Курутоби бе курут

3 04 2012

Чанд вақт шуд, ки дустонам аз ноҳияи Вахш, каминаро ба қурутобхурй даъват менамуданд. Онҳо ду истгоҳ дуртар истиқомат мекарданд. Аввалҳо таклифашонро чиддй қабул намекардам. Ва боре писханд задам, ки қурутобро рафта дар Вахш мехурем, дар фурудгоҳҳои Русия қурут, гушт, равган ва баъзан носро мусодира карда ба партовгоҳ мепартоянд ку, пас барои қурутобпазй, қурут аз кучо?
Онҳо дар чавоб «ту биё меҳмонй баъд мебинй», гуфта механдиданд. Ниҳоят боре як асбоби сохтмонй лозим шуду наздашон рафтам. Онҳо зуд дар тараддуди қурутобпазй шуданд. Аз байн панч дақиқа ҳам нагузашта таом тайёр шуд. Дар як табақи калони чубй бардошта оварданд ва панч нафар ба он ҳучум кардем.
Бисёр хушлаззат омада буд. Таркиб ва тарзи тайёр карданаш ҳам мураккаб не. Хамаги як литр чургот (кефир), 200 грамм қаймоқ (сметана), 200 грамм равгани зард(сливочное масло) ва як дона пиёз. Масолеҳ барои қурутоб мушкилй нест, аммо чунин табақи чубиро дар Русия ёфтан мушкилй. Онҳо шухиомез ваъда доданд, ки чунин табақе ба ман низ хоҳанд ёфт, то ҳамсоязанаки ман низ солҳо гуфта гардад, ки «на пят человек одна тарелка».
Дар ин ҳол ба ҳамсояам чй посух доданамро ёфтам. Хоҳам гуфт, ки ин «тарэлка» не, ин «ТАРЭЭЭЛ». )))

Реклама

Действия

Information

6 комментариев

16 04 2012
Насим

Ох ох хела шудас курутоб нахурдам акнун тайёр мекунем усули тайёр куниашро фахмидем

18 04 2012
Ilhom

Иштихои том, Насимчон! Факат аз ягончо ТАРЭЭЭЛ, аниктараш табак хам ёбед )))

18 04 2012
Насим

Рахмат! бачахакои ВАХШонзаминро саломи маро расонед бародари азизи ВАТАНам мана аз Вахш

19 04 2012
Ilhom

Насимчон саломатонро расондам. Онхо низ гуфтанд «Аз бачахакои калбаса салом!». ))
(Калбаса — номи гайрирасмии махаллае дар Вахшонзамин)

19 04 2012
Насим

Охо дустам кори савоб мекуни чи ман аз Бустон медонам Калбасро савхози ангурбог шояд моро шинос мекуни а дустам .худи Шумо аз кучо? ва хози дар кучо ?ман дар Маскав!

20 04 2012
Ilhom

Боше. Мо дар сибир.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: