Рузи Чумъа — рузи истирохат.

4 06 2011

Рости гап аз дасти ин миёнаравхо хама мардикорони одй чон ба лаб омадаанд. Беинсофона кариб нисфи маблагро ба киса мезананд. Байни худ мухокима карда, афсус мехурдем, ки касе аз болои онхо назорат намебарад. На хукумати Точикистон ва на Русия.
Аммо гул бе хор, аниктараш хор гул хам доштааст. Садриддин зиёда аз 11 сол аст, ки миёнаравй карда, аз фирмахо корхои калон гирифта бачахои точикро бо кор таъмин менамояд. Маблаги мегирифтааш хамагй дах фоиз аз хисоби умумист. У то хадди имкон кушиш менамояд, ки хукуки мардикорони точик риоя шавад. Ачоибаш он ки аввал бо коргарон сухбат ороста, мутмаин мешавад, ки у точик аст. Хисси миллиаш хеле баланд аст. Ду халкиятро чашми дидан надорад. Инхо арманихо ва узбакхоанд.
Усули дигари корбариаш он аст, ки калонхои фирмаи урусхоро ба он одат намудааст, ки барои точикон рузи истирохат, рузи чумъа эълон шудааст. Дар ин руз хама коргаронаш ба масчиди шахрй мераванд. Рузи якшанбе бошад кор мекунанд. Сохибони кор заррае зиддият нишон намедиханд. Баръакс ба ин амал эхтиром мегузоранд, ки ин гурухи намозхон шаробнушй намекунанд ва сифату суръати кори онхо аз хама бехтар аст.
Шукри Худованд, ки дар инчо акаи Садриддинро макомот гаранг намекунад. Вале агар дар ватани худ рузи Чумъаро рузи истирохат эълон намояд, соате пас уро ба хабс гирифта, бо чурми салафй ё хизбу тахрир зиндони хоханд кард.

Реклама

Действия

Information

3 комментария

7 06 2011
Фаррух

Ба фикри шумо, ин мардак аз одамгарӣ рафтор мекунад вақте ки чашми дидани ду халқиятро надорад? Ғурури миллӣ ин аз паст задани халқиятҳои дигар набуда, балки аз дороии худ ва аз эҳтиром ба ҷо гузошта тавонистан нисбати дигар миллатҳо мебошад.

25 03 2012
Хуршед

Касе ки набошад хатто фикр ва рафтор менамояд. Умуман хар нафар дар чашми хештан бояд инсонро бубинад на миллатро … ки аст, ки дар кирдору рафтори хамаи миллатхо баъдан нисбати якдигар пайдо мешавад …

26 03 2012
Ilhom

Бародарони гиромй, Фаррух ва Хуршед, бо шумоён хамнавоям. Шояд у ягон вакт аз нафаре намояндаи ин ё он миллат сахт ранчидааст. Ба хар хол аз барои як нафар шуда ба як миллат нафрат доштан нодуруст аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: