Таджикский «пимпилик»

17 05 2011

Дар навиштахои пештара оварда будам, ки акои Муллошо як марди тануманди коматбаланд асту тори сараш муй надорад. Синнаш тахминан 45-сола. Абрӯвони тунуку паҳн ва биннии дарозаш ба ҳам намегӯянд. Манахи паҳну калонаш ӯро ба боссҳои амрикоӣ монанд мекунад. Баъзе бачаҳои теззабон шӯхиомез ӯро «акаи Шрек» низ ном мебаранд. Аммо ин мард ё каме соддалавҳ аст, ё ба гуфтаи худаш аз Афғонистон бо «кантузия» баргаштааст. Ботинан марди дилсофу дилкушод ва бекина аст.

Рӯзе акои Муллошо моро ба меҳмонй ва палавхӯрй даъват кард. Мӯсо, ки таоми дӯстдоштааш оши палов аст, пеш аз дигарон ва бо шӯуру шодӣ даъватро пазируфт.

Қисса кӯтоҳ, ошро хӯрдему як-ду соат сӯҳбат ҳам кардем. Сипас Мӯсо пастакак аз акаи Муллошо дар куҷо воқеъ будани ҳоҷатхонаро пурсон шуд. Муллошо дар чавоб бо овози баланду хандаомез гуфт:

— Туалет, ҷӯра, дар инҷа нест, ҷӯра. Исто, ки па-балшому ё чӣ хел?
— Э, маленкий, ако Муллошо, маленкий, — ҷавоб дод Мӯсо.

Акои Муллошо манаҳашро хор-хор карда, даст афшонду гуфт:
— Дарди бахайр, ҷӯра… Берун рафта, дар дилхоҳ кунчи девор паррондан гир. Фақат назди дарвоза нарав, ки он ҷо соҳибхона камера мондагиаст.

Баъд аз фурсате Мусо баргашта, дар ҳоле ки худро сабуку сарзинда ҳис мекард, пурсид:

— Акои Муллошо, як чиз пурсам, о, ин чӣ хел бе ҳоҷатхона зистан мешавад? «Па-балшому» бошад куҷо меравед?

Акои Муллошо ин дафъа бо нуки нохуни ангушти хурдаш нозук-нохук тори сараш, он майдончаи мудаввари бемӯйро хорида-хорида гуфт:
— Ман, ҷӯра, хозир худама «настуройка» кардагиям, ки фақат дар ҳоҷатхонаи ҷои кор менишинам. Лекин ин ду ҷиянҳоям дар хона «пакет» намонданд, — инро гуфта, акои Муллошо қоҳ-қоҳ хандида, ба ду бачаи ҷавон, ки ҳамроҳи худ аз Тоҷикистон оварда буд, нигарист. Яке аз онҳо бо табассуми шармолуд «худатон ҳам ҳоло як-як пакет мекобед-ку…» гуфту сар хам кард.

Мӯсоро аз ҳайрат даҳонаш нимкушода шуд. Ба Муллошо нигариста, интизор буд, ки ӯ гӯяд «шӯхӣ кардам, ҷӯра…»

Аммо акои Муллошо гуфт:
— Ин ҷо ҳамин хел, Мӯсоҷон. Ҳар саҳарӣ барои пакети холӣ ҷангу ҷангҷол… Баъд вақти корравй ҳар кас пакети худро сари кӯча бурда, ба қуттии партов мепартоем. Ээ, бовар кунед, пештар дар атрофи ҳамон қуттиҳо бомжҳову сагони дайду бисёр буд. Ҳоло бошад ягонто намондааст , ҳа-ҳа-ҳа…» хандида гуфт акои Муллошо.

— Акои Муллошо, ин хел намешавад. Беҳтар аст аз ин хел ҷои зисти бепул дида, пул дода, хонаеро бо тамоми шароиташ иҷора гиред. Худо нишон надиҳад, агар дар роҳ пулис дорад ва аз пакети дар дастдошта бо шубҳам наркотик пурсон шавад чй мегуед? — пурсид Мӯсо.
Акои Муллошо як лаҳза бо сукут ба Мӯсо нигоҳ карда, сипас ҷавоб дод:
— Номи онро мо байни худамон «груз двести» мондем. Ба пулис бошад мегӯям, ки «эта таджикский пимпилик» ҳа-ҳа-ҳаа…
 Хама механдиданд, вале акои Муллошо баръакс якбора ғамгин гашт ва ба фикр фурӯ рафт…
Реклама