Муллошо «посредник»-ро «чуб зад» (кисми 2)

2 10 2011

(давомаш)
Сатили лойи назди Мусо буда холй шуд ва «лой!»-гуён фарёд кард то Муллошо ба у лой орад. Аммо аз Муллошо дарак набуд. Инсу кофт, онсу кофт Муллошоро наёфт. «Ин мардак ба кучо гайб зад-а?» гурунгос зад Мусо.
Шояд кучое «паррондан» рафтагист аз дил гузаронд у. Сипас худаш лой бурда корашро давом додан гирифт.

Пас аз тахминан ним соат аз даруни бино Муллошо бо сохибхона хандаю магалкунон баромаданд. Мусо дар даст лойпошак хайрон-хайрон ба онхо нигох мекард. «Ачабо ин одами ганда ханда хам мекардааст?» табассуми сохибхонаро дида ба худ гуфт Мусо.

— Миша, вы объясните всё своим напарником. — гуфт сохибхона ва ба Мусо ишора карда боз ба дохили бино рафт.

Табассуми Муллошо аз ин баногуш то дигар баногушаш лабхои уро мекашид. Муллошо бо як худписандие рохрафта табассумкунон назди Мусо омад. Мусо фахмид ки Муллошо холо киссаи дурударозе хохад гуфт.

Бинобар ин лойпошакро яксу гузошта як сатили холиро чаппа карда болояш нишаст ва да интизори шунидани гапхои Муллошо шуд.
Муллошо бо нозу гурур ва хазломез гуфт «Ха, Мусочон, чаро нишастй? Лой орам?»

— Ээ, гап занед чиро «объясни» гуфт? Шумо бо кадом дилу гурда назди у даромадед? — бетокатона пурсид Мусо.
— У хам одам, одамхур не ку. «Карочи» Мусочон ана хамин лойро тамом карда либосхоятро иваз намо, меравем. Ман «прямой» бо сохибхона нархро гапзанон кардам. Ун «пасредники» беинсоф 250 сумй гапзанон карда будааст. Ман бо сохибхона маслихат кардем, ки уро «сифат маъкул не» гуфта чавоб медихад. Ва пас аз ду се руз мо омада 160 сумй корро давом хохем дод. Сохибхона илова кард, ки барои хардуямон то охири мавсим кор медихад. Шунидй Мусочон? 160 сумй ва то охири мавсим бо кор таъмин! — бо табассуми кудакона шодй мекард Муллошо.

Мусо харчанд худро чиддй нишон дода хост шодияшро нихон дорад, аммо лабони у ба фармонаш итоат намекарданд.
— Акаи Муллошо, ин номардй ки миёнаравро «лой занем». — гуфт Мусо.

Чехраи Муллошо аз суханони Мусо чиддй гашта чавоб дод: —
Пас кори ин миёнарав мардист, ки ману ту хар барин кор мекунему 80 сумй аз метри мураббаъ мегирем ва у дастхояш дар кисааш як омада мераваду 170 сум аз як мураббаъ мегирад? Ягон номардй нест, Мусочон. Ин хел миёнаравхоро на лой, балки чуб зада аз дахонаш кашида гирифтан даркор. Боз точики худам-а.. Парво накун, хамааш хуб мешавад. Сохибхона бисёр одами хуб будааст. Хамаашро фахмид ва худаш мехохад миёнаравро аз миён бардорад..

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: