«Мама, менты!»

28 06 2010

Акаи Муллошо, чанд вакт боз бекор хобаст. Аниктараш кор бисёру лекин корхои у мекардагй не. У факат бор кашондан, хок кофтан, хок пушондан, шикастан ва кандан метавонаду халос.

Акаи Муллошо як марди коматбаланду гандумгин, тахминан 40 сола, бо муйлаби сиёхи гафс, пешониаш васеъ, то пушти гардан (яъне кал) ва танхо ду тарафи сараш муй дорад. У шухиомез хар бегох мегуяд, ки «имруз ду куб хоб задам..» (куб — яъне кубометр, ченаки хачм ва одатан дар сохтмон девори хиштиву «бетон» ва хокканиро хисоб мекунанд).

Мусо дируз ба акаи Муллошо кор ёфт. Як шиноси русаш кату курсихои (дивану кресло) нав харидааст ва ёрй дода онхоро ба чахорум ошёна баровардан лозим буд.

Мусо аслан ягон ракамро аз хотираи тилфуни дастиаш намеронад. Ба гуфти худаш, хануз файлхои ду сол пеш хам дар хотираи тилфун ва хам дар хотираи худаш хифзанд. Аз ин чост, ки хеле сершинос аст ва як-як ба онхо занг зада аз холашон пурсон мешавад.

Ин алокаро накандани у дар хакикат кор медихад ва бисёре аз мардикорони точикро бо кор таъмин менамояд. Аз яке ба ивази корёбиаш маблаги дах дар сад меситонад, аз дигаре не.

Бегох акаи Муллошо омад ва киссаи чи тавр як кудаки 5-6 сола уро аз милисахо начот доданашро накл кард. Гап дар сари он, ки акаи Муллошо ичозатномаи кор надорад. У умедворй ба конуни нави мухочират — «патент» дошт, аммо дуввум мох аст, ки хеч не ин конун ба амал барояд.

Дарвокеъ, ба диккати хамаи мардикорон, нихоят пас аз интизории тулонй, сар аз 1-уми июл конуни нав ба амал мебарояд. Ба фикри бисёрихо, конуни нав ба фоидаи мардикорон аст, вале бар зарари миёнаравхо, ки барои ичозатномаи кор аз корафтодагон се чор маротиба зиёд маблаг меситонанд. Акнун мустакилона хар мардикор метавонад дар як мох 1000 рубли уруси супорида хукуки кор дар шахсихоро пайдо намояд.
Мухтасар дар ин бора дар матлаби баъди хохам навишт.
Маъзарат, аз мавзуъ хеле дур шудам..

Хуллас, акаи Муллошои бе ичозатномаи кор вакти фаровардани кату курсихо аз мошин чашмаш ба «уазики» милиса меафтад, ки онхо низ мисле ки гурба мушро дида бошад хурсандона чамбараки мошинро суи онхо метобанд.

Дар назди мошини боркаш хучаини борхо, ки аз як гушаи кат дошта буд ва сохибхоназани урус бо писарчаи тахминан 5 сола меистод.

Милисахо наздиктар омада истоданд ва ронанда- милиса тирезаро фароварда хост чизе гуяд.
Дар ин вакт писарчаи хурдакак бо овози баланд дод зада «Мама! Смотри, менты! Вот, вот! Папа, менты!»

Модараш гуфт «Нет Никита, (номи писарча) это уважаемый дядя милиционер..»
«Ты же сама говорила папе, про ментов..»
«Успокойся Никит! Пошли домой!»

Акаи Муллошо аз тахдиди хатар дасту по мехурд ва дуздида-дуздида бо гушаи чашмаш суи мошини «сагхо» нигох мекард.

«Дядя милисионер» бошад, шояд аз суханхои писарча хичолат кашид, ки сурху сафед шуда нимтабассум карду рафт.





Афзалшохи Шодй дар Красноярск

20 06 2010

Рузи 19-уми июн дар шахри Красноярск дар чазираи фарогатии Татишев консерти идонаи «Сайри лола» бо иштироки гуруххои санъаткори озариву руси ва хунарманди мардумии Точикистон Афзалшохи Шодй баргузор шуд.

Мардикорони ташнаи навои точикй аз хамсояшахрхои атрофи Красноярск чамъ омаданд. Ману Мусо ва чанд гуштигирон низ аз Иркутск ба Красноярск омадем. Афзалшох бо таронаи «Таджикистан и Россия» ба консерт огоз бахшид.

Пас аз ду суруди Афзалшох тамошобинон тарона дар бораи Самарканду Бухороро талаб мекарданд. Ва боз Афзалшох Самарканду Бухороро талаб кард ва бори дигар тасдик кард, ки ин шахрхои точиконанд.

Мегуянд гуё И. Каримов раиси чумхури Узбакистон аз ин тарона норозигй карда, Афзалшохро «земломер» (заминченнамояк) ном бурдааст. Мусо шухиомез пешниход кард, ки ба Афзалшох як «рулеткаи» 10 метраи кимат табрик намояд..

Ин консерт он руз хамаи нохияву махалхои Точикистонро гирдихам оварда, дар дил шуълаи вахдату ягонагиро барафрухт.
«Лаънат бод бар ман, агар точикро ба чанубию шимолию инчоию унчой чудо намоям..»
Ин суханхои Афзалшохи Шодй мухлисони мухочирашро ба вачд овард ва баъдан харборе «Точикистонам» мегуфт хамагон доду фарёд мезаданд.

Фарёди пур аз алам, фарёди пур аз дард, фарёд дар хакки Ватани азиз, Ватане, ки гох дар блокадаи иктисодй мондаю, гох бекасу танхову фирефтаву валангор. Ватане, ки сарваронаш дар тахт тохту тоз доранду бо хар роху васила хуни мардум мемаканд.

Ватане, ки яке аз окибмондатаринхосту роххояш мисли давлатхои пешрафтатарин пулакй шудаанд. Ватане, ки 20 сол боз мустакил асту хеч не маоши хадди акал як пирамарди танхоро хуронад. Ватане, ки оинахояш мухточи хокистар шудаанду беадолатии додгоху додситонхояш ба авчи аъло расидааст. Ватане, ки мушу каломушхои дузду харомхураш хокиму раису вазиру вакил шудаанд.

Мусо низ садояшро ба фарёди хамагон хамрох карда, пинхонй ашки дида пок мекард. Ва кам набуданд онхое, ки гиряи худ базур нигах медоштанд.

Боз Афзалшох месарояд.
» Куххои ту имонам, сангхои ту вичдонам, чашмахои ту чашмонам, Точикистонам, Точикистонам…»

Сипас, Афзалшох азми рафтан карду мардикорон талош мекарданд, бо у «автографи» точикй — огушу дастфишорй намоянд.

Дар хотимаи ид гуштигирон ба сахна баромаданд.
Сипас ману Мусо дар рох суи истгохи рохи охан шохиди сухбати русхо гаштем, ки байни хам дар бораи иди точикон ва ошдихии бепул ба русхову тахчоихо сухбат мекарданд.





«Гунгшавии» нажодпарастон.

2 06 2010

Як дустам бандакро ба сараш баста бо он оханхои машкиро бо болову поён кардани сараш мебардораду мефарорад — мебардораду мефарорад.
Овах! Чашмонам дард кард аз назораи у. Ба гуфти у мехохад гарданашро гафс намояд. Пас аз чанде ист гирифта, нафасашро рост карда, боз наклашро идома медихад…
Хонандагони гиромй, агар мутолиа карда бошед, соли гузашта пурсишеро дар торнигор гузошта будам. Ин пурсиш такрибан чунин садо медод. Оё Шумо мехохед дар он шахре, ки мухочир хастед точикон ва умуман гайрирусхо кам ва ё набошанд? Камина зид будам ва баръакс мехохам сари кадам точикон бошанд. Аммо як дустам Мусо бисёр будани точиконро боиси паст гаштани обруи миллат шуморида, орзуи шахре дорад, аниктараш дошт, ки ончо ягон точик ва ё гайрирус набошад.
Банда ин бахсу мавзуро ба гушаи фаромуши бурда будам. Аммо ин бегох Мусо аз куча омада, дубора ин мавзуъро бардошт ва изхор кард, ки дигар чунин шахр намехохад. Баръакс, бигзор чи хеле, ки бошанд гайрирусхо бисёр бошанд. Сабаби тагир ёфтани назарашро пурсучу кардам.
Аз накли у маълум шуд, ки вакте аз хонаи махбубааш баргаштан кариб ба дасти ду миллатчиёни рус афтодааст. Хозир дар ин мухочирй бисёрихо махбубадор шудаанд. Баъзехо, ки дар Точикистон зану фарзанд доранд махбубадор шудаанду аз безанхо чи гила? Ачоибаш он ки вакте аввалин бор ба мардикорй меоянд, панчвакт намоз, зикри Худо, пархез.. Вале пас аз чанде «чучачахо паррончак мешаванду» аз Худою Расул (с) ба нагмаю усул мегузаранд. Хакикатан дар чунин мухити фахшу гайриисломй, риояи шариат имону таквои комилро металабад.
Маъзарат, аз мавзуъ дур шудам. Хайр ин каме дар бораи «паррончак» шудани Мусои намозхони мо буд.
Хуб бармегардем сари мавзуъ, назди ду миллатчии рус. Мусо дар яке аз курсихои охири мусофирбар нишаста будааст, ки дар яке аз истгоххо ду русбачаи дар даст шишаи оби чав ва тануманду бо китфубозу медароянд ва онхо низ дар курсихои охир менишинанд. Курсихои охири мусофирбар 5 чои нишаст дорад, ки аз як кунч Мусо нишастаасту аз дигар кунч ин ду руспахлавонхо ва байни онхову Мусо боз ду чои нишаст холист.
Пахлавонхои ширакайф ба Мусои кошсиёх нигариста пичингпартоиро, чун «понаехали..», «их неперевариваю никак..», «..резать надо их..» ва гайра огоз менамоянд. Мусо гуё кари ношунаво бошад, намешунид ва аз тиреза ба берун нигох мекард. Охиста-охиста русбачахо ба дашномхои дагалтар мегузаранд. Мусо намедонист чи кор кунад. Меандешид, ки аз бало хазар, шояд бехтар аст дар истгохи навбатй фарояд.
Аммо гайричашмдошт дар истгох се гайрирусе девпайкару тануманд ба мусофирбар медароянд ва омада дутояш дар байни Мусову он ду миллатчихои рус менишинанд. Гуиё Худо онхоро фиристода.
Аз руи шархи Мусо маълум шуд, ки онхо ё точик, ё узбак будаанд. Яктояш ришдор ва харсеяш гандумгини сабзина.
Чуссаи ин бачахоро дида, он русбачахо якбора аз гап монданд. Акнун онхо аз тиреза чашм намеканданд ва гох-гох, дуздида-дуздида ба ин се пахлавон нигох мекарданд. Аз чи буд, ки бо хам ишорае карда, дар истгохи навбатй аз мусофирбар фаромаданд…
Хамин тавр дусти мо сихату саломат ба хона расид ва холо аз таги кат(диван) лавозимотхои машкиро, ки болояшон як кабат чанг нишастааст мечуяд.