Саросема нашавем ё шоши накунем?

5 06 2011

То кадом андоза лахчаю шеваи як нохия аз нохияи дигар, хатто як деха аз дехаи дигар фарк дорад. Дируз Хуршед, аз як нохия, ба Мусо аз нохияи дигар маслихат дод, «Мусо, хайр агар шароити шустушуй набошад, як сатил об гирифта дар ЛАГАНД оббозй намоед…». Акаи Муллошо хайрон-хайрон гох ба Мусо менигаристу гох ба Хуршед. Дид, ки дар чехраи Мусои хамшахриаш хайроние набуд, як табассуми зиракона карда ором гашт. Баробари Мусоро танхо дарёфтанаш пич-пичкунон бо овози паст ба у гуфт, «Мусо, ин мардум дар лаганд чи хел оббозй мекунанд?» Мусо хандида гуфт, ки онхо лаганд гуфта, зарфи таомхурй нею тагораро дар назар доранд. Кор то чое расид, ки хар кадом дуруст будани маънои лагандро шарх медод. Ахиран бахсро ба гурухи «Забони порсй»-и Facebook кашидем http://www.facebook.com ва нихоят оташи бахс хомуш гашт. ))

Хафтаи гузашта бошад, чумлаи «шоша накун» сари забонхо буд. Яке онро чун «саросема нашав» мефахмиду дигаре амали шиканандаи тахорат. «Ман шоша кардам» гуфта ба хам хазл мекарданд..

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: