Макаронбирён — таоми «миллии» мардикорон.

27 04 2010

Кариб як руз пас, таоми «дустдоштаи» мо — макаронбирён дастархони нисфирузии моро оро медихад. Шокир, ки уро ботантана ва бо як овоз сарошпаз интихоб кардаем, макаронро бо як махорати баланд мепазад. У пас аз тасфон шудани равган макаронро ба дег андохта то сурх шудани онхо дегро мекобад. Хуллас чунон таоме мешавад, ки дар он хамаи донахои макарон якхел ранги сурх доранд.
Серёга як чавони миёнакади тахминан 30 сола, дизайнер оиди таъмири хучрахо шуда, тартибу ороиши хонае, ки мо таъмир мекунем бар ухда дорад. У вактхои охир бо мо, аниктараш ба таоми макаронбирён унс гирифтааст. Таоми макарон ба як хуроки миллии сохтмончиён мубаддал шудааст ва рузе, ки Шокир макарон пазад хама гамгинем ба гайр аз Серёга. Ин навъи таом ба у бисёр маъкул шуд ва гуфт, ки макаронро ин гуна болаззат шояд дар ватани макарон — Италия кодир ба пухтан набошанд.
Серёга аслан бачаи интеллигентнамо, чиддй ва камгап аст. У танхо рузхое, ки макарон мепазем таклифи моро мепазирад ва хуроки нисфирузиро хамрохи мо мехурад.
Боре у аз Шокир пурсид, ки макаронро у аз кадом магоза мехарад. Шокир нишонаи магозаро гуфт ва илова кард, ки аз хама макарони арзон дар хамон чост. Серёга нишонаи магозаро ба дафтарчааш кайд карда, бо табассум гуфт ки мехохад ин гуна таомро бо хамсараш дар хона пазад.
Пагохиаш Серёга омад ва аз Шокир норозигй кард, ки ба у дуруг гуфтааст ва дар он магоза хечгуна макарони сурх хеч вакт дар таърихи магоза набудааст. Баъдан он бечора боз якчанд магозахои шахрро дар суроги макарони сурх гаштааст.
Сипас, Шокир ба у фахмонд, ки макаронро дар дег сурх намудан лозим.
Имруз касе нест, ки ба мо таоми нисфирузй пазад. Чунки ошпазамонро дизайнер ба хонааш бурд, то ба у макарон пазад.

Реклама

Действия

Information

One response

2 10 2010
Дилшод Хакёров

Ахсант ба ту Шокир. Муваффакият дар корхои оянда…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: