Мардикорй гунох аст?

11 07 2010

САРСУХАН

Боре дар Маскав хонаи духучрагиеро таъмир мекардем. Таъмирро мебоист то соли нави масехй ба поён мерасонидем. Аммо аз тангии вакт дар хавотир будем ва аз сохибхона хохиш намудем барои таъмири хучраи шустушуй (ванная комната, санузел) устохои иловаги гирад.
Пагохаш як бачаи тахминан 25 солаи узбак бо номи Гайрат, аз Хоразми Узбакистонро овард. Тули як хафта бо хам кор кардем ва он таасуроте ки аз сухбат бо у бардоштам, то хол дар хотираам чарх мезанад.
Гайрат дар масчиди Маскав дарс мегирифт ва дар вактхои холй ба сохтмон машгул буд.
На у точикй медонисту на ман узбакй бинобар ин бахси мо бо забони руси мегузашт.
Кутохи гап он ки у хамаи мусулмонони мардикорро гунахкор дар он мехисобид, ки 3-4 хазор километрро тай карда, ба суроги пул омадаем. Ин кадар мо мусулмони пулдуст шудаем. Ба хотири пул, зану фарзанду волидонро партофта шахр ба шахр овораем. Дар ин оворагй шароити номусоидро бахона карда, на намоз мегузорему на рузаи мохи Шарифи Рамазон медорем. Бисёрихо расму оини бегонаро кабул намуда ба зинову шаробу лукмаи харом дода мешавем.
Фикр намекунем, ки фарзандхо бояд аз тарбияи падар низ бархурдор бошанд.
Фикр намекунем ки занхо низ нафс доранд. Мо ошики пулу моли дунё гаштаем.
Гузаштагони мо агар ба хотири таблиги дини Исломи азиз дунёро мегаштанд, мо бошем танхо ба хотири як чиз — ПУЛ!
Айнан чунин маъно доштанд суханхои Гайрат.

ХАВАС, ТААСУБ, ХАСРАТ

Солхо гузаштанду аз бисёрихо чунин пурсон шудам, ки ба хотири чи тарки диёр кардаанд. Гуфтаи Гайрат тасдики худро ёфт. Танхо чавонхо ба хотири халосй аз хизмати харбй дур аз Ватан гаштаанд. Дигар хама ба хотири пул..

Яке мегуфт, ки мехохад мошини сабукрав бихарад, дигаре хонаю замин, саввуми лихозоти хона (телевизори кимат, диван, кресло, компутар барои писараш), чахорум барои туй арусй ва гайра хоказо.. Таасубу хасрат дар авч. Чаро хамсоя ё писари хамсоя доштаасту ман не..
Дар навбати худ хар яки онхо тасдик мекарданд, ки дар Точикистон барои зиндагии рузмарра метавон кор пайдо кард, яъне танхо барои шикам.
Пас дар хакикат чи зарур аст ин мусофириву гарибиву азоб? Вакте хама дар Ватан аст хукумат аз паи кор шуда ба ислохи камбудихо мекушад то иктисодиёти кишварро боло бардорад, вагарна табаддулот чехрахои окилу кордонро сари мансаб меовард. Вале холо, ки хаёти мардум асосан бо маблаги мардикорон рафта истодааст, зарурат ба кори хукумат намондааст.

Ин пуле, ки мардикорон мефиристанд аз як чихат гардиш хурда ахволи мардуми ончоро бехтар нигох дорад, аз чихати дигар боиси киматии махсулот ва бекурбии пули милли мегардад.

Бисёр хуб мешуд агар дах сол пеш Точикистон бо хама кишвархо худ режими визавиро ба рох мемонд ва то имруз хама чизу хама кас чои худро меёфт.

БАРАКАТ

Аз накли як дустам Чахонгир, пули мардикорй баракат хам надорад. У баробари баргаштан ба хонааш яксола музди мардикориашро ба дасти падараш месупорад ва фикр мекунад ки акнун яксол бепарво хурда мегарданд. Аммо се мох пас бисоти падар холй мешавад. Падараш мегуяд, дидй баракоти пули овардаатро. Акнун бубин баракаи пули маро, ки фардо гусолачаеро аз огил фурухта хамин се мох оиларо мехуронам.
Ба гуфти Чахонгир, дар хакикат пули як гусолача пули мардикориро, ки баробар ба дах гусолача буд як бар сифр зад.
Ё ду хамсояхо, яке мардикори овора, дигари дехкон. Яке дур аз фарзандон, дигари дар огуши чигарбандон. Вале хаёти харду мегузарад ва аз хам на камию на бартарй доранд.

«Медовый месяц»

Бисёр бародарони мардикор хастанд, ки тарки диёр кардаанду пушаймонанд. Ба фикри онхо, акнун, ки омаданд пас набояд бо дасти холй раванд. Чунки бо дасти холй рафтан гуё боиси шарм бошад.
Оё он боиси шарм нест, ки вакте бармегардй фарзандат туро намешиносад ва ё тарбияи нодуруст гирифта асари суханхои ту дар у гум шудааст.
Бо нияти ду се мох омада солхои сол дар «ботлок» дармемонем.
Точиддин аз нохияи Вахш, пас аз як мохи хонадоршавиаш руй ба мардикорй меорад. Мегуяд барои гузаронидани туй карз гирифтаанд ва акнун як сол мешавад, ки карзро пардохт менамояд. Хамсинфаш шухиомез ба у хамдардй карда мегуяд, ки то баргаштани ту кудаки навтавлидат «фигураи янгашкаро» вайрон мекунаду дигар он парии шаби туйи арусиат дидаро дар хобат хам намебинй.
Пас чаро мо вобаста ба вазни маошхои Точикистон зиндагию тую маърака намекунем? Чаро гаронии нарххои Точикистон бо маошхои Русия хамбастагй дорад?

Карорхои корнадода

Раиси чумхур Э. Рахмон заминро дар ихтиёри дехкон вогузошт. Чаро сахми худро аз дасти нахангбригадирони даврони шуравй талаб карда ба кишту кор машгул намешавем? Нахангбригадирон то кудаки дар шиками занхояшон бударо номнавис карда, мардумро аз нони дахонашон махрум сохтанд. Вале агар мо тарки Ватан намекардему болои ин хочагихои дехконй фишор меовардем бехтар набуд?
На. Мо дигар намехохем меваю сабзавот парвариш кунем, пахта чинем. 50, 80, 200, 600 сомонй назарамон намегирад. Чи будани ШУКР-ро гум кардаем.
Раиси чумхур Э. Рахмон ба расму оинхои мардумй низ бинй халонда карор оиди танзим ва каммасрафии тую маъракахоро баровард. Оё бехтар набуд бо назардошти сатхи пасти зиндагй ба ин карор вокеъбинона назар карда, тую маъракахоро бо харочоти камтарин мегузарондем?
На. Мо бехтараш пешакй духазор сомонй чарима супорида, тамоми буду шудамонро дар туй харч мекунему бечора навдомодро пас аз мохе ба «рухсатии мехнатй» ду сола ба Русия мефиристем.

Реклама

Действия

Information

8 комментариев

14 07 2010
Follower

fikrhoi jolib

20 07 2010
M

Дуруст навишта кардед дӯсти азиз, воқеан мо тоҷикон барои худ ва дар ҳаёти худ зиндагӣ намекунем, Умрамон ба таҳассубу нотавонбинии дигарон тамом мешавад,

5 08 2010
Snaiper

Сад дар сад хамфикрам бо муаллиф. Вокеан фикрхои чолиб. Мардикории шумо тамомнашаванда ва беохир метобад.

2 10 2010
Дилшод Хакёров

Дар боло зикр шудааст, ки пули мардикори баракат надорад. Ман ба ин фикр рози нестам. Чаро баракат надорад? Хамон пуле баракат надорад, ки бо рохи макру фиреб, яъне як нафаре дар Руссия бо ном бригадир шуда кор намекунад ва маошашро мегирад, инчунин аз хисоби маоши дигарон сари хар мох хакке меситонад, ки ин ба у харом аст. Чунки у мебинад, ки хамватанаш бо чи машаккат пул кор мекунад. Ана хамин пул баракат надорад. Ва дигар ин ки вакте ба Ватан бармегардад, факат пули чамъкардаашро сарф мекунаду халос, ба хеч кор машгул намешавад, номус мекунад гуё. Акаллан замини хотааш ва замини сахмашро самаранок истифода намебарад, ки сабзавоташ (гандум, пиёз, картошка, биринч…) аз хисоби худаш барояду маблагашро ба дигар маводхо сарфа намояд. Аз ин ру дар муддати кутох пулашро дар хаво сарф намуда боз гусолаашонро фурухта рох суи мухочират мегирад. Худо кунад точики точдори мо доги гурбатро асло набинад. Иншооллох он рузхо дер нестанд. Боки панохатон ба Худои мехрубон.

11 10 2010
ИКРОМ

Хуб навиштед аз хак ва ин нангу номуси хасудагии мо моро мекушад. То вакте ки ба тахсуб по ба пои хамсоеву наздикон мегузорем гурро обед нахохем кард. Дар ин мулки мусофират низ байни мусофирон хасудхурист, хасад мехуранд хатто ба он касе, ки каме пули зиёд кор мекунад. Оё хасудхур наметавонад чун ин чавони чакону чолок кор кунад то хасад хурдана? \Метавонад. Вокеъахо дар ин мавзуъ хело бисёраст ва хама медонад, аммо чи илоч?

6 01 2011
Рахмат

Агар Худованд таасубро аз байн набарад вой бар холи миллати точик! Азбаски дили президент ба кавлаш як нест,хама гуфтахои уро мардум баръакс мекунанд; Маросими мотам ба зиёфатхури мубадал гаштааст,туи аруси ба мусобикаи тилловори харидан.Хамрохи ман нафаре кор мекард,КИ БАРОИ ГАВХОРАИ ХОХАРАШРО БУРДАН МОДАРАШ БА У амр кард,ки 2000доллар фиристад.Баъди харачу марачи зиёд хохорашро шавхараш ронд. Хама калимаи ШУКРро фаромуш кардаанд,барои хамин хам баракат паридааст. Бадбахтии дигар дар сари кудрат будани рохбарони бесаводу порахур хаст, дар давоми 20-соли охир ягон корхонаи наве дар Точикистон сохта нашуд.

6 02 2011
Комил Саидов

Саломат боши бародар бо ин фикрхои чолибат. Аммо як чизро гуфтан ба маврид аст,ки агар «мефахмидагихо»-и мо аз болои ин гуфтахо кор баранд, Точикистон бо ном нею, дар хакикат ГУЛГУЛШУКУФОН МЕШУД.

11 09 2012
Дурандеш

Хеле фикрхои окилона,аммо ба гуфтаи худ бояд амал кард.То кай бетараф меистем.Худамон хукуматдоронро порахур кардем.Пеш аз арзи худро баён кардан,пулро дароз мекунем,агар хак хам бошем.Чунки хукуки худро намедонем.Хамсоя агар бар хилофи конун туйу маърака кунад уро таъриф мекунем,аз болояш ба макомоти дахлдор шикоят намекунем,худро бетараф мегирем.Ин бетарафихо нишонаи он аст,ки мо хайрхохи халку дустдори Ватан нестем.Шиори мо ин шудааст,ки»беПУЛ кор буд намешавад».Лоакал порадихиро бас кунем ва бар зидди шахсони порахур мубориза барем….

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: