Накхати дастони модар

18 04 2012

Бозори хариди яклухти «Южний»-и шаҳри Красноярск. Акаи Муллошо аз як точири хушкмевафуруши точик ним кило магз ва ним кило мавиз харида зуд ба таксй нишаста меравад.

— Ало! Модар! Оча?!..
— Лаббай, Раҳматуллои оча! Чони оча, мешунавам! Нагз ҳастй, писарам?..
— Ман нагз, модар, шумо чй хел? Саломатиатон чй хел? Акаму хоҳараку додараконам чй хел?..
— Нагз писарам, ҳамаамон нагз. На телефон мекунию, на ягон гапу хабар. Хайр майлаш пуле намефиристй, о аккалан як-як телефон кун, Раҳматуллоҳ. Эээ…
— Оча.. Оча, хайр гиря чй лозим?..
— Охир инчо ҳар руз як гапи нав мешунавам. Хоҳарат хабар овард, ки ту дар махбасй барои ҳамин ба чанозаи падарат наомадй. Духтари ҳамсоя аз акояш шунидааст. Тамоми деҳа овоза буд..
— Оча..
— Хайрият боз додарат пурсучу карда, хабар овард, ки дуруг будааст..
— Оча, шумо ба ҳар гап бовар мекунед? Ман хубам. Факат корҳо мазааш набуд, бекор будам.
— Фотеҳи писари ҳамсоя шаш маротибае рафта меояду.. Се сол шуд, писарам. Хайр ягон зани рус гирифта бошй ҳамроҳат биёр. Ё биё дар ҳаминчо духтари дилхоҳатро туй кун. Додарат ҳам калон шудааст. То кай навбат мепояд? Раҳматии падарат то дами марг чашм ба дар буд.
— ….
— Писарам, биё якбор баргард ба хона. Ин хел дур гаштан гирифтй дур шуда меравй.
— …
— Раҳмат?
— ҳа, модар.
— Баргард писарам.
— …
— Раҳмат, ба дасти Фотеҳ туша фиристода будам, ду нону магзу мавиз. Гирифтй?
— Кай? Оча, охир писари ҳамсоя ба дигар шаҳри Русия рафта меояд, ман дар дигар шаҳр, чанд бор гуфтам..
— Ээ писарам у ҳам Расия меравад доим. Нагирифтй — чй?
— Гирифтам оча, гирифтам, раҳмат.
— Хайр майлаш паноҳат ба Худо, писарам. Бисёр гап назанем пули телефонат тамом нашавад..
— Ээ модар, гами телефони маро ҳам хурдед..
— Хайр писарам, худата эҳтиёт кун! Аз вай обҳои сафед нахур писарам. Кушоиши корат диҳад Худо! Согу саломат амоната баргардонад Худо!
— Хайр, модар, хайр…

Сарди ба -37-39 градус мерасид. Шохҳои дарахтон дар огуши барф сархам менамуданд. На шамоле, на насиме, на шаббодае. Осмон якранг буд, сафеди моил ба хокистарй. Офтоб сеюм моҳ аст, ки боре ҳам худро нишон надодааст. Рузҳои беофтоб. Дар осмон ҳатто мавзеи будани офтобро наметавон ёфт. Хатто зоге наменамуд дар ин зимистонҳои Сургут. Табиат гуё мурда буд.
Раҳмат низ бо табиат ҳамовоз шуда, намехост дараке аз ҳаракат нишон диҳад. Гуё ях карда бошад худ бехабар монд, ки чанд дакика карахт ва аз чои нишастааш намечунбид. Нигоҳаш ба намие, ки ончо ашки чашмонаш чакида буд духта шуда, ҳатто мижа намезад. Садои модараш боз чанд муддат дар гушаш садо медод. Охирон маротиба чор моҳ пеш аз ҳабсхона бо модараш гап зада буд. Буи дастони модарро аввалин маротиба дар ончо эҳсос карда буд. Он вакт ҳамсинфаш Алишер тушаҳо аз модарашро то ба ҳабсхона ба у расонид. Харисона порае аз кулча мегазид, мавизе ба даҳон мебурду ашкҳо аз дидагонаш фуруд меомаданд. Накҳати дастони модар ба машомаш мерасид.
Оромии ҳучраро садои аз кафи дасташ лагжида афтидани телефон халалдор намуд.
Телефонро аз тахтафарш бардошту байни кафи ҳарду дастонаш дошта, сар ба девор такя зад ва ба шифти хона нигоҳ карда боз ба фикр фуру рафт.
Хамсинфаш Алишер, ки сабабгори асоси се сол маҳбас шудани Раҳмат буд, то кушта шуданаш уро дастгирй мекард. Маҳз бо пулрезиҳои Алишер муҳлати зиндонй шудани Раҳмат, то як андоза кам гардид. Раҳмат ба ҳама азобу шиканчаҳо тоб оварда ҳамсинфашро нафурухт ва дар ниҳоят бегуноҳ ҳабс шуд. Оҳ, агар медонист, ки дар ҳучраи уву Алишер маводи наъшадор ҳаст, онгоҳ натанҳо аз он ҳучра мегурехт, балки тарки он шаҳр мекард.
Барои Раҳмат аз ҳама аламовараш марги нобаҳангоми падараш буд. Як хислати падараш ба ёдаш омаду дар лабонаш табассум дамид. Падараш нос намекашид, аммо хамеша бо худ нос гирифта мегашт. Чунки боре як ҳамдеҳааш аз у нос пурсид ва вакте, ки носкаш набуданашро изҳор намуд, он ҳамдеҳааш уро шухиомез «номард» хонд. Пас аз ҳамон руз то дами марг дар чайбаш барои носкашҳои бенос, нос гирифта мегашт, то барои ба онхо нос надоданаш номардаш нахонанд.
Раҳмат боз чанд муддат ба фикр фуру рафта, сипас ба додараш занг зад.
— Ало, Неъмат? Оча дар наздат нестанд?
— Не, ако. Наздашон равам?
— Не, не…
— Ако ман дар фикри бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбй рафтан…
— Хуб, хуб. Гуш кун, ба ман раками телефони Фотеҳро ёфта бо паёмак (смс) фирист.
— Гап нест ако.
— Факат зудтар. Хайр..

Реклама

Действия

Information

3 комментария

18 04 2012
Ilhom

(Давом дорад)

19 04 2012
TojNews

Салом алейкум,
Банда аз ожонсии хабарии ТоҷНюс (www.tojnews.org) ба Шумо менависам. Мо алҳол омонаи навро барои ожонсӣ омода кардаем ва мехоҳем маводеро аз блоги Шумо дар он ҷой диҳем. Шумо ба ин чӣ назар доред?

19 04 2012
Ilhom

Салом! Бе мамониат метавонед чой дихед. Танхо гузоштани тор(ссылка) ба манбаъро фаромуш накунед. Сипос ва муваффакият!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: