«Гуфта будамо..?»

26 09 2011

Як нӯги риштаро Муллошо дошта, нӯги дигари он дар кунчи манзил ба мех баста шудааст. Бо ишораи дасти Мусо акаи Муллошо риштаро ба чап ё баръакс мебарад. Мусо бо зону нишаста хам шудааст ва баногушаш кариб аст ба фарши чангу хоколуд расад. У ба тагу болои ришта назар меафканад ва донае аз сафолтахтаро (кафель) ки дар даст дорад бо эҳтиёт ва маҳин бо самти ришта дуруст мепайвандад. Гох каме ба пеш, гох баръакс. Ва аз чой бархоста ба тарафи мукобил меравад ва ба рост будани он мутмаин мешавад. Дар фикри нозукихои сохтмон ва аник кардани хатти дуруст, Мусо асабй мешавад.

Акаи Муллошо аз Мусо зиёда аз дах сол калон бошад хам, аммо нозукихои сохтмонро на онкадар сарфахм меравад. Ё дигархелтар гуем усто нест. Вале дар гапдонй акаи Муллошо ҳаргиз паст намеояд. Ҷумлаи нагзмедидагитарини Муллошо «Ха? Ман дар вакташ гуфта будамо…» аст ва ин хамзамон ба чумлаи бадмедидагитарини Мусо мубаддал гаштааст.

Муллошо ин чумларо замоне ба забон меорад, ки ноомади кор дар миён афтад. Бо гуфтани ин чумла акаи Муллошо чунон халоват мебарад, ки гуё дар куртааш намегунчад. Ва ҳамин чумла вактхои охир чун ханчаре шудааст, ки гуиё синаи Мусоро шикофта аз тори сараш мебарояд.

— Мусочон, бехтараш сафолтахтаро аз ин кунч огоз карда буру чурро ба он кунч гузор. Ё ки хисоб карда пораи баробар дар ду кунч гузор.. — нуги ришта дар даст ба маслихатдихй огоз кард акаи Муллошо.
— Хуб, хуб. — ба сухани Муллошо ахамияте надода посух дод Мусо дар холе, ки масофа аз ришта то деворро чен карда, сафолтахтаро ба ришта наздик меовард. Аслаш ин кор, яъне часпондани сафол барои ҳарду ҳам як кори нав буд. Хишт чида буданд, андова ҳам кардаанд, мум об кардаву ба боми гараж ҳам рехтаанд, ҳатто дуредгарй карда, дару тиреза ҳам сохта буданд, аммо бори аввал буд, ки сафол мечаспонданд. Соҳиби хона ҳам бисёр одами нуктагир. «Крахабор», ба гуфтаи Мусо. Ангушташро ба куни ҳар сафолтахта мекарду месанҷид, ки маҳкам часп хӯрдааст ё не. Талаб мекард, ки нақши ҳар тахтача бо ҳам гиреҳ хӯрад, пайванд шавад.

Крахабори-да ку, кархабор, мегуфт Муллошо, лекин пули нағз ваъда карда буд ва ҳеҷ кас намехост, ки н пула аз даст диҳад. Тавонад ё натавонад, аслан муҳим нест.
Муллошо шояд ин беахамиятй ба суханхои худро хис кард ва гуфт
— Хайр худат бин-да Мусо. Баъд боз нагуй, ки ман нагуфта будам..

Мусо, лахзае ба Муллошо нигариста, баъд сафолтахтаи дар даст доштаро ба хаво бардошту бо шаст ба замин зад ва зери лаб ғуд-ғудкунон баромада рафт…

Акаи Муллошо ришта дар даст лахзае хомуш ба даре, ки аз он Мусо баромада рафт нигох карда, сипас ба сафолтахтаи шикаста нигариста сарчунбонд ва пастакак зери лаб гурунгид, «ана, ман гуфта будам..»…

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: