Деворро кй ларзонд?

9 03 2012

Рузи дуввум аст, ки хамсояи девор ба девори мо кампире бо набераи тахминан 25 солааш гуд-гуд гуфта гаштааст. Пештар муомилаи хуб доштем. Хар бор бо хам салому алейк мегуфтем. Аммо имрузхо ба саломамон алейк намегирифтанд. Шунидем, ки аз пасамон мегуфт «..кучо гурезам аз дасти ин гайрирусхо.., чи хел ором буд бе инхо.. , инхо ба ин хучра омаданду на шаб оромиасту на руз.., аз ин хучра инхоро рондан даркор..» ва гайра ва хоказо.
Хайрон будем, ки мо ягон овози баланд набаровардаем. Сахар кор рафта, шаб меоем ва кушиш менамоем, ки ба касе зарар нарасонем. Бароямон муаммо буд, ки чаро муомилаи хамсоя бо мо якбора бад шуд.

Имконият ва лахзаеро интизор будем, ки бо онхо гуфтушунид намоем. Бегох дарро касе сахт куфт. Дарро кушодем ва кампири рус бо набераашро дидем. Хар ду баробар ба сари мо дод мезаданд, ки чаро инкадар ба девор бо чизе мезанед. То андозае, ки девор чунбид ва кати хобаш, ки чафси девор будааст ларзид.
Мо хайрон будем. Чунки коре бо девор накардаем. Фахмондани шудем, аммо онхо гуш намекарданд ва фарёд мезаданд, ки пулисро даъват хоханд кард.

Дарро пушида илочи кор мечустем, ки чи бояд кард. Аз долон садои кампир меомад, ки бо телефон пулисро даъват мекард. Мо шиносномахоямонро омода намуда интизори пулис будем. Аз долон дигар садое намеомад. Шояд кампир низ ба хучраи худ даромада пулисро интизор буд.
Телевизорро бо овози пастакак ба кор андохтем. Дар шабакаи махаллй барномаи хабарй сар шуд. Аввалин хабаре, ки пахш шуд дар бораи чанд соат пештар ба кайд гирифтани заминларза буд. Маркази он шахраки Тува буда, ба шахри Красноярск то 3 балл расидааст.

Чанд руз паи хам дар шахри Красноярск заминларза рух дода буд, ки ба 3,5 балл баробар буд. Ин хабарро шунида, фикр кардем, ки шояд кампиру наберааш аз заминларза бехабаранд. Дар хамин гуфтугузор будем, ки так-таки дар баланд шуд. Ана пулис хам омад гуфта дарро боз кардем. Аммо пулис неву кампир ва набераашро дидем. Хар ду бо лахни хуш аз мо бахшиш мепурсиданд, ки аз заминларза хабар надоштанд. Кампири бечора аз шарм сурх шуда буд ва илтичо мекард, ки уро бубахшему ба дил нагирем…

Реклама

Действия

Information

6 комментариев

16 03 2012
Rustam Gulov

Салом дусти азиз! Хело шавковар менависед. Вобаста ба ин ба Шумо пешниход дорем, ки аз сомонаи http://www.blogiston.tj, ки махсусан барои блогерхои точик омода гаштааст, дидан карда, шояд ки сахифаи худро дар он низ бисозед, то ки боз хам хонандагонатон бисёртар шаванд — сохтори сомонаи Блогистон ба ин кор равона карда шудааст.

Барори кор!

19 03 2012
Ilhom

Салом Рустамчон! Бисёр икдоми хуб! Худо кунаду сафи блоггерон афзояд. Насиб бошад, хатман торнигоре руи он дар мавзуи информатика боз хохам кард. Муваффакият!

19 03 2012
Бахтиёр

Чи хел?!! Бахшиш пурсид?!!!

19 03 2012
Ilhom

Акаи Бахтиёр, аз шарм наздик буд, ки ашк резад.

20 03 2012
талиб

салом акаи Илхом. Рахмат мавзуъхои чолиб ба

22 03 2012
Ilhom

Дуруд бародар! Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: