ОЗМУН!

29 07 2011

Озмун бахшида ба 20-умин солгарди истиклолияти Точикистон.
Ба диккати шеърдустону шоирону шоиртаъбон! Ба хотири вахдату ягонагии точикону точикистониён мо як гурух мухочирон тасмим гирифтем озмун эълон намоем. Вакти он расида, ки хамаи точикистониён атрофи якдигар муттахид гашта, хусусан дар мухочират дар химояти хамдигар бошем. Чи шимоливу, чи чанубй бо дидани чехра ва шунидани забони ширини порсй огуш ба хам кушоем ва аз шодиву гами хамдигар бохабар шавем. Танхо вахдату муттахидй метавонад муште пурзур болой душманони мо гардад ва обрую эътибори моро баланд бардорад.

Шарти озмун:
Навиштани шеъре, ки оммафахм буда, ба вахдату муттахидй хидоят намояд. Дар шеър хатман номи якчанд нохияхо ё вилоятхои Точикистон оварда шуда бошад (масалан: душанбегй, хисорй, хучандй, хоругй, ванчй, истаравшанй, помирй, масчохй, кулобй ва гайра..) Баробари навиштани шеър шинаму гуворо сурудани он ба назар гирифта шавад. Бехтаринхоро дар гурухи «Блогнависони точик»- и рухнамо (фейсбук) бо овоздихй ва андешахои донишмандон интихоб хохем кард.

Барои чои якум мукофоти пулй 300 сомонй.

Барои чои дуввум мукофоти пулй 200 сомонй.

Барои чои саввум мукофоти пулй 100 сомонй.

Чамъбасти озмун санаи 7-9-уми сентябри соли 2011. Пас аз интихоби шеърхои бехтарин навбати озмун ба баоханг даровардан ва ба тарзи рэп сурудани он дода мешавад. Интизори шеърхои таъсирбахшу оммафахми шумо!

mardikornoma@rambler.ru

Реклама




Латтукуби як мухочир (видео)

28 07 2011


Бубинед ин урусбачахои тарсуи номард, ин мухочирро чи тавр латтукуб мекунанд.

Бечора аз ширинии чон тавалло мекунад, ки уро назананд. Хатто гуфтан мехохад, ки у точик нест. Шояд аз точик таввалуд шуданаш пушаймон аст? Офарин, ки дар баробари ин номардону ноодамон истодагарй карда, дар фармони «на каление!» сар нафуровардиву таъзим накардй! Офарин! Ай хамватан ин рузхо аз сари бисёр мухочирон гузаштааст. Инчо танхо фарк дар он аст, ки ин латтукубро ба навор гирифтаанд. Аммо ту хомуш наист! Агар онхоро шиносй хатман аз паи касос шав. Касос бо рохи конунй. Пас аз ин ба кори вазнини мардикорй нигох накарда аз паи обу тоби бадан бош. Варзиш ба кас боварй ба худ медихад.
Ку он журналистони бочуръати телевизионхои Точикистон? Ба чои раксу бозию тую сур боре аз мухочирон низ ёд кунед! «Сафина»-ву «ТВТ» нишон дихед ба мардум ин вахшигарии миллати урусро! Бигзор хама точикистониён бидонанд, ки Русия чунин «давлати дусту бародар» аст! Бигзор хотима бахшанд ба ин урусдустдориву уруспарастй! Бисёрихо то хануз хам эътимод доранд ба ин давлати нажодпарастон ва эхтиром мегузоранд ба ин забону ба ин миллат. Бигзор донанд, ки вокеан Русия сазовори эътимоду эхтиром хаст ё на…





Муллошо — пайкараи муҳоҷири тоҷик

20 07 2011

— … чуноне мегӯянд, ангушташро бибурӣ ҳам хун нахохад омад. Ин гапро дар васфи шумо гуфтаанд, акаи Муллошо, — гуфта, Мӯсо, ки даст ба пушт аз ин тарафи хона ба он тарафи хона қадам зада, нигоҳаш гоҳ ба ин тирезаву, гоҳ ба он тиреза бармехӯрд.

— Ҳа, боз «Ҳотами той» гуфтаанд, «Муллошои той» нагуфтаанд. «Мӯсои той» мегуфтаанд ҳам мешудааст. — Чашм аз маҷаллаи пур аз суратҳои ранга наканда, ғурунгос зад Муллошо.

— Хайр, дар ҳамин фолат кӯмак накунед, пас шумо чӣ хелӣ ҳамшаҳрӣ ҳастед? Ман аз ҳар касу нокас қарз намепурсам ку. Дилам кашиду аз шумо пурсидам. Агар медонистам, ки шумо ин кадар хасис ҳастеду суханам мешиканад…

— Эээ, Мӯсоҷон, надорам! Мефаҳмӣ? Агар бошад, наход надиҳам? Дар кисаам дусад сӯм мондааст, ки сад сӯмашро дар телефон мегузорам, — ба кадоме аз суратҳои ранга нигоҳ фурӯ бурда, сар набардошта, сухани Мӯсоро бурида, гуфт Муллошо.

— Чӣ хел надоред? Дирӯзакак Валерий Андреевич ҳаққи корро дода буд-ку, — аз қадамзании беҳуда бозистода, рост ба акои Муллоши нигариста, гуфт Мӯсо.

— Панҷсад сӯмашро нигоҳ дошта, як ҳазорашро зуд ба хона фиристодам, — сар аз маҷалла  бардошта гуфт Муллошо ва ангушти ишоратиашро ба лабаш тар карда, сафҳаи дигарро боз кард. Мӯсо бо чеҳраи пур аз ифодаи ҳайрат болои сари Муллошо хам шуда, бо овози каме пасттар пурсид:

— Ҳамон ҳазор сумакро бо банк фиристодед? Шарм доред-е…

Муллошо сар набардошта, маҷалларо тамошо мекард. Дар саҳифаи нави маҷалла акси рангаи духтари нимбараҳнаро дида, маҷалларо тарафи Мӯсо гардонд ва ба акс ишора карда, гуфт:

— Нигар, Мусо, чи хел зур аст… Ман, Мӯсоҷон, аз тамошои ҳамин маҷаллаҳо чашмонамро об медихам, мисли ту аз пайи зиндаҳояш намедавам ва ба сари пулҳоям об намерезам. Ҳазор сум он тараф истад, боре панҷсад сум ҳам фиристода будам. Барои чӣ шарм медорам? Он вақт шарм хоҳам дошт, ки бачаҳоям дар Тоҷикистон гурусна монанд. Ман дар ин ҷо ягон зарра парвои худам надорам. То охирин тангаи кисаамро ба ватан хоҳам фиристод. Ба ту ҳам насиҳат ҳамин, ки аз паси духтарҳо камтар давида… — дар ин пайти сухан Мӯсо, ки тобу тоқати насиҳатҳои Муллошоро надошт, даст афшонда, баланд хитобид:

— Офарин, офариннн! Дирӯз дар куҷое хондам, ки ҳайкали муҳоҷири мехнатиро гузоштанианд, барои ба ватани қашшоқ пулфиристиаш. Ба онҳо пешниход хоҳам кард, ки ҳайкали шуморо гузоранд. Касеро, ки якпаҳлз задаву маҷаллаҳои эротикӣ тамошо мекунад… — Мӯсо инро гуфт ва аз хона бадар шуд.

Муллошо аз паси ӯ бо завқ хандида гуфт: — Бигу «мастерок»-и лойзаниамро фаромӯш накунанд…





Муллошо ва «лимузин»

11 07 2011

Дар мулки бегона, дар диёри мусофирй, дар сарзамини ғурбат, вохӯрдани ягон чеҳраи шиносу ошнои ҳаммиллат, ба кас чунон шодию фараҳу хушнудие мебахшад, ки ба гуфтани он калима намеёбӣ. Ин хурсандӣ баробари дидани симои ошно тамоми вуҷудатро фаро мегирад. Шояд барои он кас ҳам айни ҳамин гуна ҳиссиёт даст медиҳад, ки оғӯш кушода ба истикболи ҳам меоем. Мисли фарзадони як падару модар ҳамдигарро ба канор мегирем. Гӯё ҳамдигарро таскин мебахшем, ки дарди моро дардмоне ҳаст ва гӯё аломат медиҳад, ки ғамгин набошем, зеро дар шаҳри ғурбат танҳо нестем…

Тақрибан бо ҳамин радда эҳсосу андеша Мӯсо дар истгоҳ бо ҳамшаҳриаш Субҳон вомехӯрад. Пас аз ҳолпурсию ёдкарди ёру дӯсти муштарак Субҳону Мӯсо шумораҳои телефони худро ба якдигар дода, боз як бору бори дигар хурсандии худро аз мулоқот баён дошта, сипас аз кору бори ҳаминлаҳзаинаи ҳамдигар пурсон мешаванд.

Субҳон: «Мӯсо, ту автобуси чандро интизорӣ?»
Мӯсо:  «Эээ, напурс…  Ман акаи Муллошоро интизорам. Бо ҳам дар як автобус меомадем. Он кас пеш аз нишастан ба автобус нос кашиданд. Пас аз 5-6 истгох чашмонашон калон-калону манаҳашон кашол шуд. Як дахон пур аз нос ҷои туфкунӣ наёфтанд. Дар истгоҳи «Хлебзавод» аз автобус фуромаданд. Якчанд маротиба аст, ки ҳамин хел мекунанд. Дафъаи гузашта, тавонистанд, ки тез фуромада туф карда, зуд ба ҳамон автобус дароянд. Вале ин дафъа нашуд…

Ҳарду, ҳам Субҳон ва ҳам Мӯсо, бо завк хандиданд.

Субҳон: «Исто ки, кадом Муллошо? «Ленин» ё «лимузин»?
Мӯсо:  «Мулошои кабкбоз…»
Субҳон: «Ҳа, «Лимузин» охир. Лақаби наваш ҳамин хел аст.»
Мӯсо: «Аз кай боз ба он кас лақаби нав додаед?»
Субҳон:  «Пас аз он ки аз фурудгохи Домодедови Маскав баромада, нофаҳмида аз байни таксиҳо лимузинро киро карда то Люберсӣ мераванд. Ҳа-ҳа-ҳаа…  Аз бачаҳо қарз ҷамъ карда, базӯр ҳаққи таксиро додаанд. Сипас ду моҳ кор карда, пули бачахоро баргардонанд. Ҳа ҳа хаа…  Ҳоло ҳам як-як худашон мегӯянд, ки аз Тоҷикистон то Маскав бо ҳафт ҳазор расидаму аз айрапорт то Люберс дар дувоздаҳ ҳазор… Ҳа ҳа ҳа…»

Баъдаш ҳарду сукут карданд. Шояд дар сари ҳарду як андеша мегашт. Агар одамоне монанди акаи Муллошо намебуданд, муҳоҷирату ғурбат хеле сахттару сангинтар аз ончӣ ҳоло ҳаст мегузашт. Пас аз мулоқот бо ҳамдиёрон ҳама кас шоду хурсанд мешавад, аммо аз шунидани достонҳои акои Муллошо ин хурсандию сабукӣ садчанд бештар мешавад. Ин гуна одамон кайҳо ба фолклори мо, муҳоҷирони тоҷик табдил ёфтаанд.

Дар ин байн акои Муллошо ҳам ба истгоҳ баргашт ва Субҳонро дида, шод шуду оғӯш ба оғӯш бо ӯ саломалек кард.

Субҳон: «Ҳа, акои Муллошо, Мӯсои бечораро ин ҷо танҳо монда, куҷо рафтед, мегӯяд, аз интизори раги пояш хушк шудааст.

Муллошо: «Ҳе, ҷӯра, дар ҳамин атроф як шиноси киргиз дорам. Гуфтам, айб мешавад, аз ҳамин ҷо гузараму ба вай як саломалек накарда равам. Бисёр не, 5-6 дақиқа шуд.»

Дар ҳоле ки Мӯсо сустак-сустак механдид, Субҳон пурсид:

— Пас чаро ако Мӯсоро набурдед, дар ҳамин ҷо ягон шапкадор ё сартарошида ин каса зада маъюб мекард, чӣ мешуд?

Муллошо: «Вай Мӯсоро нағз намебинад, ҳамин ки дид, настраенияш чаппагардон мешавад…»

Вақте ҳуши Субҳон ба автобусе, ки ба истгоҳ наздик мешуд банд гашт, Муллошо ба Мӯсо чашмак зада гуфт:

— Паъат, аз ҳамин ҷо то ҳуу вай ялангира рафтам, дилам нашуд, ҳама ҷо ин қадар тоза буд ва ягон мусорка ҳам набуд…

Мусо: «Акои Муллошо, ҳаққи Шумо ба автобус рафтуомад кардан не, ҳаққи Шумо ин ки фақат дар «лимузин» рафта оед.» «Э, хуше…» — баланд шуд садои Муллошо дар ҳоле ки ҳарсе акнун ба автобус боло мешуданд.





Мардикорон, аз чайби худ бохабар бошед…

7 07 2011

Иваз намудани чои кор сабаб мегардад, ки бо нафарони нав ба нав шинос шуда, аз саргузашти хандаовар ва ё гамангези онхо бохабар мешавам. Рузи дуввум аст, ки борон беист меборад. Хама дар интизори бозмондани борон дар хаймачае нишастаем. Садои мусикй низ ба гушхо дигар намефорад. Онро хомуш намуда, ҳар яке порчае аз ҳаёти худро дар Русия нақл мекард. Дилшод ном ҷавоне аз ноҳияи Ваҳдат бо нақли худ ҳамаро ба завқ овард.

Солхои 2006-2007, дар даврони президентии Путин у пас аз хатми факултаи хукукшиносй дар Точикистон кор намеёбад ва руй ба мардикорй меорад. Дар Маскав боре уро пулис дар рох боздошта, бо хар бахона мехоханд пул ситонанд. Аммо Дилшод ба онхо пора надода, баръакс хукукдонй мекунад, ки интизори пул нашаванд. Як тин хам намедихад ва агар хоханд уро ба шуъба баранд. Пулисхо кисахои уро кофтукоб намуда, сипас уро ба шуъба мебаранд.

Дар роҳ то шуъба Дилшод охиста кисахояшро мекобад ва дар яке аз онхо як дона тири мусалсали калашникуф меёбад. Охиста онро зери колинчаи мошин пинхон менамояд. Бо расидан ба шуъба уро назди сардор бурда такозо мекунанд, ки хар чизе дар кисааш хаст руи миз гузорад. Дилшод кисахояшро руи миз холй менамояд. Пулисхо тамоми кисахои уро мекобанд. Далелу сабабе барои боздошти у намеёбанд. Маҷбур мешаванд, ки уро рахо кунанд.

Дар назди даромадгохи шуъба яке аз пулисхо мепурсад, ки тирро кучо кард? Дилшод бошад, худро ба нодонӣ зада, роҳи худро идома медиҳад…

Саргузашти Дилшодро шунида, ба хотирам як дустам Искандар омад. Фарк танхо дар он буд, ки Дилшод ҳушёрӣ кард ва дар доми пулис наафтид, вале Искандар бо дастони худ халтачаи маводи мухаддирро аз кисааш бароварда, руи мизи сардори пулис гузошт. Хама дустон якчоя базур шаш хазор доллар пора дода уро рахонидем…