Афзалшохи Шодй дар Красноярск

20 06 2010

Рузи 19-уми июн дар шахри Красноярск дар чазираи фарогатии Татишев консерти идонаи «Сайри лола» бо иштироки гуруххои санъаткори озариву руси ва хунарманди мардумии Точикистон Афзалшохи Шодй баргузор шуд.

Мардикорони ташнаи навои точикй аз хамсояшахрхои атрофи Красноярск чамъ омаданд. Ману Мусо ва чанд гуштигирон низ аз Иркутск ба Красноярск омадем. Афзалшох бо таронаи «Таджикистан и Россия» ба консерт огоз бахшид.

Пас аз ду суруди Афзалшох тамошобинон тарона дар бораи Самарканду Бухороро талаб мекарданд. Ва боз Афзалшох Самарканду Бухороро талаб кард ва бори дигар тасдик кард, ки ин шахрхои точиконанд.

Мегуянд гуё И. Каримов раиси чумхури Узбакистон аз ин тарона норозигй карда, Афзалшохро «земломер» (заминченнамояк) ном бурдааст. Мусо шухиомез пешниход кард, ки ба Афзалшох як «рулеткаи» 10 метраи кимат табрик намояд..

Ин консерт он руз хамаи нохияву махалхои Точикистонро гирдихам оварда, дар дил шуълаи вахдату ягонагиро барафрухт.
«Лаънат бод бар ман, агар точикро ба чанубию шимолию инчоию унчой чудо намоям..»
Ин суханхои Афзалшохи Шодй мухлисони мухочирашро ба вачд овард ва баъдан харборе «Точикистонам» мегуфт хамагон доду фарёд мезаданд.

Фарёди пур аз алам, фарёди пур аз дард, фарёд дар хакки Ватани азиз, Ватане, ки гох дар блокадаи иктисодй мондаю, гох бекасу танхову фирефтаву валангор. Ватане, ки сарваронаш дар тахт тохту тоз доранду бо хар роху васила хуни мардум мемаканд.

Ватане, ки яке аз окибмондатаринхосту роххояш мисли давлатхои пешрафтатарин пулакй шудаанд. Ватане, ки 20 сол боз мустакил асту хеч не маоши хадди акал як пирамарди танхоро хуронад. Ватане, ки оинахояш мухточи хокистар шудаанду беадолатии додгоху додситонхояш ба авчи аъло расидааст. Ватане, ки мушу каломушхои дузду харомхураш хокиму раису вазиру вакил шудаанд.

Мусо низ садояшро ба фарёди хамагон хамрох карда, пинхонй ашки дида пок мекард. Ва кам набуданд онхое, ки гиряи худ базур нигах медоштанд.

Боз Афзалшох месарояд.
» Куххои ту имонам, сангхои ту вичдонам, чашмахои ту чашмонам, Точикистонам, Точикистонам…»

Сипас, Афзалшох азми рафтан карду мардикорон талош мекарданд, бо у «автографи» точикй — огушу дастфишорй намоянд.

Дар хотимаи ид гуштигирон ба сахна баромаданд.
Сипас ману Мусо дар рох суи истгохи рохи охан шохиди сухбати русхо гаштем, ки байни хам дар бораи иди точикон ва ошдихии бепул ба русхову тахчоихо сухбат мекарданд.

Реклама

Действия

Information

3 комментария

4 07 2010
Мохру

Маколаи мазкурро хонда, ашки чашмонам чори шуд. Зеро соли чорум аст, ки дур аз ватанам. Хар боре, ки сахифаи шуморо мехонам, хам мегиряму хам механдам. Маколахоятон инъкосгари холу ахволи мухочирони точиканд.
Шеърхои Лоики бузург ва сурудахои Афзалшохи Шоди таскинбахши дили точиконанд. Эй кош, мушкилоти хама точикон зудтар хал мешуду хама ба ВАТАН бармегаштем.

4 07 2010
ilhom

Афсус, ки хеле кушиш кардам вале натавонистам навори видеоиро инчо гузорам. Худ медидед ин гуна ватандустии мардикорони мухочири дур аз хоки Ватанро. Барои шахсан худам гайричашмдошт буд вакте хама пас аз калимаи «Точикистонам», дод мезаданд.. Гарибй хар яки моро хеле ватандуст кардааст. Саломат бошед, хохари азиз.

18 09 2010
Nabizoda

«Афзалшох бо таронаи «Таджикистан и Россия» ба консерт огоз бахшид.» Аз хама таронаи бадмедидатаринам! Хайфи он овозаш ки ин сурудро хондааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: