Муллошо «посредникро» «чуб зад»

30 09 2011

Нихоят Мусою Муллошо аз ухдаи сафолтахтазанй набаромаданд ва ба сохибхона «Завтра с утра начнём..» гуфта рохи гурез пеш гирифтанд. Дар рох то хона акои Муллошо аз руи одат гаштаю баргашта богурур мегуфт «Хайр Мусочон, ман аз хамон аввал гуфта будам-а, ки ин кори зику дилгир барои ману ту не..».
Мусо хандиду зери лаб гурунгид «..Гарбатово магила исправит..»
— Рост гуфти Мусочон, ин сафолтахтазанй одама «гарбатй» карда мекушад.. — сухани Мусоро бурида гуфт Муллошо.

Аз байн ду руз гузашт. Мусо аз тарс телефони дастиашро хомуш нигах медошт. Чунки бо ба кор андохтани он паихам паёмак(sms) меомад, ки хучаини сафолтахтахо фалон маротиба занг задааст.
Харду тули ин ду руз аз бекорй зик шуда буданд.

Нихоят рузи сеюм Мусо телефонашро ба кор андохту дигар паёмаке наомад. У зуд ба миёнаравхои (посредник) шинос занг зада аз кор пурсон шуд. Яке аз онхо чавоби мусбат дод, ки кор хаст ва пагох ба фалон чой раванд.

Рузи дигар бо миёнарав вохурда маслихати корро пазониданд. Як биноро аз берунаш андова кардан даркор буд. Нархи як метри квадрат андоваро 80 сумй гапзанон карданд.

Мусою Муллошо корро сар карданд. Миёнарав таъкид кард, ки бо сохибхона умуман дар ягон бора сухбат накунанд ва у одами ганда аст.

Сохибхона як марди такрибан 50 сола камгап ва чиддй менамуд. Абрувони поёнхамидааш чехраи уро бадкахр нишон медод.

Миёнарав бо онхо хайрухуш карда рафт ва илова кард ки пагох меояд.

Он руз то бегох сохибхона сари андовачиёнро гаранг кард. Мусо гохо асабонй шуда бо забони точикй дашном медод, «Очаи ира ов бара, барои хамин 80 сум мекушад мара?!».

Ба сохибхона андова бо сифати аъло лозим буд. Бинобар ин гаштаю баргашта андоваи онхоро тафтиш мекард.

Сохибхона асабй шудани Мусоро пай бурда гуфт:
— Ребята, вы не нервничайте пожалуйста. У вас не плохо получается, но вы меня тоже поймите. Я плачу большие денги. Вот и требую качеству.
Инро гуфта ба дохили бино рафт. Мусо дили нохохам ба девор лой мезад ва гуд-гуд мекард, ки талаботи сифат ба нарх дуруст намеояд.
Муллошо, ки кораш факат лойкашонй буд таъкид кард, ки фардо бо миёнарав аз нав гап хоханд зад ва нархро каме боло хоханд бурд.

Сатили лойи назди Мусо буда холй шуд ва «лой!»-гуён фарёд кард то Муллошо ба у лой орад. Аммо аз Муллошо дарак набуд. Инсу кофт, онсу кофт Муллошоро наёфт. «Ин мардак ба кучо гайб зад-а?» гурунгос зад Мусо.
(давом дорад)

Реклама




Бардорад зам, набардорад хам зам..

26 09 2011

Дируз барои як дустам, ки азми сафар ба Ватан дорад чиптаи хавопаймо харидем.
Нархи чипта моро ба хайрат овард. Нархи хамаи самтхои Точикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Киргизистонро пурсучу кардем. Аз хама чиптаи гарон самти Точикистон буд. Чипта ба шахри Хучанд, ки мохе пеш 8 хазор рубли руси нарх дошт, имруз 14 хазор буд. Ба Душанбе 10 хазор, ки ин хам нисбати дигар чумхурихо гарон аст. Масалан ба шахри Оши Киргизистон 6 хазор рубл, Бишкек 5 хазор, Тошканд 7 хазор.
Ба суол чаро чипта ба самти Точикистон ин кадар гарон аст, чиптафуруш китф дархам заду гуфт, ки фикр намекунам ин гароншави ба нархи сузишворй ё курби доллар рабте дошта бошад ва сабаб шояд аз афзоиши талабот бошад..
Ба хона омада харитаро боз кардам. Фикр кардам, ки наход Точикистон ин кадар дур бошад.
Ё шояд самти Точикистон «падём» бошаду хавопаймо сузишворй бештар мехурад?

Ана гамхории дастандаркорони мо нисбати шахрвандони мухочири худ. Наход то ин дарача Точикистон бесохиб монда бошад, ки нарххо беназоратанд? Дар дасти кист ресмони нархи чиптахои хавопаймо? «Бардорад зам кун..» гуфта, мардумро горат накунед, эй мусулмонон. Ин мухочири бечора бардоштан мегирад, вале зам кардан хам худуде дорад ё на?
Чй мешавад, ки ба самтхои шахрхои Тюмен, Новосибирис, Краснаяр ва Иркаутск хатсайри катора боз намоянд, то мардум интихоби васеъи равуой дошта бошад. Аз дигар чумхурихои хамсоя ибрат гиред. Онхо хеле гамхоранд нисбати шахрвандони худ.





«Гуфта будамо..?»

26 09 2011

Як нӯги риштаро Муллошо дошта, нӯги дигари он дар кунчи манзил ба мех баста шудааст. Бо ишораи дасти Мусо акаи Муллошо риштаро ба чап ё баръакс мебарад. Мусо бо зону нишаста хам шудааст ва баногушаш кариб аст ба фарши чангу хоколуд расад. У ба тагу болои ришта назар меафканад ва донае аз сафолтахтаро (кафель) ки дар даст дорад бо эҳтиёт ва маҳин бо самти ришта дуруст мепайвандад. Гох каме ба пеш, гох баръакс. Ва аз чой бархоста ба тарафи мукобил меравад ва ба рост будани он мутмаин мешавад. Дар фикри нозукихои сохтмон ва аник кардани хатти дуруст, Мусо асабй мешавад.

Акаи Муллошо аз Мусо зиёда аз дах сол калон бошад хам, аммо нозукихои сохтмонро на онкадар сарфахм меравад. Ё дигархелтар гуем усто нест. Вале дар гапдонй акаи Муллошо ҳаргиз паст намеояд. Ҷумлаи нагзмедидагитарини Муллошо «Ха? Ман дар вакташ гуфта будамо…» аст ва ин хамзамон ба чумлаи бадмедидагитарини Мусо мубаддал гаштааст.

Муллошо ин чумларо замоне ба забон меорад, ки ноомади кор дар миён афтад. Бо гуфтани ин чумла акаи Муллошо чунон халоват мебарад, ки гуё дар куртааш намегунчад. Ва ҳамин чумла вактхои охир чун ханчаре шудааст, ки гуиё синаи Мусоро шикофта аз тори сараш мебарояд.

— Мусочон, бехтараш сафолтахтаро аз ин кунч огоз карда буру чурро ба он кунч гузор. Ё ки хисоб карда пораи баробар дар ду кунч гузор.. — нуги ришта дар даст ба маслихатдихй огоз кард акаи Муллошо.
— Хуб, хуб. — ба сухани Муллошо ахамияте надода посух дод Мусо дар холе, ки масофа аз ришта то деворро чен карда, сафолтахтаро ба ришта наздик меовард. Аслаш ин кор, яъне часпондани сафол барои ҳарду ҳам як кори нав буд. Хишт чида буданд, андова ҳам кардаанд, мум об кардаву ба боми гараж ҳам рехтаанд, ҳатто дуредгарй карда, дару тиреза ҳам сохта буданд, аммо бори аввал буд, ки сафол мечаспонданд. Соҳиби хона ҳам бисёр одами нуктагир. «Крахабор», ба гуфтаи Мусо. Ангушташро ба куни ҳар сафолтахта мекарду месанҷид, ки маҳкам часп хӯрдааст ё не. Талаб мекард, ки нақши ҳар тахтача бо ҳам гиреҳ хӯрад, пайванд шавад.

Крахабори-да ку, кархабор, мегуфт Муллошо, лекин пули нағз ваъда карда буд ва ҳеҷ кас намехост, ки н пула аз даст диҳад. Тавонад ё натавонад, аслан муҳим нест.
Муллошо шояд ин беахамиятй ба суханхои худро хис кард ва гуфт
— Хайр худат бин-да Мусо. Баъд боз нагуй, ки ман нагуфта будам..

Мусо, лахзае ба Муллошо нигариста, баъд сафолтахтаи дар даст доштаро ба хаво бардошту бо шаст ба замин зад ва зери лаб ғуд-ғудкунон баромада рафт…

Акаи Муллошо ришта дар даст лахзае хомуш ба даре, ки аз он Мусо баромада рафт нигох карда, сипас ба сафолтахтаи шикаста нигариста сарчунбонд ва пастакак зери лаб гурунгид, «ана, ман гуфта будам..»…





Нафакаи Муллошоро кй медихад?

10 09 2011

Зиёда аз бист дар сади мардикорони Русия точикистониёнанд. Мувофики санадхои хадамоти мухочирати вилояти Маскав, танхо дар нимсолаи гузашта 247 миллион рубли руси аз хисоби патенти мухочирон ба хазинаи Русия ворид шудааст. Ин танхо дар як вилояти Маскав ва танхо маблаги патент!
Дар тамоми Русия ин хисоб шояд аз як миллиард рубл хам гузарад.
Шахрванди Точикистон пас аз он ки вориди Русия шуд, бояд дар давоми се руз санади бакайдгириро (регистратсия) ба даст орад. Ва агар дер кард, мачбур аст аз 2 то 5 хазор рубл чарима супорад. Дар хамин хол шахрвандони чандин чумхурихои ИДМ хукуки 30 руз бе ягонхел бакайдгирй гашту гузор намоянд ва онхо аз гирифтани ичозатномаи кор озоданд.
Мардикори мо бо гирифтани «патент» (ичозатномаи кор дар сохтмону коргоххои шахсй) мохе як хазор рубл андоз месупорад.
Бо гирифтани ичозатномаи кор (разрешение на работу) аз даромади у си фоиз андоз гирифта мешавад.
Ба хисоби миёна сар аз соли 1995 то ба хол мухочирати мехнатии шахрвандони мо идома дорад. Чандин вохурихои раисони чумхур паси сар шуд. Аммо касе аз хукуку бехбуди шароити мардикорони мо химоят намекунад.
Чаро мардикоре, ки собикаи кории дах понздах сол дорад дар Точикистон бо ягон рохе кадрдонй намешавад?

Акои Муллошо ин ракаму санадхоро шунида, сар хам намуда ба фикр афтод. Ва сар боло карду гуфт, «Ман зиёда аз 15 сол аст, ки собикаи кории мардикорй дорам. Аммо вакте ки ба нафака баромадам, нафакаамро ки ва чанд медихад?
Дар даврахои шуравй ибораи «Собикадори мехнат» буд ва онхо бо медалу орден хам сарфароз мегаштанд. Сарам ба осмон мерасид, аккалан, агар рузе дар Точикистон ба магозае медаромадаму ногох чашмам ба навиштачоте бармехурд
«Хидматрасонй ба мухочирони мехнатии собикадор, БЕНАВБАТ!!!». Вале бо ин курсинишинхои мо чунин навиштачотро дар дарвозаи кабристон мебинй… »





Натичаи озмун

9 09 2011

Дар озмуни эълонкардаи торнигори «Мардикорнома» хамаги як нафар ширкат намуда чунин шеъре тозаэчод фиристод, ки инчо мегузорам. Ва бе чуну чаро чои аввалро ба Сонй насиб медонем. Табрик!

ВАТАН ТОЧИКИСТОН, ВАТАН ЗИНДА БОД!
БА НОМИ ХУДОЕ, КИ ЧОН ОФАРИД,
ЗАМИНУ САМОЮ ЗАМОН ОФАРИД .
ЗИ РАФТОРУ ПИНДОРУ ХАРФИ НАКУ
ШУКУХИ БАНИ ОРИЁН ОФАРИД
БУВАД МИЛЛАТИ ТОЧИК ОРИНАЖОД,
ХУДО БИДХАД УРО ЗИ САХТИ НАЧОТ
БАДАХШОНУ ХАТЛОНУ РАШТУ ХИСОР
ХУЧАНДУ ФАРОГОНАИ ФАЙЗБОР,
БУХОРУ САМАРКАНДИ ХАЙРОНИ МО,
ШУДА МАНБАИ РУХУ АРМОНИ МО.
ЗИХИ ТОЧИКИСТОНИ ОЗОДИ МО
ДИЁРИ АЗИЗУ ХУДОДОДИ МО.
ХАМА ХАМДИЁРОНИ ЯКЧАВХАРЕМ
БА МАЪНИ ХАМА УЗВИ ХАМДИГАРЕМ
АЗ ИН РУ ХАМА ШАХРВАНДИ ВАТАН
БА ВАХДАТ ШУДА ХАМЧУ ЯК ЧОНУ ТАН
БАРОРЕМ АЗ ЯК ГИРЕБОН САРЕ
ГИРИФТА ХАМА ДАСТИ ХАМДИГАРИ.
ХАМА ТОЧИКИСТОНИЁН ДАР САФАР
ЗИ ВАХДАТ ШАВЕМ ОНЧУНОН БАР БА БАР.
КИ ХАРЧАНД АФРОДИ НОНОВАРЕМ
ЗИ ВАХДАТ БА ХАР ЧО БА БОЛУ ПАРЕМ.
БА ВАХДАТ ХАМА ЧАМЪИ МО ЗИНДА БОД
САРАФРОЗУ ПУРШОНУ ПОЯНДА БОД!





Сонй дар васфи мардикорон

1 09 2011

Гурдадори мурдабеморем мо (муаллиф Сонй)

Сар ба сар мо мардикору халки бекорем мо,
Гул ба домон ,хок бар сар, мардуми хорем мо.
Мо гаранги дар хавои нафс хушёрем бас, Хуфтагон, аммо ба дидан чашми бедорем мо.

Бо таманои кафан аз дори дунё меравем,
Гарчи то рузи киёмат пунба мекорем мо. Мардуми олам ба дурихо назар афкандаанд,
Дур аз бини надида дидаи чорем мо.

Дар харита гарчи моро нест дарёи кабир,
Дар талоши гайбати хам бахри саршорем мо.
Дар гами барк аз сахар то шом мегардем гарк, Мамлакат баркафкану дар кулбаи торем мо.

Он ки моро дар талоши хак каси бегурда гуфт,
Ай табибо, гурдадори мурдабеморем мо. Ку ба ку дар шахри Русо бахри ноне саргарон,
Аз мухочирхои гардонандабозорем мо.

Бори маъни аз бисоти мо даме н-ояд бурун,
Чун сабукборон гахе бар души худ борем мо.
Мо хама муъмин ба ному дар амал афтода ланг,
Тудаи даъвомусалмонон ба гуфторем мо.

Суннати Ахмад кучо шуд, кори бидъат мекунем, Аз кадомин олу мазхаб хеш бишморем мо?.
(С, СОНИ)