МАЁ ТВАЁ НЕ ПАНИМАИШ

25 03 2012

САРСУХАН

Кайҳо мехостам дар ин мавзуъ чизе бинависам. Андешаҳоям мисли калобаи риштаи саргуму печдарпечанд. Аз чй огоз кардану бо чй ба итмом расонидан мушкилй меовард.

Инак гилсовро(шпател) канор гузошта, илҳомамро фаро хондам ва калам ба даст гирифтам, то алами дилро аз когаз ситонам.

Мавзуъ: руспарастй ва русзабонии точикон. Нафароне, ки ба чунин беморй гирифторанду асабй нозук доранд, беҳтараш дар ҳаминчо нукта гузошта аз торнигор(блог) берун раванд, то боиси малоли хотири онҳо нагардад.

РАФТЕМ
Хуб, бо хонандагони азизе, ки мутолиаро идома медиҳанд меравем сари мавзуъ.
Хонандагони гиромй, ба саволи «Мо точикон кистем, чй миллатем ва чй хислат дорем? » чй посух мешавад гуфт?
Биёед мушт бар сина зада, мо Синову Хайёму Рудакиву Лоик доштем, намегуем. Мо давлати Сомониёну Самарканду Бухоро доштем, намегуем. Ин ҳама замони гузашта буд. Хозир мо кистем? Хар нафар, пиру чавон, аз олим то ба деҳкон, чй хидмате барои миллат, барои Ватан анчом дода метавонем?

НАМУНАИ ИБРАТ?
Барои як ҳарфи «а» ва «е» бо узбакҳо нотифокем ва муштбаргиребон мешавем. Онҳоро аз худ паст меҳисобем. Аммо онҳо тавонистанд ҳуввияти худшиносии миллии худро боло бардоранд. Онҳо дар Африка ҳам кушиш менамоянд бо забони худ ҳарф зананд. Ростй, ин хислати онҳо писандам омад. Чандин маротиба шоҳиди он будам, ки узбакҳо дар суҳбатхонаҳои мачозии интернетй, вебгоҳҳои чамъиятй, дар шаҳрҳои Русия ва дар Точикистон ба забони модарии худ эҳтиром гузошта бо узбакй ҳарф мезаданд. Кушиш менамоянд, ки вожае гушхароши узбакиро ба гуши атрофиён бирезанд ва лаззат ҳам мебаранд. Агар забони онҳо мисли забони порсй ширину гуворо мебуд, шояд онро байналмилалй ҳам эълон мекарданд.

МО ЧЙ?
Мо «доноем». Мо «замонавием». Мо «пешрафта» ва «тараккикардаем». Мо чапаю роста зур зада аз худ русидон метарошем. Эй кош ҳамон русиро бехатову дуруст донему навишта тавонем. Хидмати шоёне барои зиндадории забони бегона. «Доногии» мо ба дарачае расидааст, ки точик бо точик русй ҳарф мезанад.
Мо дар хонаи худ забони худро зери по кардаем. Забоне, ки дар зодбуми худ хору зор ва хандаовару нафратангез шудааст. Забоне, ки ба марг рубаруст.

ЧЙ БОЯД КАРД?
Дуруст аст, ки «Забондонй — чаҳондонй» гуфтаанд. Аммо ҳар забон дар ватани ҳамон забон истифода шавад беҳтар нест? Бигзор мисли узбакҳо дар тамоми курраи Замин забони худро воло надонем. Хадди акал дар Ватани худ, дар хонаи худ, дар вебгоху сухбатхонахои интернетй забони ширину гуворои худро эхтиром намоем.

Ин майдатарин корест, ки аз дасти хар нафари мо меояд. Майдатарин хидматест, ки хар нафари мо метавонем ба хотири эхтироми лафзи волидайни худ, ба хотири эхтироми бузургони гузашта, ба хотири эхтироми хоки азизи зодгоху сарзамини Точикистон анчом бидиҳем.
Чй гуфтед?

Реклама

Действия

Information

5 комментариев

25 03 2012
Точик

Рост ман хам тарафдор ман баъзе точика медонам ки точикиро намедона е гап задан намехохад

25 03 2012
Ilhom

Мутаасифона, ба хусус байни чавонон чунин нафарони худношиносу бегонапараст зиёданд.

25 03 2012
Замониддин

Бале акои Илхомчон рост мегуед. Ман чунин холатхоро медонам. Барои мисол мо кариб дах нафар точик дар Донишгохе истода будем, хамрохамон ду нафар догистони буд, хар боре, ки ман сухан мекардам, дустонам бо маротиб маро манъ мекарданд, то руси гап занам, ки онхо низ фахманд. Ман, ки табиатан хеле якравам, албатта кори худро кардаму фармудаи онхоро не. Чи гуфтед чои, ки точики биср аст, чи хочат аз барои ду нафар забони дигарро истифода барему он фикре, ки хеч бо дигар забон гуфтанаш намешавад, худро азоб дода баъд гуем, ки тебе моё панимает?

25 03 2012
Ilhom

Хахахаа.. )))
Бародар Замониддин, дуи онхо байни худ бо кадом забон гап мезаданд?

3 05 2012
naimjon

akai ilhom itari bacha da johoi mo nestay gapi khuta gap zan.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: