Ба хавопаймо нишастанро кай меомузем?

7 09 2010

Хавопаймо мепариду сари чанд вакт садои баланди «стюардесса» мебаромад: — Чанд бор гуфтам дар инчо нос накашед! Шумо чи хел одам гапа намефахмед?!

Якчанд сархо бо шунидани ин садо ба пушт тоб мехуранд. Мехоханд бубинанд, ки кист вай одами носкашидаги. Пас аз он ки уро диданд ба пеш тоб хурда дар суроги халтаи нос мешаванд. Гуё ба хотирашон носкаши омад. Ё фикр мекунанд, ки мешудааст-ку.

Пештархо ба гушам гохгох мерасид, ки гуё аз точикистонихо дехотихо маданияти камтар доранд ва шахрихо маданияти баландтар. Аммо чандин маротиба шохиди он гаштам, ки ин гап асос надорад. Аслан ин аз тарбияи дар оила гирифтааш сарчашма мегирад.

Вакти ба автобус ва ё хавопаймо нишастанро мебинив,  мехохи шахриро ба сари дехоти заниву дехотиро ба сари шахри… Назоратчиён хой-хой нагуянд на кудаки хурдсолро нигох мекунему на занхоро ва дарро пачак карда медароем. Гуё агар акиб монем бечо мемонда бошему мачбур чоямон болои болхои хавопаймо мешавад. Кай мо ба автобусу хавопаймо нишастанро меомухта бошем. Аз байни мусофирон як садо баромад: «Хой, хамотонба чо хаст шарманда накунетон!». Хайрият ин хел одамхо хам будаанд, гуфтам ба худ. Вале сохиби овоз дид ки касе уро гуш намекунад, у низ ба кашмакаши ба автобусдарои хамрох шуд. Гуё худ дар гапи худаш нобовар накард, ки мабодо бечо намонад. Ё шояд хост хамаро фиреб дода ором намояду худаш аз хама пеш ба хавопаймо дарояд…

Якчанд мусофирони намояндахои миллатхои славяни ба кашмакашхо хамрох намешуданд ва аз дур бо тамасхур назорат мекарданд. Дар хакикат аз хама охир онхо даромаданд ва чиптаро нишон дода чойхои худро сохиб шуданд. Дар чиптахо аслан раками чои нишаст сабт шудааст. Вале худи назоратчиён намегузоранд ки ба ракамхои чои нишаст риоя намоем: — Эээ, нишастан гиред дар дилхох чойхои холи!..

Русхо бошад саросема нашуда, даромада аз руи ракам чойи худро пайдо карданд ва «стюардессаро» даъват карда талаб карданд ки чойи онхоро холи намоянд. Стюардесса харчанд ба онхо фахмонд, ки аз руи ракам хеч кас нанишастааст ва ба дилхох чойхои холи нишастан гиранд. Аммо чун «дилхох чойхои холи» дар охири салун буд русдухтарон бо катъият талаб карданд ки бигзор хамин шахсоне ки дар чойхои онхо нишастаанд, хеста ба хамон «дилхох чойхои холи» рафта биншинанд. Мачбур чор нафаре ки бо хамин кадар зeру захм ва кашмакашихо яке аз аввалинхо даромада чойи нишаст гирифта буданд, гуё чангро бохта бошанд супсурх бо гушхои кашол хакораткунон ба акиби салун рафтанд.

Ин сахнаро дида, дарк кардам ки махз худи коркунони фурудгох, назоратчиёну «стюардесса»хо миллати моро ба хамин камбуди маданияти нишаст оварда расондаанд. Чунки агар мусофиронро на аз руи масали «хозирро хузур, гоибро шалгам» чойгир намоянд, балки аз руи раками чойи нишаст чобачо намоянд, онгох охиста-охиста ин талотупии вакти нишаст аз байн меравад ва мо аз тамасхур «эмин» мемонем. Дар хамаи чиптахо раками чои нишаст хаст-ку ё он ракамхо барои зебоии чипта аст? Бо риояи ин ракамхо хар кас хохад донист ки хох дер дарояд, хох барвакт аздусар дар хамон чойи худаш хохад нишаст.

Реклама

Действия

Information

6 комментариев

2 10 2010
Ошурмахмад

Бале мавзуи хеле чолиби диккат! Ин ё аз бесаводии халки мо ё аз пастии маданиятамон аст. Ё хар ду!!! Вале коркунони фурудгох тамоман бешарманд.Дар фурудгохи Руссия махз онхо навбатро вайрон мекунанд! Чи гуна???Онхо аз байни мардуми дар навбат истода хешу табор ,шиносхо ва хамшахрихояшонро аз навбат чудо карда пештар мегузаронанд ва ин боиси он мешавад,ки мардуми дар навбат истода теладихиро сар мекунанд. Ва ман баъдтар фахмидам,ки ин як сабаби дигари асоси низ доштааст. Ин беномусон аз онхое,ки бори зиёд доранд пул ситонида ин борро ба номи онхое менависанд ,ки бори кам доранд. Ва ин мардумро бенавбат мегузаронанд. Сум ба киссаи чап ,аммо навбатро вайрон мекунанд! Яъне онхо фикри киссаро мекунанду парвои навбат надоранд. Вале дигар миллатхо дар ин фурудгох бо тамасхур ба мо нигох мекунанд ва моро «дикий» яъне вахши мехонанд.Хулоса ,об аз боло лой!!!

26 12 2010
ilhom

Хак бар чониби Шумост! Бо ин амалашон на танхо навбатро вайрон мекунанд, балки обруи миллатро паст мекунанд.

9 11 2010
Фаридун Хайруллоев

Бале дар хакикат вакте, ки ман хам ба Казокистон парвоз мекардам бо чунин холат во хурдам танхо дар даруни хочатхона… Давомашро худатон фахмидед. Точик точик точик цецецеце

11 12 2010
Шариф Муллоев

Ин рафторхоро дар Маскав хело мушохида кардаам.Бароям хамчун точик хело аламовар аст.Муносибати дигарон ба мо аз руи одоби мост.Афсус ,ки 80 фисади точикон моро дар пеши мардуми гайр шарманда мекунанд.

6 02 2011
Комил Саидов

Дуруст мегуед бародар. Як бор ба самалёт не ба фурудгохи(байналмилалии) худамон хуб назар андозем, дар (зал ожидани) чи кадар бе тартибихоро мебинем. Тагабози бошад ба дарачаи олли аст.

11 02 2011
Мухаммадюсуф

Афсус, ки ба як бору ду бор таъкид карданхо ин мардумро ба тартиб дароварда намешавад. Дар фурудгохи Душанбе огоз аз ворид шудан ба толори бакайдгири дархол бо кадом сабаби номаълуме тела-тела сар мешавад. ба кайдгири харчанд вакти муайян дорад ва вобаста ба вакти муайяншуда барои хама басанда аст, боз хам мардум якдигарро тела дода меистанд. Милисаи фурудгох мачбур мешавад, ки тартиб чори кунад, ин на ба хама мефорад. Бародарону хохарон вакти он расидааст, ки худро хурмат намоед, вакти саворшави ба хавопаймо, вакти фурудои низ, вакти аз кайди сархадбонхо гузаштан ва гайра одобро риоя намоед, занон хусусан занони кудакдор ва пирону хурдсолаконро хурмат намоед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: