«БЛЕНТУЗА ДАРГИРОН»

18 03 2012

Имрузхо яке аз суханхои дустдоштаи акаи Муллошо «блентузата даргирон», ë «блентузама даргирондам» шудааст.

Гап дар сари он ки хафтаи гузашта у аз дуздбачахо бо нархи арзон телефони дастии замонавй бо ними нарх харидорй кард.
Акаи Муллошо аз хурсандиаш зуд ба Точикистон занг зада бо писарчаи мактабхонаш дар бораи телефон накл мекард: — Ана дидй, бароят телефоне харидам, ки ягон чураат надорад. Хамагй се тугмача дорад. Ба экранаш ангушт расонй, мефахмад…

Мусо дар холе, садои телевизорро паст мекард, то ба сухбати Муллошо халал нарасонад, илова кард: — Экранаш сенсорний гуед, у аз шумо хам доно хаст худаш мефахмад..

Акаи Муллошо: — Ха, экранаш серсорни. Блентуз дорад. Хайрият хамин Мусо будааст, ки интараф-онтараф корфармоияшро ба ман омухт. Аа? Ха. Ягон нафар Точикистон равад бо дасти у мефиристам.
Аа? Не. Метарсам хамрохам ба куча гирам. Боз милисахо кашида нагирад…

Хар нафаре, ки ба хонаи онхо мехмон мешуд, акаи Муллошо аввал аз блутуз ва таронахову клипхои телефони у мепурсид.

Дируз Мусо телефони Муллошоро хубтар аз назар гузаронда, гуфт ки ин телефон барои истифода аз интернет низ хеле хуб будааст. Акаи Муллошо дархол хохиш намуд, ки телефони уро бо интернет пайваст намояд.

Мусо пас соате телефонро ба Муллошо баргардонида, фахмонд:
— Ана, ба инчо медароед, сипас ба инчо ва баъд Операминй-ро интихоб карда пахш менамоед. Торнамохои (сайт) зарурии точикиро дар замимахо (закладки) сабт намудаам. Ана инаш оиди хабархои нав, ин дар бораи мусулмонй. Хуллас инхо хамааш торнигору (блог) торнамохои (сайт) точикй..

Акаи Муллошо бахузуртар качпахлу карда, бо як дасташ телефонро дошта бо ангушти ишоратии дасти дигараш боэхтиёт ба экран мерасонд ва сари чанд вакт бо домонаш экранро пок карда пасу пеши телефонро пуф-пуф мекард. Ангуштхои калони аз кори сохтмон пустрафтаи у гохо ба экран ночой нишаста дигар тугмахоро пахш мекард. Дархол бо суоли «Ин чо кард?»-гуён ба Мусо мурочиат мекард.

Ним соат хам нагузашта акаи Муллошо гуфт: — Ээ, Мусочон, ин чй забон аст? Ё ман точик нестам, ё интернет точикй нест. Ин чи калимахо? Намефахмам..

— Чиро? Кучояшро нафахмидед? — пурсон шуд Мусо.
Муллошо бо ангушти ишоратиаш тори сари бемуяшро хорида:
— Ту пурс, ки кучояшро фахмидам? Э ман ба президентхову лётчикхо чи кор дорам? Барои ман хамин корфармо пуламро дихаду ман ба хона фиристам. Э нашуд ин интернети ту. Чудо карда парто боз пул назанад. Аз хамон блентуз намонам. — гуфта телефонро ба Мусо дод.

Бахузуртар сар ба болин ниходу ба шафти хона нигарист ва охи сард кашида илова кард:
-Эх, имруз ягон одами блентуздор наомад…

Реклама

Действия

Information

2 комментария

26 03 2012
талиб

Салом акаи Илхом хамин мегуям акаи Муллошоро бисёр гам медихед хахахаха

26 03 2012
Ilhom

Хаххаа…
Салом бародари гиромй! ))) барака ёбед, куштед аз хандара..
Ин кахрамони торнигор рости гап вучуд надорад. Танхо амалу вокеахое, ки ба сари мардикорон меояд ва хоси хислати уст, ба ин бечора часпонида шудааст. )))
Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: