Алвидоъ, Лас-Книгас!

23 04 2012

Вақтҳои охир ҳис кардам, ки дар шабакаи чамъиятии Фейсбук вақти худро бисёр мегузаронам. Бинобар ин ба худ қавл додам ба магозаи китобфурушии дустдоштаам «Лас — книгас» рафта ягон китоб бихарам ва дар вақтҳои фориг ба чои дар ФБ нишастан ба мутолиаи китоб машгул шавам. Инчунин хеле вақт шуд, ки аз ин гипермаркети китоб дидан накардаам.
Соли гузашта зуд-зуд аз ончо дидан мекардам.
Аввалин ташрифам ба ин магоза фаромушношуданист.
Боре дар торнигори нависандаи номдор Салим Аюбзод мақолаеро «дар бораи нависандаи турк Орхан Памук»
хондам. Пас аз чанд руз роҳам аз назди он магоза мегузашт ва ба хотирам он нависанда омад. Хостам китобе аз эчодиёти Памук бихарам ва вориди магоза шудам. Дар даруни магоза дар самти чапи даромадгоҳ дар курсие посбон нишаста буд, ки аз либосхояш маълум буд.
Баробари дидани ман аз чояш каме нимхез шуда хост чизе бигуяд. Ман ба нигоҳи ҳайратовари у диккат надода бепарво ба суи рафи китобҳо равона шудам. Шояд бепарво вонамуд кардани ман буд, ки чизе гуфтанашро надонист танхо хайрон-хайрон маро назорат мекард. Шояд мехост бигуяд, ки «эй точик, инчо хлеб намефурушанд»? Ба ҳар ҳол ман аллакай дар огуши рафхои китоб будам ва сухани у ногуфта монд.
Дар байни рафҳои китоб маслихатгарон (консультант) рафтуо мекарданд. Дар чеҳраи онхо низ баробари маро дидан як ҳайрати хандаомез дида мешуд. Ва бо хам чизе гуфта паст-паст механдиданд.
Аз тамошои китобхо лаззат мебурдам. Ва дар дил нақша мекашидам, ки вақте маош гирифтам ана ин ва ана вай китобро мехарам. Хаминтавр оҳиста ва бе саросемагй китобхоро аз назар мегузарондам. Баробари ин кушиш мекардам симои худро на як муҳочири сохтмончй, балки гуё як донишманд ва босавод вонамуд намоям, аммо муяссарам нашуд ва маслиҳатгарон аз чор тараф ҳар як ҳаракати маро назорат мекарданд. Бо гушаи чашмам суяшон як нигоҳ партофтам. О ваҳ, посбон хам чои нишасташро партофта ба назорати ман омадааст. Худро дузд ҳис кардам, дузде ки мехохад дар лахзаи муносиб китоберо зери доман пинҳон карда, барад ва фурухта нон бихарад. То ҳадде худро нохинчор хис мекардам. На, на ноҳинчор, балки аз алам метаспидам. Мехостам суяшон дагал ва бо садои баланд гуям «Чй ин қадар нигох доред?! Чй точикон китоб намехонанд? Хамзабонону хамнажодони Хайёму Синову Мавлавй китоб намехонанд?! Ё хуқуқи китобхонй надоранд?? Равед аз паи коратон шавед! Халал надихед, ман китоб интихоб карда истодаам «.
Эх, ки маро гуфт ба ин магоза даро? Э, кош намедаромадам.. Акнун ки даромадам набояд бекитоб берун оям.
Нихоят яке аз маслиҳатгарон бетокат шуда наздам омад ва бо табассум пурсид, ки чи хел китоб мечуям ва оё у ёрй дода метавонад. Дар табассуми у як навъ тамасхуре хувайдо буд, ки мегуфт «ин чо чй мечуй, ки ин магозаи хурока нест». Дар ин лаҳза мехостам дар чашмонам айнаке булурин бошад. Айнаке мисли айнаки устодам профессор Турсунов. То айнакро каме поён карда аз болои он нигариста ба ин маслиҳатгардухтар нигарам ва посухаш диҳам.
Ба у посух додам, ки чизе аз навиштаҳои Орхан Памук мехоҳам. Табассуми маслиҳатгар баробари шунидани ин ном гайб зад ва акнун нигоҳи у тагир хурда буд.
«Они там, пройдёмте..» гуён суи дигар рафҳои китоб рафт. Ва ба як дона китоб ишора карда илова намуд, ки ягона китоби бокимондаи Памук аст. Номи китоб «Джевдетбей и сыновья» буд. Китобро ба даст гирифта як каме варақ задам. Дар пушти китоб нархнома часпонида шуда буд. О ваҳ, 800 рубли русй! Пулҳои кисаам наздик ба ҳазор рубл буданд.
Акнун майдон, ки баромадам дигар чои қафо гаштан набуд. Китобро гирифта назди «касса» рафтам ва ҳисобй карда аз магоза баромадам. Баъд аз ин ҳар боре ки ба ин магоза мерафтам маро бо чеҳраи кушод ва эҳтиром хидматрасонй мекарданд. Ва хатто агар бехарид магозаро тарк намоям ҳам бо чеҳраи кушода хайрухуш мекарданд.
Чун имруз пой суи магоза ниходам, аммо он пушида буд. Аз руи речаи кори бояд кушода бошад, ҳайрон шуда мунтазир истодам. Аз дари даромадгоҳи хидматии магоза зане миёнасол берун шуд. Аз у пурсидам, ки чаро магоза боз нест. Посух дод, ки компанияи «Книгомир» муфлис шуд ва магоза дигар кор намекунад.





Накхати дастони модар (кисми 2)

20 04 2012

(Давомаш)

Шаҳри Красноярск. Гарчанде баҳор омада бошад, ҳам аммо ҳануз замин барфпуш буд. Аз байни шаҳр дарёи азими Енисей мегузарад. Аз руи гуфтаи истикоматкунандаҳои маҳаллй ҳарорати оби дарё зимистону тобистон як хел , +5 аст.
Ин шаҳр бо табиаташ ва хусусан бо ба ду соҳ ил таксим шуданаш ба хотири кас шаҳри бостонии Хучандро меорад

Фотеҳ, Мусо ва акаи Муллошо таъмири як хонаи сеҳучрагиро кариб ба поён расонида буданд. Фотеҳ ва Мусо аз ду гушаи «багет»-и дарозиаш дуюним метра дошта, онро ба кунчи шафати хона мечаспонданд. Акаи Муллошо дар назди тиреза рост истода саҳни биноро тамошо мекард. Дар берун як гуруҳ чавондухтарону чавонписарон хандаю магал доштанд. Ин вакт телефони Фотеҳ, ки дар рафи тиреза буд садо баровард. Акаи Муллошо онро гирифта ба раками занг задаистода нигоҳкунон ба Фотеҳ бурд ва гуфт: — ракамҳои «крутой»-ку, охираш чорто ҳафт..

Фотеҳ гуширо бардошт:
— Да?
Валейкум Салом..
Шукр, бад не..
Не нашинохтам. Ки?..
Эээ акаи Рахматулло, шумо чй хел ака? Сихат саломатихо нагз? Кору бор?..
Не, овозатон шинос тофту хеч ба каллаам назад..
Лаббай?
Дар Красноярск ако.
Шумо чй?
Сургут?!
Ха, майда-майда кор карда гаштем..
Ха, бале фиристода буданд. Харчанд пурсучу кардам, на раками телефон ёфтаму, на нишона.
Модаратон ду нону камтар магзу мавиз фиристода буданд..
Не, ако хозир хам истодаанд. Ман ба додаратон гуфтам, ки..
Не, не, ако. Ман худам хам магзу мавиз бисёр оварда будам. Шумо гуед ки чи хел фиристам?..
Кай?..
Майлаш. Хуб ако.
Хайр.

Фотех, телефонро ба акаи Муллошо баргардонида, бо табъи хира гуфт: — писари хамсояамон Рахмат аз Сургут занг зад. Ба карибй аз хабс озод шуда буд. Меояд. Ба Красноярск барои кулчахою магзу мавиз меояд! Аз Сургут! Ду руза рох бо катора.
Акаи Муллошо: — Барои ду кулчаю як мушт магз?! Бо хамон пули рохкиро рафта аз бозор мехарид бех набуд? Тушахо хастанд?
Фотех: — Не, хамаашро хурдем. Охир чй кадар уро пурсучу кардам наёфтам.
Мусо: — Хайр ё телефон карда рости гапро гуфтан лозим, ё магзу мавизро аз бозор мехарему кулчахоро бошад мегуи, ки вайрон шуданд ва онхоро партофтам…





Накхати дастони модар

18 04 2012

Бозори хариди яклухти «Южний»-и шаҳри Красноярск. Акаи Муллошо аз як точири хушкмевафуруши точик ним кило магз ва ним кило мавиз харида зуд ба таксй нишаста меравад.

— Ало! Модар! Оча?!..
— Лаббай, Раҳматуллои оча! Чони оча, мешунавам! Нагз ҳастй, писарам?..
— Ман нагз, модар, шумо чй хел? Саломатиатон чй хел? Акаму хоҳараку додараконам чй хел?..
— Нагз писарам, ҳамаамон нагз. На телефон мекунию, на ягон гапу хабар. Хайр майлаш пуле намефиристй, о аккалан як-як телефон кун, Раҳматуллоҳ. Эээ…
— Оча.. Оча, хайр гиря чй лозим?..
— Охир инчо ҳар руз як гапи нав мешунавам. Хоҳарат хабар овард, ки ту дар махбасй барои ҳамин ба чанозаи падарат наомадй. Духтари ҳамсоя аз акояш шунидааст. Тамоми деҳа овоза буд..
— Оча..
— Хайрият боз додарат пурсучу карда, хабар овард, ки дуруг будааст..
— Оча, шумо ба ҳар гап бовар мекунед? Ман хубам. Факат корҳо мазааш набуд, бекор будам.
— Фотеҳи писари ҳамсоя шаш маротибае рафта меояду.. Се сол шуд, писарам. Хайр ягон зани рус гирифта бошй ҳамроҳат биёр. Ё биё дар ҳаминчо духтари дилхоҳатро туй кун. Додарат ҳам калон шудааст. То кай навбат мепояд? Раҳматии падарат то дами марг чашм ба дар буд.
— ….
— Писарам, биё якбор баргард ба хона. Ин хел дур гаштан гирифтй дур шуда меравй.
— …
— Раҳмат?
— ҳа, модар.
— Баргард писарам.
— …
— Раҳмат, ба дасти Фотеҳ туша фиристода будам, ду нону магзу мавиз. Гирифтй?
— Кай? Оча, охир писари ҳамсоя ба дигар шаҳри Русия рафта меояд, ман дар дигар шаҳр, чанд бор гуфтам..
— Ээ писарам у ҳам Расия меравад доим. Нагирифтй — чй?
— Гирифтам оча, гирифтам, раҳмат.
— Хайр майлаш паноҳат ба Худо, писарам. Бисёр гап назанем пули телефонат тамом нашавад..
— Ээ модар, гами телефони маро ҳам хурдед..
— Хайр писарам, худата эҳтиёт кун! Аз вай обҳои сафед нахур писарам. Кушоиши корат диҳад Худо! Согу саломат амоната баргардонад Худо!
— Хайр, модар, хайр…

Сарди ба -37-39 градус мерасид. Шохҳои дарахтон дар огуши барф сархам менамуданд. На шамоле, на насиме, на шаббодае. Осмон якранг буд, сафеди моил ба хокистарй. Офтоб сеюм моҳ аст, ки боре ҳам худро нишон надодааст. Рузҳои беофтоб. Дар осмон ҳатто мавзеи будани офтобро наметавон ёфт. Хатто зоге наменамуд дар ин зимистонҳои Сургут. Табиат гуё мурда буд.
Раҳмат низ бо табиат ҳамовоз шуда, намехост дараке аз ҳаракат нишон диҳад. Гуё ях карда бошад худ бехабар монд, ки чанд дакика карахт ва аз чои нишастааш намечунбид. Нигоҳаш ба намие, ки ончо ашки чашмонаш чакида буд духта шуда, ҳатто мижа намезад. Садои модараш боз чанд муддат дар гушаш садо медод. Охирон маротиба чор моҳ пеш аз ҳабсхона бо модараш гап зада буд. Буи дастони модарро аввалин маротиба дар ончо эҳсос карда буд. Он вакт ҳамсинфаш Алишер тушаҳо аз модарашро то ба ҳабсхона ба у расонид. Харисона порае аз кулча мегазид, мавизе ба даҳон мебурду ашкҳо аз дидагонаш фуруд меомаданд. Накҳати дастони модар ба машомаш мерасид.
Оромии ҳучраро садои аз кафи дасташ лагжида афтидани телефон халалдор намуд.
Телефонро аз тахтафарш бардошту байни кафи ҳарду дастонаш дошта, сар ба девор такя зад ва ба шифти хона нигоҳ карда боз ба фикр фуру рафт.
Хамсинфаш Алишер, ки сабабгори асоси се сол маҳбас шудани Раҳмат буд, то кушта шуданаш уро дастгирй мекард. Маҳз бо пулрезиҳои Алишер муҳлати зиндонй шудани Раҳмат, то як андоза кам гардид. Раҳмат ба ҳама азобу шиканчаҳо тоб оварда ҳамсинфашро нафурухт ва дар ниҳоят бегуноҳ ҳабс шуд. Оҳ, агар медонист, ки дар ҳучраи уву Алишер маводи наъшадор ҳаст, онгоҳ натанҳо аз он ҳучра мегурехт, балки тарки он шаҳр мекард.
Барои Раҳмат аз ҳама аламовараш марги нобаҳангоми падараш буд. Як хислати падараш ба ёдаш омаду дар лабонаш табассум дамид. Падараш нос намекашид, аммо хамеша бо худ нос гирифта мегашт. Чунки боре як ҳамдеҳааш аз у нос пурсид ва вакте, ки носкаш набуданашро изҳор намуд, он ҳамдеҳааш уро шухиомез «номард» хонд. Пас аз ҳамон руз то дами марг дар чайбаш барои носкашҳои бенос, нос гирифта мегашт, то барои ба онхо нос надоданаш номардаш нахонанд.
Раҳмат боз чанд муддат ба фикр фуру рафта, сипас ба додараш занг зад.
— Ало, Неъмат? Оча дар наздат нестанд?
— Не, ако. Наздашон равам?
— Не, не…
— Ако ман дар фикри бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбй рафтан…
— Хуб, хуб. Гуш кун, ба ман раками телефони Фотеҳро ёфта бо паёмак (смс) фирист.
— Гап нест ако.
— Факат зудтар. Хайр..





ВАТАН ТОЧИКИСТОН, ВАТАН ЗИНДА БОД!

9 04 2012

Чил руз мешавад, ки шоир, хонандаи доимии мо, як фарди дилсуз ба Ватану дину оин Саъдуллохи Мусо бо мо нестанд. Дуогуй бошем барояшон.

Инчо як порае аз ашъори устод меорам.
ВАТАН ТОЧИКИСТОН, ВАТАН ЗИНДА
БОД!

БА НОМИ ХУДОЕ, КИ ЧОН ОФАРИД,
ЗАМИНУ САМОЮ ЗАМОН ОФАРИД .
ЗИ РАФТОРУ ПИНДОРУ ХАРФИ НАКУ
ШУКУХИ БАНИ ОРИЁН ОФАРИД
БУВАД МИЛЛАТИ ТОЧИК ОРИНАЖОД,
ХУДО БИДХАД УРО ЗИ САХТИ НАЧОТ
БАДАХШОНУ ХАТЛОНУ РАШТУ
ХИСОР
ХУЧАНДУ ФАРОГОНАИ ФАЙЗБОР,
БУХОРУ САМАРКАНДИ ХАЙРОНИ МО,
ШУДА МАНБАИ РУХУ АРМОНИ МО.
ЗИХИ ТОЧИКИСТОНИ ОЗОДИ МО
ДИЁРИ АЗИЗУ ХУДОДОДИ МО.
ХАМА ХАМДИЁРОНИ ЯКЧАВХАРЕМ
БА МАЪНИ ХАМА УЗВИ ХАМДИГАРЕМ
АЗ ИН РУ ХАМА ШАХРВАНДИ ВАТАН
БА ВАХДАТ ШУДА ХАМЧУ ЯК ЧОНУ
ТАН
БАРОРЕМ АЗ ЯК ГИРЕБОН САРЕ
ГИРИФТА ХАМА ДАСТИ ХАМДИГАРИ.
ХАМА ТОЧИКИСТОНИЁН ДАР САФАР
ЗИ ВАХДАТ ШАВЕМ ОНЧУНОН БАР БА
БАР.
КИ ХАРЧАНД АФРОДИ НОНОВАРЕМ
ЗИ ВАХДАТ БА ХАР ЧО БА БОЛУ
ПАРЕМ.
БА ВАХДАТ ХАМА ЧАМЪИ МО ЗИНДА
БОД
САРАФРОЗУ ПУРШОНУ ПОЯНДА БОД!
(Саъдуллои Мусо, махсус барои торнигори «Мардикорнома»)





Курутоби бе курут

3 04 2012

Чанд вақт шуд, ки дустонам аз ноҳияи Вахш, каминаро ба қурутобхурй даъват менамуданд. Онҳо ду истгоҳ дуртар истиқомат мекарданд. Аввалҳо таклифашонро чиддй қабул намекардам. Ва боре писханд задам, ки қурутобро рафта дар Вахш мехурем, дар фурудгоҳҳои Русия қурут, гушт, равган ва баъзан носро мусодира карда ба партовгоҳ мепартоянд ку, пас барои қурутобпазй, қурут аз кучо?
Онҳо дар чавоб «ту биё меҳмонй баъд мебинй», гуфта механдиданд. Ниҳоят боре як асбоби сохтмонй лозим шуду наздашон рафтам. Онҳо зуд дар тараддуди қурутобпазй шуданд. Аз байн панч дақиқа ҳам нагузашта таом тайёр шуд. Дар як табақи калони чубй бардошта оварданд ва панч нафар ба он ҳучум кардем.
Бисёр хушлаззат омада буд. Таркиб ва тарзи тайёр карданаш ҳам мураккаб не. Хамаги як литр чургот (кефир), 200 грамм қаймоқ (сметана), 200 грамм равгани зард(сливочное масло) ва як дона пиёз. Масолеҳ барои қурутоб мушкилй нест, аммо чунин табақи чубиро дар Русия ёфтан мушкилй. Онҳо шухиомез ваъда доданд, ки чунин табақе ба ман низ хоҳанд ёфт, то ҳамсоязанаки ман низ солҳо гуфта гардад, ки «на пят человек одна тарелка».
Дар ин ҳол ба ҳамсояам чй посух доданамро ёфтам. Хоҳам гуфт, ки ин «тарэлка» не, ин «ТАРЭЭЭЛ». )))