Мухочират ба чон расид

22 12 2011

Мухочират ба чон расид,ки
токате ба ман намонд,
Ва рохате маро дигар зи кори
кадшикан намонд.
Намерасад зи буи хоки
кишварам машомро,
Дигар мадору куввате маро ба
чону тан намонд.
Чу хар касеву нокасе ба
иззатам расид дигар,
Сурури хештан кучо? Гурури
хештан намонд…
Ба мулки Рус,ки точикон
заминканеву кучаруб,
Ба кавли пир, ба дехае чавони
гуркан намонд.
Ба гуфтани хакикат ар забони
кутахам нашуд,
Чи гуямаш, бародарам, замони
дилбазан намонд.
Зи ханги хармичозхо навои
булбулон хамуш,
Зи пои хукмичозхо ба харкучо
чаман намонд.
Чу бинамаш,ки точикон
махалгарои мекунанд,
Маро мачоли гап задан дигар
ба ин дахан намонд.
Чу мехи хонаро агар зи чуб
канда мебаранд,
Ба хона як кафан намонду
колини кухан намонд.
Натарсамаш, агар касе маро
намешиносадам,
Битарсамаш аз он ,ки чун
саломи хамватан намонд.
Дуои хуб намекунам ба давлату
ба савлаташ,
Ба хар касе,ки хурматаш ба
пиру пиразан намонд.
Суханварони хушсухан кучо
шуданду рафтаанд,
Дилам фишурда мешавад,ки
ошики сухан намонд.
Зи дурихо, чудоихо, зи
бенавои, бепули,
Чи шавку завки мардхо ба
хонаву ба зан намонд. ..
Дареги он,ки дур шудам зи
чашму мехри модарам,
Дареги он ,ки дар бару канори
ман Ватан намонд…
(БАСИР АБДУЛЛОЕВ)





Нигохе ба шароити хаёти хурдсолони Точикистон

20 12 2011

Шароити хаёти хурдсолону кудакони Русияро мебиниву хавасат меояд. Ана инро давраи бачагию бозиву шодии кудакй мегуянд. Пеш аз он ки хар як биноро созанд, дар кучо, чи гунагии майдончаи бозии бачахоро низ дар он чо банакша мегиранд. Дар назди хар бино майдончаи худ. Хайкалчаву нагмачахои гуногуну оростаи рангоранг, ки як майдонча аз дигараш фарк менамояд. Хатто барои хар синну соли чудогона, як гушаи чудо, сар аз куттии хокбозй то кашкашакхои варзишиву майдончаи волейбол.
Дар бисёре аз марказхои савдову магозахо гушахои фуруши китобхоро метавон дид. Мебиниву албатта ба худ хохй гуфт, эх чй хушбахтанд кудакони Русия, ё мегуи, ки эх, ин дафъа кудакиям кош дар Русия гузарад. Китобу китобча, мачаллаю хафтаномахои рангибаранг барои аз навзодон сар карда, то пиронсолон рафхоро оро медихад. Китобхо барои хама синну сол ва мусоид ба хама хамёнхо интихоби васеъ пешниход менамояд. «Энциклопедия»-хо барои хурдсолонро дида лаззат бурдам. Чи хушбахтед хурдсолони Русия. Хануз он чизе ки худ шохид будам аз он овардам, шароити тахсили онхо дар мактаб чи гуна ва бо кадом методхо ба рох монда шуда бошад намедонам. Танхо шунидаам, ки техникаи муосир кушод мавриди истифода карор дорад ва инчунин мактаббачахои хамаи шахрхои Русия имконияти бо хам робита доранд.
Акнун биёед боре ба хаёти хурдсолони Точикистон назар афканем. Майдончахои бозии назди бинохо нест гуем хам хато намекунем. Ва агар кучое хаст, он ба истгохи автомашинагузорй табдил шудааст. Инро хамаи мо медонем ва хар руз мебинем. Кудакони Точикистон ба чуз хирсакчаю лухтакчахои захрноки хитойи дигар бозича хам надоранд ва чои фарогату бози хам надоранд. Ин «хидмати» шахрдорон тули бист соли истиклолият.
Хамаи дуконхои мачаллафурушии шахрро такопу кардам, вале як дона хам мачалла барои хурдсолон дарёфт карда натавонистам(!). Аз «Алладин» то «Анушервон»-у «Чашма» пурсон шудам. Баъзе дукондорон хатто изхор намуданд, ки ин номхоро бори аввал мешунаванд. Якеи дигараш гуфт ба ин мачаллахо танхо тарики мактабхо обуна мешаванд ва онхо дар фуруши озод нестанд. Обуна? Дар Точикистон (хусусан дар вилояти Сугд) обунашавй асту мачаллагирй нест ку. Ба дилхох мактаб равед ва аз дилхох хонанда пурсед, ки оё ба ивази 20-30 сомонии обунапулии додааш ягон бор шакли хамон мачалларо дидааст? Айб дар кист? Кучо меравад обунапулй? Оё мохномаи дустдоштаи давраи хурдсолиам «Чашма» нашр мешавад, ё не? Адади нашраш чанд аст? Чаро ба хамаи нохияву шахрхои Точикистон дастрас нест?
Хуб, назар меафканем ба магозахои китобфурушй. Садхо китобхои рангибаранги афсонахо барои хурдсолон, аммо хамааш русй. Факат калабоку машаю медведеду лиса ва хоказо. Хамон шоиру нависандагони хамду санонавис, биёед боре васфи мансабдоронро канор бигзореду чизе барои кудакон эчод намоед.
Вой бар холи хурдсолони Точикистон. Ин чи бачагию ин чи кудакй аст? Ин чи бепарвой ба насли оянда аст?





САЛОМ ВАТАН!

19 12 2011

Салом Точикистон! Салом Душанбе!
Нихоят насиб будаасту Худоро шукр сихату саломат боз ба Ватан баргаштам. Ба Ватани торику бебарк. Ба Ватани роххояш пулакй. Ба Ватани точирони беинсофу нарххои осмонй. Ба Ватани мардуми нодору ночор. Ба Ватани хокимонаш «олигарх»-у дар гами худ. Ба Ватане, ки ришу сатр ончо чиноят аст. Ба Ватане, ки чавононро аз масчидравй боздошта онхоро суи «стриптизклуб» мефиристанд. Ба Ватане, ки чашмони кудаконаш дигар кудакона нестанд. Ба Ватане, ки чехраи пиронаш дигар нуронй нестанд. Ба Ватане, ки хама дар гами пул. Ба Ватане, ки фиску фасод аз муборизони зидди фасод огоз гашта.
Аммо бо хамаи рангхояш дуст медорам ин Ватанро. Аз хавопаймо фуруд омада хоки Ватанро ба дида молидам. Чи хуш аст хавои чанголуди Ватан. Чи ширин аст оби сернамаки Ватан. Зиндаву поянда бод, Точикистони ман.





Нома ба модари Бахтиёри чавонмарг

2 12 2011

Модар, бо умед писар ба воя расонидиву бо сари баланд ба Русия фиристодиву аммо Бахтиёрат аз он чо дар сандуки оханй бе сар баргашт.
Туъмаи сиёсатхои палиди Русия гашт. Рондани сесад точик аз Русия ва катли ду хаммиллат дар посух ба ду халабонхои зиндонй. Агар хамин халабонхо катрае одамгарй ва заррае вичдону каме мардигарй медоштанд, зидди ин маъракаи зиддиточикона садо мебароварданд. Онхо назди модаронашон баргаштанд, аммо ба назди модари Бахтиёр часаде бесар рафт. Часад хам не, лундае гушти сухта.
Модари азиз, намедонам бо чй суханхо каме дили хунчакони туро таскин бахшам. Чи дарде насибат гашт. Чи мусибате ба сарат омад. Худованд сабри чамил ба ту ато гардонад. Дасти дуо бардор, то дилат таскин ёбад. Дасти дуо бардор, ки Илохо чои Бахтиёратро чаннат гардонад. Дасти дуо бардор, ки миллати моро сарчамъ ва дусту бародар гардонида аз балохо эмин нигах дорад. Дасти дуо бардор, ки ин миллатчиёни рус ба бадтарин рузхо гирифтор шаванд. Дасти дуо бардор, то он дастоне ки сари Бахтиёратро буриданд, сари сарвару рохнамохояшонро бибуранд. Дасти дуо бардор ки дасти он котилон бишканаду бипусаду бирезад. Дасти дуо бардор, ки он котилон аз чабри рузхои бад марги хеш хоханду мисли сагони дайду руй ба нести оранд. Дасти дуо бардор, ки ин рузи сияхи ту ба сари хар яки онхо, аз болонишинаш то каториаш ояд. Дасти дуо бардор, ки хар нафаре зидди точикон садо баровард гунгу бесадо гардад ва хар нафаре ки зидди точикон бинавишт дастонаш бишкананд. Дасти дуо бардор.. Мо ва хар як хонандагони ин сатрхо низ омин хохем кард, дигар чизе аз дастамон намеояд, чуз талаби кумак аз Парвардигор. Илохо дуохои мову модари Бахтиёрро мустачоб гардон, Омин, Оллоху акбар.