Баротбой ягон таъин ё нома бошад расонам.- Далер азми рафтан кард.
— Хайр хамин ки рафти ба Баротбой гуй аз мо хавотир нашавад. Хозир вакти «салдаткаппак» расидааст. Мабодо наояд. Гуй вакти кор рафтан аз паси таксй равад то 200 сум эканом шавад. Охир 25 сум кучою, 200 сум кучо.. Хайр, ба ту рохи сафед. Илохи аз писарам хам бичтар шави, омин…
Далер бо дили нохохам омин карду супсурх, «дуд карда — дуд карда» рох пеш гирифт.

Реклама

Действия

Information

11 комментариев

13 04 2010
Азиз

Факат нафахмидам, ки «бич»-аш чист.

13 04 2010
ilhom

БИЧ — бывший интелигентный человек. Калимаи маъмулу машхур аст ки майзадаву алкашхое, ки барои шаробпулй партовкуттихоро мекобанд ва шишазарфхоро гун карда месупоранд. Кариб мутобик ба БОМЖ. БОМЖ — без определённый место жительство.

14 04 2010
Азиз

«Бомж»-ро медонистам, лекин «бич»-ро нав фахмидам. Ташаккур.
Яъни барои касе гуфта мешавад, ки аз аракхури хама чизашро ва хамрохи он инсонияшро хам гум кардааст.

14 04 2010
ilhom

Ба фикрам на онкадар дуруст аст агар гуем, ки «инсонияшро гум кардааст». Чунки БИЧхо дар гузашта шахсиятхо кордону зиёиён будаанд. Сипас ба доми фиребе афтодаанд ва ё ба шикасту нишебихои хаёт тоб наоварда, руй ба май овардаанд. Аксари онхо одамони бамаърифату донишманданд. Ин ягона фарки онхо аз БОМЖхост.

14 04 2010
olimbek

мебахшеду факат дар сарлавха нависед»латифа».Мабодо касе бовар карда аз кафои кадом такси давида ягон кору холе нашавад.

14 04 2010
ilhom

Узр, бародар Олимбек. Дар хакикат мебоист нависем. Хатто кариб худам хам боварам омад. Хамин сахарй автобусро хеле мунтазир шудам. Таксихои назди истгох зуд-зуд пур шуда мерафтанд. Як ба сарам омад, ки шояд нархи онро пурсида хисоб китоб карда аз пасаш давам.. Сониян дидам, ки рохи мошингард пас аз об шудани барфхо хеле ифлос аст ва ба пули «эконом» кардаам на пойафзол мешаваду, на шим. )))

20 04 2010
parviz

Мебахшеду, лекин агар шумо ичозат дихед, як хатогии шуморо ислох мекунам. Дар паематон навистед ки «без определенный место жительство», лекин «без определеннОГО места жительства» каме дурусттар мешуд.
Хамавакт киссахои шумоя хонда фикр мекунам, ки охирин он андухгин нестанд, лекин сари кисса хандаовару поени он гамангез. Вакте ки русхоро мебинам дар айни майнуши, нигарони хис намекунам, аммо майнуши точика бинам, даррав фикру хаел ба сарам медароянд: ое падару модараш мехостанд ки ин фарзанд майнуш ба воя расад? агар хозир модараш бинад зор-зор мегиряд.
Барои хамин ба хама як паем: вакте ки май менушед, фикр кунед, ки модаратон наздатон истода аст, вай ба шумо чи мегуфта бошад?
Дар панохи худо бошед. Интизори киссахои дигар аз шумо, Илхом

24 04 2010
ilhom

Салом Парвизчон. Дар хакикат иштибох шудааст. Аслан забони русиро бо хама «склоненияву» «падежхояш» бисёрии русхо худ намедонанд.
Дар бобати майнушй рост гуфтед. Дар ин дурй аз Ватан бисёрихо расму русум ва идеологияи бегонаро кабул кардаанд, ки як зарари сахти ин мухочири аст. Интизор бошед, киссаи тоза дар бораи хуроки «макарон» дар тайёрй ба нашр аст. Саломат бошед.

18 05 2010
Мухидин

17.05.10 сол аз шабакаи телевизиони ТВЦ-и Русия барнома бо номи “Право имею”-ро нишон доданд, ки он дар бораи мухочирони корй бахшида шуда буд. Дар он барнома хамчунин конуни охирине, ки барои воридоти мухочирони кори ба корхонаву ташкилотхои технология баланд ва коркунони хонаги (домработники) мутолиа шуда буд. Агар ин конунро кабул кунанд, он гох мухочири кори бояд, баъди худро ба кайд гузоштанаш (регистрация) бояд кор ебад. Вакте, ки у кор меебад бояд бо кордиханда шартномаи кори бастанаш лозим. Он гох бо ин шартнома ба кумитаи миграционии он нохия рафта бояд хар мох 1000 рубл бидихад, пас аз он метавонад натарсида кор кунад. Аз хотир набароред, имсол назоратхо нисбати бе хуччати духтури ба ягон
корхона коргарони мухочирро ба кор намегиранд. Ин хуччатро харакат кунед гиред, ки мухлати онро хангоми гирифтан аз духтурхона албатта муайян кунед.
Дар барнома ду тараф буданд, ки якешон хукукхои коргарони мухочирро хифз мекарданд, дигаре зид. Хангоми тамошои ин барнома баро чунон хашм гирифт, худро дошта ин барномаро то охир тамошо кардам. Дар барнома як тахлилгари иктисоди гуфт:
-Харчанд мо конуну коидахо кабул кунем е накунем бе коргарони мухочир мо тараккиети давлатро ба сатхи даркори бароварда наметавонем, аз ин лихоз онхо ба Русия лозиманд. Аммо киро ва чанд нафарро даъват кардан кори ташкилотхои салохиятдор мебошад.
Собик депутати хизби ЛДПР Алексей Митрофанов, ки тарафдори содда гардонидани сару хисоби мухочирон ва таъмин кардани хукуки онхо буд, гуфт:
-Ое ягон шахрванди рус ба он корхое, ки имруз мухочирони точик мекунанд, рози хасатнд? Ба он хакки музде, ки ин мухочирон мегиранд, русхо рози хастанд? Хеч вакт русхо хусусан дар Маскав ин корро намегунанд ва агар ман нохак бощам ба ман он нафарро пайдо кунед.
Дар ин барнома сухан факат дар бораи мардуми точик мерафт. Намояндагони зид мехостанд, ки бо Точикистон рафтуои визавиро ташкил кунанд. Ба собик хамватанони худ, яъне русхои хоричи кишвари Русия буда шароити ба ватан баргаштанашонро осон кунанд.
Баъди ин барнома фикрхои бисьер кардам ва ба он хулоса омадам, ки чаро худованд ба мардуми точики ман чунин кисматро раво дид.Магар мо точикон ба ин пастзаданихои миллатхои аз мо маданият пастдошта хубанд? Магар мо точикон сохиби кисмати худ нестем? Чаро мо точикон дар мусофири он кадар ахл нестем монанди дигар миллатхо? Мо ки адабиети хазорсолахо дорем чаро аз маданияти худ дар мулки мусофир дур мешавем? Ин саволхо дар дилу чони ман мисли хун гардиш меебанд. Ое ман ин ходисаро то охири умрам мебинам магар? Ман ки худ мухочир хастам, албатта маро ин беадолатихо осуда намегузоранд.
Мардуми точикро то он дарача чашми дидан надоранд, ки моро ба хар нохушии кишвари худ сабаб мегузоранд.Гуе мо точикон ин нохушихоро ба миен оварда бошем. Ое да Русия як халки точик мухочир аст? Ое дигар халкхо дар он чойхое, ки мо кор мекунем, кор намекунанд магар? Ба мардумам дилам месузаду дили шишабори ишку хаваси ватан тапиши тезутундеро мегирад. Боз ба худо марочиат мекунаму худро тасалли медихам. Бо умед ба осмон нигох карда дасти дуо мекушоям ва мугуям:
-Эй Худои мехрубон халки маро мардуми ба номуси точикро дар хар чое, ки набошад, дар холати сериву пури, дар гамиву хурсанди, дар саломативу бемори, дар ватану беватан, дар назди оилаву гариби, бо дуст е душман.Дар хоб е бедори, бо ишк е танхо хамаашонро бар панохат нигах дор. Бигзор ин рузхои дахшатноктарини мардуми точик паси сар шавад. Дигар иллохо ягон фарди точики мо ин рузхои мусофирии вазнинро набинад. Ба хукумати мо куввату акли солим дех, ки хукуки шахрвандони моро дар хорич мухофизат кунад ва ба поймол кардани нангу номуси миллати точик рох надиханд.Намояндагони давлати точикон фарк надорад дар кадом сатхи ухдадори набошад, номи точиконро, хукуки мардумро химоя кунанд дар хама макони руи замине, ки шахрванди у хаст.
Агар хукуматдорони боломакоми Точикистон ба шакли чидди зидди барномахои “Наша Раша”, ки хукуки мардуми точикро поймол карда мардуми точиконро чун як ифроди пас нишон медиханд, ба давлатдорони боломакоми Русия арз карда аз онхо талаби манъ намудани ин барнома мекарданд, ин барнома то хол давом намедод. Дар нашрияву телевизиони Руссия нисбати ин намоиш танхо диаспораи точикони Маскав баромад карданду халос. Чаро намояндагони сафоратхонаи Точикистон бо нота баромад накард? Магр онхо точик нестанд е онхо аз вучуд доштани чунин барнома огох нестанд?
Рости гап аз тарафи дигар мо точикон худ хам айб дорем. Чунки мо бо кору рафтори ношоями худ, ки дар хар кучо мекунем ба дигарон бахона ба миен овардем, то онхо нисбати мо чунин муносибат кунанд. Чаро мо худро хангоми ба куча баромадан ба низом намеорем? Чаро мо бо либосхои ифлосу кухна ва е либоси кори ба шахр мебароему байни мардум бо овози баланд гап мезанем? Чаро мо хангоми муомила дар байни дигарзабонхо бо точики баланд сухан меронем? Чаро мо ба хама кори пасту каммузд ба тези рози мешавем? Ое моро падару модар ба чунин кору рафтор тарбия карда буданд? Чаро мо ба якдигар бо чашми хасуд ва гаюри менигарем?
То он даме, ки мо тарбияамонро дар назди дигарон ба дарачаи хуб наорем, нисбати мо дигар мардумон чунин муносибати беинсониро давом медиханд. Мо иззати якдигарро аз худ бояд сар кунем. Агар шумо хохед, ки бо шумо хуб муомила кунанд, бояд худи шумо муомилаи хубро нисбати дигарон кунед.
Харчанд хозир ба мардуми точик ин рузхо рузхои вазнин дар мусофири хаст, ман фикр мекунам ин рузхо хам мегузаранд. Ба сари мардуми точдори ман офтоб нурпоши мекунаду точикони мо рузхои хубу фарахманд мерасанд. Дар давлатамон хам сериву пури ходованд ато менамояд ва мардуми точиконро аз хар балохо эмин медорад. Шоду пируз бош халки точики дунье.

2 10 2010
Дилшод Хакёров

Салом Мухиддин. Ман андешахоятро хонда ба ту хамфикр шудам. Бигзор чунин чавонони банангу бономус зиёд шаванду дар баланд бардоштани савияи дониши хукуки ва маърифати олии точикона сахми арзандаи худро гузоранд. Дар панохи Яздони пок бошед бародарони мухочирони ман.

11 10 2010
ИКРОМ

Бо гуфтахои Мухиддин тарафдори карда боз як чизро зам карданиам. Хар миллате, ки кори бад мекунад инро точик кард мегуянд. Инаш дарднокаст, ки ман низ мусофирам ва кушиш мекунам то аз руи одоби худ халкамро шармсор накунам, аммо тухмати нохак мекунанд ки * Вот вы таджики все такие*. Дустон коре кунед, ки фардо зарараш ба фарзандонатон нарасад. Фикр накунед, ки мо дар мусофират якруза ё якмохаем. Агар якруза хам бошед кардаи Шумо дар таърих мемонад, хох бад бошад хох нек. Худо хофиз.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: