Порае аз ашъори Сонй

31 08 2011

Касалмусалмонем?

Гарчи мо сар ба сар мусалмонем, Рахрави навсафармусалмонем,
Дар алифбои куи имонем, Гаштаи гаркичармусалмонем.
Гах нигах афкани ба чашми дил, Неку бигар: башармусалмонем. Пешвомон, ки «Мухтасар»-хон аст,
Мардуми мухтасармусалмонем. Нафсамон беш аз ин ба мо гуяд:
Мо хаме пухтагармусалмонем.
Гаркаи ширку ташнаи бидъат, Шабгарони камармусалмонем.
Даври хоки мазор мечархем, Мурдапарварнафармусалмонем.
Ай салаф ,зан табар ба бидъатмон, Мо, ки ахли табармусалмонем.
Душмани дин азизи мост,аммо, Мушт бархамдигармусалмонем.
Соя афканда бахри хам аз шарр, Хамчаворони шармусалмонем.
Дар Урупо адуи Хак моро, Хачв созад: батармусалмонем.
Расми поки расул ихонат гашт,
Мо чаро хап? Магар мусалмонем.?! Аз сахар то ба шаб ба гап андар,
Гуйи шаб то сахар мусалмонем.
Ё зи сар то камар баимонем,
Ё зи по то камар мусалмонем. Не гами даъвати башар дар сар,
Не хаво аз Хабар* мусалмонем. Зухдамон шуд ба мох андоза, Гах рачаб, гах сафармусалмонем.
Не ба тан сурати мусалмонй , Сирате чун? Назармусалмонем.
Муфтй дар сатр дод фатво муфт,
«Дар малобис дигармусалмонем.»
Хам вакилон бигуфта: хамдуллах, «Шасту се нафар — мусалмонем.» Рагми Хак рой додаву гуянд: «Мо хама муътабармусалмонем». Иштиёке ба илму суннат ку? Андар исму шумар: мусалмононем. Дар риё гутавармусалмонем,
Пас хабар шав: хатармусалмонем.
Сонй, худ баъд аз ин хамефармо: Ахлаке гунгукармусалмонем.
—————

* Хабар-Киёмат

(Сонй)





Рамазон си руз мехмони ман аст!

1 08 2011

Инак мохи махфирату ибодат, мохи шарифи Рамазон хам бозомад. Мохи чанг бо нафс. Мохи шикастани нафс. Мохи тозашавии чисмонию рухй. Мохи пархез. Мохи нузули Куръон. Азизтарин мох назди парвардигор ба хамаи мусулмонони дунё муборак бошад.
Дар ин рузхои мохи шариф ба мухочирй нигох накарда, дар зикру ёди Худо бошем.
Барои маълумот гирифтан оиди рузаву намоз, ахкоми шариат ва мутолиаи панду насихатхои гаронбахо метавонед ба сомонаи интернетии хонадони бузурги кишварамон, Оли Турачон ворид шавед. Ё аз сомонаи бузургвор, Сайидюнуси Истаравшани, «Кимиёи саодат» дидан намоед. Тули ин мох мешавад аз ин сомонахо, сомонаи «Точикон» ва боз чанде дигар бахравар гашта, дониши исломии худро таквият бахшем. Илохо Худованд ин бузургони олами Исломро дар панохаш нигах дораду мусулмонони кишварро хаминтур ба рохи Хакк хидоят намоянд.