Андӯҳи дилҳо намегузарад…

24 05 2011

Дунёи савдо бигзарад,
Андухи дилхо бигзарад.
Ҳам навбати мо, ҳам навбати мо,
Ҳам навбати мо бигзарад…

Овози дилнишини Далер Назар аз баландгӯяки телефон  меомад. Шоҳин, одат дошт, ки  таҳти садои мусиқӣ кор кунад. Агар рузе тилфуни дастиаш хомуш гардад, он руз рухан хаста мешуд. Хомӯшӣ фикри ӯро парешон мекард. Хар гуна лахзахои хаёташ, гох аз бист сол ва гох аз як сол пеш мисли навори филм пеши назараш мегузашт.

Аз ёдбуди лахзахои умраш баъзан механдиду баъзан ба газаб омада, асаби мешуд. Хандааш дар ин хол хандае буд мисли заҳр ба рӯи кирдори номардонаи одамоне дар хакки у. Ва он хандаи дилхушкунанда набуд. Ба дил меандешид, ки чаро фалон вакт дар чавоби фалон одам фалон чй нагуфт ё фалон амал накард. Акнун у калон шудаасту аклаш даромадааст ва акнун дарк кард, ки бист сол пеш у хеле содаву камакл будааст. Аммо чи хел у, ки мактабро бо бахои аъло хатм кардаасту ин кадар сода буд? Шояд акл дигар чиз асту дониш дигар чиз? Ё шояд у чунин тарбия гирифтааст? Тилфони у имруз дубайте аз таронаи Далер Назар хонду бо сабаби тамом шудани неруяш хомуш гашт.

Акнун боз хамушй.. Боз оромй.. Танхо садои ба девор молидани гач мебарояд. Боз андешахо… Боз тахлили лахзахо, тахлили вокеахо, тахлили умре, ки аз сар гузаронд. Ох ин мусофирй чй дарди сахт аст. Имрузи у чи гуна ва бо кадом хаёлхо шаб мешуда бошад? Боз кадом давраи хаёташ беихтиёр вориди олами андешахои у хохад шуд?

Пеши назараш бозгашти нахустинаш аз мардикорй ба Точикистон омад. Худи хамон руз хамсинфонаш ба дидорбинй омаданд. У пас аз хатми мактаб аз байни хамсинфонаш аввалин шахсе буд, ки тарки Ватан кардаву хаёти гарибй мардикориро чашида буд. Хамсинфонаш уро ихота карда бо хавас аз хаёти у дар Русия ва чй хел будани он чо пурсон мешуданд. Барои онхо шавковар буд донистани хаёт дар Русия. Аммо пас аз ним соати саволборон яке аз хамсинфонаш бо кахр изхор кард, ки ин чй дидорбиниву ин чй сухбат? Худамон савол медихему худамон чавоб. Мо чаро омадем назди у? Хезед, рафтем бачахо, Шохин, чи хеле ки дигар шудааст…

— Бачахо хайр чй гуям? Истед! Ман намедонам чй накл кунам..— аз паси хамсинфонаш гуфт Шохин. Аммо хамсинфонаш ба гапи у норозиёна нимнигохе карда, рафтанд. Шохин хайрон монд ва намедонист чй чизхоро бояд накл мекард. Аз паси онхо менигаристу ба дил мегуфт, «Чи чиз гуям ба шумо? Он ки мисли хар кор мекардаму хамкоронам, ин бачаи майда гуфта, аз худашон се мартаба кам маош медоданд? Шояд мегуфтам, ки чй хел маро таъна зада «ин хлеб бисёр мехурад..» гуфта, хар вакт дар сари дастархон нонро бурида, чор тиккагй таксим мекарданд. Ин холро танхо аз накли калонсолон мешунидем, ки солхои чанги 41-45 хаминхел будааст. Охир ман корам аз хама вазнин буд. Онхо болои харакча девор мекарданду ман хам хишт ва хам гил ба ду деворгар мекашондам. Бар замми ин холо вакти чушу хуруши чавониам аст ва танам гизо талаб мекард. Шояд онхо дар хона ба фарзандонашон низ дар сари дастархон нонро таксим мекарданд. Аммо падари ман харгиз ин корро накардааст. Шабе шикамам аз гуруснагй печутоб мехурду мачбур рафта як бурида нон хурдам. Пагохаш ин хамшину хамкорон, ки харсеяш аз ман 10-15 сол калон буданд «теревога» бардоштанд. Чи гап шудааст? Кадоме шаб нон хурдааст…

Ё бояд мегуфтам, ки чй тавр хамаамон хоришак шуда, баъд фахмидем, ки хонаву либосу палосро шабушк зер кардааст?

Хамсинфони азизам, мебоист, ки ин чизхоро бароятон накл кунам? Чи тавр шабони дароз ба ёди мулки падар ашкрезиамро накл кунам?..»

Хамсинфони Шоҳин аз у ранчида буданд ва аз пасаш мегуфтанд, ки у дигар шудааст, серпул шудааст ва аз худ рафтааст.

Шохин ба девор гач мемолиду табассум мекард. У хеле барвакт умри мусофириро чашид. У он вакт 18 сола буд. Акнун 38. Мусофирӣ уро дигар кард, комати баланду тахтапушти росташро хаму логар кард, руйи пурожанг муйхои сафед ба у дод, ва хануз хам, сол аз сол дигар шуда истодааст. У мубориза мебарад. Мубориза бо зиндагй барои зинда мондан.

Дареғ, ки на ҳар кас мефаҳмад дарди дили муҳоҷирро…

Реклама




Муллошои котил (дар асоси як хачвия)

21 05 2011

Рузе акаи Муллошо хонаи як урусзанак кор меравад. Яке аз хучрахои хонаи уро линолеум задан лозим буд. Муллошои дар обу арак гутида пас аз соате корро тамом кард. Сипас уфф гуфта хост як нос кашад. Ин су кофт, он су кофт, вале носро наёфт. Ин дам чашми акаи Муллошо ба баландии линолеум афтид. Онро хубтар даст-даст карда аз дил гузаронд, ки дар таги он теппачаи дамидаи линолеум носхалтаи уст. Дастафшонда зери лаб гурунгид, ки барои як халтача нос нашояд мехчахоро дигарбора барканад. Ба хар хол ин теппачаро коре карда хамвор кардан даркор, ба худ андешид Муллошо. Муллошо болгаро гирифта махин-махин ба теппача зада онро хамвор кард. Муллошо аз чой бархоста бо пояш макони дамидаро пахш кард ва мутмаин шуд, ки он хамвор гаштааст. Дар ин вакт сохибхона даромад. У бо ду ангушташ аз кунчи носхалта дошта ба Муллошо дароз кард ва гуфт, ки ин халтачаи алафаки сабзатро дар назди тиреза мондаи. Сипас гуфт, ки мушчаи сафедашро намеёбад. Пурсид, ки мабодо дар ин чо нест. Ба кунчхои хона нигариста баромада рафт. Акаи Муллошо ба носхалта ва чои болказада нигариста ба хотир овард, ки урусзанак як мушчаи ромшудаи сафед дошт.





Таджикский «пимпилик»

17 05 2011

Дар навиштахои пештара оварда будам, ки акои Муллошо як марди тануманди коматбаланд асту тори сараш муй надорад. Синнаш тахминан 45-сола. Абрӯвони тунуку паҳн ва биннии дарозаш ба ҳам намегӯянд. Манахи паҳну калонаш ӯро ба боссҳои амрикоӣ монанд мекунад. Баъзе бачаҳои теззабон шӯхиомез ӯро «акаи Шрек» низ ном мебаранд. Аммо ин мард ё каме соддалавҳ аст, ё ба гуфтаи худаш аз Афғонистон бо «кантузия» баргаштааст. Ботинан марди дилсофу дилкушод ва бекина аст.

Рӯзе акои Муллошо моро ба меҳмонй ва палавхӯрй даъват кард. Мӯсо, ки таоми дӯстдоштааш оши палов аст, пеш аз дигарон ва бо шӯуру шодӣ даъватро пазируфт.

Қисса кӯтоҳ, ошро хӯрдему як-ду соат сӯҳбат ҳам кардем. Сипас Мӯсо пастакак аз акаи Муллошо дар куҷо воқеъ будани ҳоҷатхонаро пурсон шуд. Муллошо дар чавоб бо овози баланду хандаомез гуфт:

— Туалет, ҷӯра, дар инҷа нест, ҷӯра. Исто, ки па-балшому ё чӣ хел?
— Э, маленкий, ако Муллошо, маленкий, — ҷавоб дод Мӯсо.

Акои Муллошо манаҳашро хор-хор карда, даст афшонду гуфт:
— Дарди бахайр, ҷӯра… Берун рафта, дар дилхоҳ кунчи девор паррондан гир. Фақат назди дарвоза нарав, ки он ҷо соҳибхона камера мондагиаст.

Баъд аз фурсате Мусо баргашта, дар ҳоле ки худро сабуку сарзинда ҳис мекард, пурсид:

— Акои Муллошо, як чиз пурсам, о, ин чӣ хел бе ҳоҷатхона зистан мешавад? «Па-балшому» бошад куҷо меравед?

Акои Муллошо ин дафъа бо нуки нохуни ангушти хурдаш нозук-нохук тори сараш, он майдончаи мудаввари бемӯйро хорида-хорида гуфт:
— Ман, ҷӯра, хозир худама «настуройка» кардагиям, ки фақат дар ҳоҷатхонаи ҷои кор менишинам. Лекин ин ду ҷиянҳоям дар хона «пакет» намонданд, — инро гуфта, акои Муллошо қоҳ-қоҳ хандида, ба ду бачаи ҷавон, ки ҳамроҳи худ аз Тоҷикистон оварда буд, нигарист. Яке аз онҳо бо табассуми шармолуд «худатон ҳам ҳоло як-як пакет мекобед-ку…» гуфту сар хам кард.

Мӯсоро аз ҳайрат даҳонаш нимкушода шуд. Ба Муллошо нигариста, интизор буд, ки ӯ гӯяд «шӯхӣ кардам, ҷӯра…»

Аммо акои Муллошо гуфт:
— Ин ҷо ҳамин хел, Мӯсоҷон. Ҳар саҳарӣ барои пакети холӣ ҷангу ҷангҷол… Баъд вақти корравй ҳар кас пакети худро сари кӯча бурда, ба қуттии партов мепартоем. Ээ, бовар кунед, пештар дар атрофи ҳамон қуттиҳо бомжҳову сагони дайду бисёр буд. Ҳоло бошад ягонто намондааст , ҳа-ҳа-ҳа…» хандида гуфт акои Муллошо.

— Акои Муллошо, ин хел намешавад. Беҳтар аст аз ин хел ҷои зисти бепул дида, пул дода, хонаеро бо тамоми шароиташ иҷора гиред. Худо нишон надиҳад, агар дар роҳ пулис дорад ва аз пакети дар дастдошта бо шубҳам наркотик пурсон шавад чй мегуед? — пурсид Мӯсо.
Акои Муллошо як лаҳза бо сукут ба Мӯсо нигоҳ карда, сипас ҷавоб дод:
— Номи онро мо байни худамон «груз двести» мондем. Ба пулис бошад мегӯям, ки «эта таджикский пимпилик» ҳа-ҳа-ҳаа…
 Хама механдиданд, вале акои Муллошо баръакс якбора ғамгин гашт ва ба фикр фурӯ рафт…




Аспи този шуда мачрух…

14 05 2011

Инак ман боз дар Русия. Чахор мох пеш, вакте ки ба Точикистон бармегаштам ба кучаю пайрахаву хиебону бинохои баланди инчо бо дил хайрухуш мекардам. Меандешидам, ки ин хамаро дигар харгиз намебинам. Аслан харборе ба Ватан бармегардам, бо нияте меравам, ки рохе ёфта дигар ба мардикори наоям. Аммо хеч имконияти дар Точикистон кор карда зиндагиро пеш бурдана наёфтам. Ахсан ба одамоне, ки дар Ватан ризку рузии худро меёбанд. На, ин хасад не, балки як хайронист ки чи тавр..? Рохашро ёфтаанд. Мо бошем оему равему боз оему равем. Мо — зиёда аз як миллион нафар, нокобилону беаклон, ки рохе наёфтем руй ба мардикорй овардаем. Танхо он мардикороне, ки мешиносам ба хотир меораму дархол нодуруст будани назари худро дарк менамоям. Чунки онхо:
Эшони Нозим-рухонии донишманде, ки фалсафаи дини мубини Исломро ба дарачаи олй медонад. Музаффар — омузгори фанхои дакик, ки хой-хой нагуед конунхои Нютонро нодуруст эълон мекунад. Расул — иктисодчй, ки бо дилхох шахс шартнома баста уро ба лаби дарё ташна бурда, ташна меорад. Диловар — хукукшиносе, ки пулиси аз у хуччатпурсида мисли кудак хандону сархам меравад, Мухаммад — файласуфу адабиётшиноси мо, ки гох аз Хайём мегуяду, гох аз Лоик, ва боз чандин нафарони дигар. Афсус.. Афсус имруз рузест, ки ин мардон наметавонанд барои Ватани хеш, бо касби хеш хизмат кунанд. Барои Ватане, ки ба онхо ниёз дорад. Барои миллате, ки ташнаи онхост. Афсус…