Аспи този шуда мачрух…

14 05 2011

Инак ман боз дар Русия. Чахор мох пеш, вакте ки ба Точикистон бармегаштам ба кучаю пайрахаву хиебону бинохои баланди инчо бо дил хайрухуш мекардам. Меандешидам, ки ин хамаро дигар харгиз намебинам. Аслан харборе ба Ватан бармегардам, бо нияте меравам, ки рохе ёфта дигар ба мардикори наоям. Аммо хеч имконияти дар Точикистон кор карда зиндагиро пеш бурдана наёфтам. Ахсан ба одамоне, ки дар Ватан ризку рузии худро меёбанд. На, ин хасад не, балки як хайронист ки чи тавр..? Рохашро ёфтаанд. Мо бошем оему равему боз оему равем. Мо — зиёда аз як миллион нафар, нокобилону беаклон, ки рохе наёфтем руй ба мардикорй овардаем. Танхо он мардикороне, ки мешиносам ба хотир меораму дархол нодуруст будани назари худро дарк менамоям. Чунки онхо:
Эшони Нозим-рухонии донишманде, ки фалсафаи дини мубини Исломро ба дарачаи олй медонад. Музаффар — омузгори фанхои дакик, ки хой-хой нагуед конунхои Нютонро нодуруст эълон мекунад. Расул — иктисодчй, ки бо дилхох шахс шартнома баста уро ба лаби дарё ташна бурда, ташна меорад. Диловар — хукукшиносе, ки пулиси аз у хуччатпурсида мисли кудак хандону сархам меравад, Мухаммад — файласуфу адабиётшиноси мо, ки гох аз Хайём мегуяду, гох аз Лоик, ва боз чандин нафарони дигар. Афсус.. Афсус имруз рузест, ки ин мардон наметавонанд барои Ватани хеш, бо касби хеш хизмат кунанд. Барои Ватане, ки ба онхо ниёз дорад. Барои миллате, ки ташнаи онхост. Афсус…

Реклама

Действия

Information

6 комментариев

14 05 2011
Салими Аюбзод

Салому дуруд ва бозгашт муборак! Бозгашт ба Русия не, бозгашт ба чахони блогнависони дарачаи аввали Точикистон!

14 05 2011
ilhom

Салом! Ташаккур. Ба гуфти Шумои азиз, ин каламбадасти беморие будааст табобатнашаванда. Харчанд кушидам давое ёбам, вале муваффак нагаштам.
Саломат бошед.

14 05 2011
Фаррух

Илҳоми гиромӣ,
Мутаасифона, мардуми моро айни ҳол рӯзгори сахти муҳоҷират пеш омадааст. Вале ноумед шайтон гуфтаанд. Муаммои асосии давлатдории Осиёи Марказӣ, ин дараҷаи баланди фасод аст. Вале ман боварӣ дорам, ки рӯзе омада давлатдории мардумӣ ҳамтан зафар меёбад ва мову шумо хизмати ватани худ мекунему аз шарбати мевааш мечашем.

17 05 2011
ilhom

Илохо масофа бо он рузро харчи наздиктар намояд.

18 05 2011
Ҷамшед МАЪРУФ

Салом дусти гиромй!
Чун матлаби шуморо хондам, бароям писанд омад. Умед мебандем. ки доир ба проблемахои мухочирон низ дар оянда боз маволи чолиби диккатро хохед навишт.
Ман хам дар навбати худ, барои Шумо торнигори хешро ирсол медорам, то дар оянда мубодидаи афкор намуда бошем (http://jamiktj.wordpress.com/).
Саломат бошед!

19 05 2011
ilhom

Салом Чамшедчон. Хуш омадед ба торнигори камина. «Гурмагас»-и шумо низ хабархои ба гуфти урусхо «коротка и ясно»-и хонданбоб дорад. Пайванде бо он албатта чой хохам кард. Ташаккур барои нома. Муваффакият ба шумо.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: