САЛОМ ВАТАН!

19 12 2011

Салом Точикистон! Салом Душанбе!
Нихоят насиб будаасту Худоро шукр сихату саломат боз ба Ватан баргаштам. Ба Ватани торику бебарк. Ба Ватани роххояш пулакй. Ба Ватани точирони беинсофу нарххои осмонй. Ба Ватани мардуми нодору ночор. Ба Ватани хокимонаш «олигарх»-у дар гами худ. Ба Ватане, ки ришу сатр ончо чиноят аст. Ба Ватане, ки чавононро аз масчидравй боздошта онхоро суи «стриптизклуб» мефиристанд. Ба Ватане, ки чашмони кудаконаш дигар кудакона нестанд. Ба Ватане, ки чехраи пиронаш дигар нуронй нестанд. Ба Ватане, ки хама дар гами пул. Ба Ватане, ки фиску фасод аз муборизони зидди фасод огоз гашта.
Аммо бо хамаи рангхояш дуст медорам ин Ватанро. Аз хавопаймо фуруд омада хоки Ватанро ба дида молидам. Чи хуш аст хавои чанголуди Ватан. Чи ширин аст оби сернамаки Ватан. Зиндаву поянда бод, Точикистони ман.


Действия

Information

4 комментария

21 12 2011
Муйдин

Канд занед бародари гироми чи ки набошад ватан ин хонадони мост ва фахр мекунем ки точикем мусулмонем

22 12 2011
administration

Бале бародари азиз, Муйдин. Чи хеле мегуянд:
Хоки ватан аз тахти Сулаймон бехтар!
Хори ватан аз лолаву райхон бехтар!

3 05 2012
naimjon

barodari aziz moham garib hastem hamin orzue ki shumo anjom dodedash moham hamin orzuro dorem ki az havo paymo furud oyemu khoki vatanro ba dida molemmmmm.az nomi garib bachagoni HIDUSTONI afsonavi.

3 05 2012
Ilhom

Худо ба орзуятон бирасонаду бо сари баланд ба Ватан баргардед, бародар!

Ответить на naimjon Отменить ответ