Бархурди тамаддунҳо дар мисоли акаи Муллошо

27 03 2012

Вақте бa ҳамватанони муҳочирам
менигарам, баъзан дар бораи он
фикр мекунам, ки ҳамзистии намояндагони қавму миллиятҳои
гуногун ба андеша ва рафтори онҳо
таъсири худро мегузорад. Дар
мафкураи онҳо тағйирҳое ру
мезанад, ки бо таъсири муҳит пеш
омадаанд. Албатта, шояд решаву
бунёд бетағйир мемонад, аммо дар
рафтору муносибат одамон ҳамеша
аз ҳамдигар ибрате мегиранд.

Муҳочирони точик дар Русия
тадричан ба расму русуми бегона
ошно шудаву наздикй ва одат
пайдо мекунанд ва ин як раванди
мушкил аст. Ва мардуми таҳчоии рус
низ ба бисёр хислатҳои точикона
шинос шуда, ба онҳо одат кардаанд.

Барои намуна, агар ба утубус
(автобус) зане солхурда ворид
шаваду дар он курсии холие
намонда бошад, у филҳол аз байни нишастагон каллаи сиёҳ ва чеҳраи
гандумиро мечуяд. Вақте ки чунин
касро ёфт, мутмаин аст, ки чои
нишаст ҳам барояш пайдо шуд ва бо
дили пур суи у қадам мебардорад.
То андозае одоби точикон ин
одатро шакл дода бошад, мумкин
аст, баъзеҳо ҳаққи онҳоро ба
нишастан кам мебинанд.

Дар як баҳси интернетй як марди
рус аз точикон дифоъ карда,
таъкид намуд, ки аз точикон бисёр
чизҳоро омухтан мумкин аст.

Суханони у тахминан чунин садо
медоданд: агар дар роҳ садамае рух
диҳаду худравҳо (мошинҳо) чаппа
шаванд ва ин роҳ дар Точикистон
бошад, ҳамагон ба ёрй шитобида
одамонро начот медиҳанд,
худравхоро роста мегардонанд. Ва
агар ин роҳ дар Русия бошаду чунин
ҳодиса иттифоқ афтад, ҳамагон
тамошобин мешаванд. Телефонҳои
дастиро гирифта, то сухта хокистар
шудани худравҳо наворбардорй
мекунанд.

Ҳодисае, ки Мусову Муллошо
шоҳидаш буданд, гуфтахои болоро
таквият мебахшад. Онҳо як бегоҳ аз
кор меомаданд. Дар истгохи зарурй
аз утубус поин шуданд. Аз истгоҳ то
манзил боз 5 дақиқа пиёда роҳ
рафтан лозим буду ин роҳ аз канори
мактабе мегузашт. Вақте ба мактаб
наздик шуданд, диданд ки чаҳор —
панч чавони тахминан 15-16-сола
бо ҳам ғавғо доштанд. Лаҳзае аз
байн нагузашта ду нафари онҳо ба
ҳам дарафтод. Пас аз чанд зарбаи
мушт яке дигариро ба замин
афтонда, болояш савор шуда,
ҳамоно зербударо муштборон
мекард. Чавонҳои дигар хандону
ҳаячонзада телефонҳои дастии
худро аз чайбҳо бароварда, ба кор
андохтанд ва сар кардан ба
наворбардорй. Чанд роҳгузар як-як
истода воқеаро тамошо карда, боз
ба роҳи худ идома медоданд.

Акаи Муллошо ба суи чавонҳо
давид. Онеро, ки аз боло буду
бераҳмона муштзанй мекард,
дошта, канор кашид ва аз нафари
афтида дур кард. Нафари афтида
зуд бархост ва акнун у ба ҳучум
гузашт. Акаи Муллошо дар миёни
обу оташ, ҳисобашро гум карда буд.
Гоҳ якеашро медошту гоҳ дигареро.

Баъзан шояд аз ҳаячон буд, ки
точикиву русй «Шуд! Шуд! Всё!
Бас!» мегуфт. Ногоҳ нигоҳи Муллошо
ба чанде аз раҳгузарон афтод, ки
механдиданд. Дарҳол чашмони акаи
Муллошо Мусоро чустанд. Аммо
Мусо ором ба роҳи худ мерафт ва
қариб ба хамгашти куча расида буд.

Акаи Муллошо бо як азоб мушту
лагадҳоро чапғалат дода, худро аз
байни ҳарифон берун кашид ва ба
суи Мусо шитофт. Ҳафт-ҳашт қадам
ниҳода, бозистод ва боз ба
чавонҳо, ки сару руйи ҳамдигарро
хуншор карда буданд, нигарист.
Занозанй дар авч буд. Акаи
Муллошо гоҳ ба Мусо нигоҳ
меандохту, гоҳ ба роҳгузарони
тамошобин ва гоҳ ба чавонҳо. Боз
лаҳзае дудила монда сипас ба суи
Мусо роҳашро давом дод.

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: