Мардикорй гунох аст?

11 07 2010

САРСУХАН

Боре дар Маскав хонаи духучрагиеро таъмир мекардем. Таъмирро мебоист то соли нави масехй ба поён мерасонидем. Аммо аз тангии вакт дар хавотир будем ва аз сохибхона хохиш намудем барои таъмири хучраи шустушуй (ванная комната, санузел) устохои иловаги гирад.
Пагохаш як бачаи тахминан 25 солаи узбак бо номи Гайрат, аз Хоразми Узбакистонро овард. Тули як хафта бо хам кор кардем ва он таасуроте ки аз сухбат бо у бардоштам, то хол дар хотираам чарх мезанад.
Гайрат дар масчиди Маскав дарс мегирифт ва дар вактхои холй ба сохтмон машгул буд.
На у точикй медонисту на ман узбакй бинобар ин бахси мо бо забони руси мегузашт.
Кутохи гап он ки у хамаи мусулмонони мардикорро гунахкор дар он мехисобид, ки 3-4 хазор километрро тай карда, ба суроги пул омадаем. Ин кадар мо мусулмони пулдуст шудаем. Ба хотири пул, зану фарзанду волидонро партофта шахр ба шахр овораем. Дар ин оворагй шароити номусоидро бахона карда, на намоз мегузорему на рузаи мохи Шарифи Рамазон медорем. Бисёрихо расму оини бегонаро кабул намуда ба зинову шаробу лукмаи харом дода мешавем.
Фикр намекунем, ки фарзандхо бояд аз тарбияи падар низ бархурдор бошанд.
Фикр намекунем ки занхо низ нафс доранд. Мо ошики пулу моли дунё гаштаем.
Гузаштагони мо агар ба хотири таблиги дини Исломи азиз дунёро мегаштанд, мо бошем танхо ба хотири як чиз — ПУЛ!
Айнан чунин маъно доштанд суханхои Гайрат.

ХАВАС, ТААСУБ, ХАСРАТ

Солхо гузаштанду аз бисёрихо чунин пурсон шудам, ки ба хотири чи тарки диёр кардаанд. Гуфтаи Гайрат тасдики худро ёфт. Танхо чавонхо ба хотири халосй аз хизмати харбй дур аз Ватан гаштаанд. Дигар хама ба хотири пул..

Яке мегуфт, ки мехохад мошини сабукрав бихарад, дигаре хонаю замин, саввуми лихозоти хона (телевизори кимат, диван, кресло, компутар барои писараш), чахорум барои туй арусй ва гайра хоказо.. Таасубу хасрат дар авч. Чаро хамсоя ё писари хамсоя доштаасту ман не..
Дар навбати худ хар яки онхо тасдик мекарданд, ки дар Точикистон барои зиндагии рузмарра метавон кор пайдо кард, яъне танхо барои шикам.
Пас дар хакикат чи зарур аст ин мусофириву гарибиву азоб? Вакте хама дар Ватан аст хукумат аз паи кор шуда ба ислохи камбудихо мекушад то иктисодиёти кишварро боло бардорад, вагарна табаддулот чехрахои окилу кордонро сари мансаб меовард. Вале холо, ки хаёти мардум асосан бо маблаги мардикорон рафта истодааст, зарурат ба кори хукумат намондааст.

Ин пуле, ки мардикорон мефиристанд аз як чихат гардиш хурда ахволи мардуми ончоро бехтар нигох дорад, аз чихати дигар боиси киматии махсулот ва бекурбии пули милли мегардад.

Бисёр хуб мешуд агар дах сол пеш Точикистон бо хама кишвархо худ режими визавиро ба рох мемонд ва то имруз хама чизу хама кас чои худро меёфт.

БАРАКАТ

Аз накли як дустам Чахонгир, пули мардикорй баракат хам надорад. У баробари баргаштан ба хонааш яксола музди мардикориашро ба дасти падараш месупорад ва фикр мекунад ки акнун яксол бепарво хурда мегарданд. Аммо се мох пас бисоти падар холй мешавад. Падараш мегуяд, дидй баракоти пули овардаатро. Акнун бубин баракаи пули маро, ки фардо гусолачаеро аз огил фурухта хамин се мох оиларо мехуронам.
Ба гуфти Чахонгир, дар хакикат пули як гусолача пули мардикориро, ки баробар ба дах гусолача буд як бар сифр зад.
Ё ду хамсояхо, яке мардикори овора, дигари дехкон. Яке дур аз фарзандон, дигари дар огуши чигарбандон. Вале хаёти харду мегузарад ва аз хам на камию на бартарй доранд.

«Медовый месяц»

Бисёр бародарони мардикор хастанд, ки тарки диёр кардаанду пушаймонанд. Ба фикри онхо, акнун, ки омаданд пас набояд бо дасти холй раванд. Чунки бо дасти холй рафтан гуё боиси шарм бошад.
Оё он боиси шарм нест, ки вакте бармегардй фарзандат туро намешиносад ва ё тарбияи нодуруст гирифта асари суханхои ту дар у гум шудааст.
Бо нияти ду се мох омада солхои сол дар «ботлок» дармемонем.
Точиддин аз нохияи Вахш, пас аз як мохи хонадоршавиаш руй ба мардикорй меорад. Мегуяд барои гузаронидани туй карз гирифтаанд ва акнун як сол мешавад, ки карзро пардохт менамояд. Хамсинфаш шухиомез ба у хамдардй карда мегуяд, ки то баргаштани ту кудаки навтавлидат «фигураи янгашкаро» вайрон мекунаду дигар он парии шаби туйи арусиат дидаро дар хобат хам намебинй.
Пас чаро мо вобаста ба вазни маошхои Точикистон зиндагию тую маърака намекунем? Чаро гаронии нарххои Точикистон бо маошхои Русия хамбастагй дорад?

Карорхои корнадода

Раиси чумхур Э. Рахмон заминро дар ихтиёри дехкон вогузошт. Чаро сахми худро аз дасти нахангбригадирони даврони шуравй талаб карда ба кишту кор машгул намешавем? Нахангбригадирон то кудаки дар шиками занхояшон бударо номнавис карда, мардумро аз нони дахонашон махрум сохтанд. Вале агар мо тарки Ватан намекардему болои ин хочагихои дехконй фишор меовардем бехтар набуд?
На. Мо дигар намехохем меваю сабзавот парвариш кунем, пахта чинем. 50, 80, 200, 600 сомонй назарамон намегирад. Чи будани ШУКР-ро гум кардаем.
Раиси чумхур Э. Рахмон ба расму оинхои мардумй низ бинй халонда карор оиди танзим ва каммасрафии тую маъракахоро баровард. Оё бехтар набуд бо назардошти сатхи пасти зиндагй ба ин карор вокеъбинона назар карда, тую маъракахоро бо харочоти камтарин мегузарондем?
На. Мо бехтараш пешакй духазор сомонй чарима супорида, тамоми буду шудамонро дар туй харч мекунему бечора навдомодро пас аз мохе ба «рухсатии мехнатй» ду сола ба Русия мефиристем.

Реклама




Чаро Ислом Каримов зидди Рогун шуд?

5 07 2010

Як дусти мардикорам Карими Варзобй, хотирааш пур аз хачву латифа аст. Дилхох вакт агар аз у хохиши як латифа гуфтан намоем, у дуто мегуяд. Ва хар дафъа нав ба нав. Ин бор як латифаи гуфтааш бамаврид хаст ва онро манзури шумо менамоям.

*>———<*

Медонед сабаби асосии зидди сохтмони Рогун шудани Узбакистонро? Каримов хаёл мекунад, ки Рахмон дигар ба у об намедихад. Ин хаёли у аз кучо сарчашма мегирад?

Раиси чумхури Узбакистон, Каримов рузе ба Душанбе омада, мехмони Эмомалй Рахмон мешавад ва шаб харду дар як хона хоб мераванд.

Аввали шаб Каримов ташна мешавад ва мехохад аз Рахмон об пурсад.
— Ошна тожик. Ошна тожик. — пастак мегуяд Каримов.
— А бача гав зан. -чавоб медихад Рахмон.
Каримови бечора хост гуяд, ки ман об нушидан мехохам, вале дигар хел мегуяд:
— Ошна тожик, ман об хурдам.
— Хайр нагз карди, майлаш. — посух дода ба пахлуи дигар мегардад Рахмон.

Пас аз фурсате Каримов боз мегуяд:
— Ошна тожик, ман об хурдам.
Рахмон сарашро бардошта як нигохи норозиёна карда, мегуяд:
— Хайр фахмидум а бача. Нагз кардй. Хоб рав! — ва сарашро таги болин менамояд.

Нисфи шаб боз садои Каримов, ки аз ташнагй базур мегурунгид баромад:
— Ошна тожик, ошна Рахмон, ман об хурдам. Ошна тожик..

Рахмон сарашро аз таги болин бароварда дод мезанад:
— Хэъ, ошна узбак! "Зайбат" кадй ку! Мон хоб кнэм! "ман об хурдам, ман об хурдам" ъэ магзи сари мара хурдй. Хов ра аку! И чи хелй инсонай?!..

Сахари барвакт Каримов ба Тошканд бармегардад ва ба чомеаи чахонй зидди сохтмони НОБ Рогун эътироз баён мекунад, ки Рахмон дар масъалаи об хасис аст…





«Патент» сар шуд

1 07 2010

Акнун мухочироне, ки дар шахсихо кор мекунанд, метавонанд аз паи гирифтани ичозатномаи кор нашаванд. Аз имруз 1-уми июль конуни нави мухочират дар тамоми шахрхои РФ ба амал баромад. Ин конун асосан барои онхоест, ки дар шахрвандони РФ (яъне шахсй) кор мекунанд. Вале бо гирифтани «Патент» хукуки кор дар корхонахо дода нашудааст.
Ин хуччатхо барои гирифтани «патент» заруранд:
(Узр бо урусй менависам)

1. Заявление о выдаче патента.
2. Документ удостоверяющий личность.
3. Миграционная карта.
4. Квитанция госпошлина в размере 1000 рублей.
5. Сведения о видах трудовой деятельности.

«Патент» барои аз 1 то 3 мох дода мешавад. Хар мох 1000 сум ба банк супоридан лозим мешавад. Дар холати ба итмомрасии мухлат метавон онро боз 1-3 дароз кард ва хамин тарик то як сол. Пас аз як сол боз ба сархад убур кардан, барои дарёфти миграсионкаи нав..