Алвидоъ, Лас-Книгас!

23 04 2012

Вақтҳои охир ҳис кардам, ки дар шабакаи чамъиятии Фейсбук вақти худро бисёр мегузаронам. Бинобар ин ба худ қавл додам ба магозаи китобфурушии дустдоштаам «Лас — книгас» рафта ягон китоб бихарам ва дар вақтҳои фориг ба чои дар ФБ нишастан ба мутолиаи китоб машгул шавам. Инчунин хеле вақт шуд, ки аз ин гипермаркети китоб дидан накардаам.
Соли гузашта зуд-зуд аз ончо дидан мекардам.
Аввалин ташрифам ба ин магоза фаромушношуданист.
Боре дар торнигори нависандаи номдор Салим Аюбзод мақолаеро «дар бораи нависандаи турк Орхан Памук»
хондам. Пас аз чанд руз роҳам аз назди он магоза мегузашт ва ба хотирам он нависанда омад. Хостам китобе аз эчодиёти Памук бихарам ва вориди магоза шудам. Дар даруни магоза дар самти чапи даромадгоҳ дар курсие посбон нишаста буд, ки аз либосхояш маълум буд.
Баробари дидани ман аз чояш каме нимхез шуда хост чизе бигуяд. Ман ба нигоҳи ҳайратовари у диккат надода бепарво ба суи рафи китобҳо равона шудам. Шояд бепарво вонамуд кардани ман буд, ки чизе гуфтанашро надонист танхо хайрон-хайрон маро назорат мекард. Шояд мехост бигуяд, ки «эй точик, инчо хлеб намефурушанд»? Ба ҳар ҳол ман аллакай дар огуши рафхои китоб будам ва сухани у ногуфта монд.
Дар байни рафҳои китоб маслихатгарон (консультант) рафтуо мекарданд. Дар чеҳраи онхо низ баробари маро дидан як ҳайрати хандаомез дида мешуд. Ва бо хам чизе гуфта паст-паст механдиданд.
Аз тамошои китобхо лаззат мебурдам. Ва дар дил нақша мекашидам, ки вақте маош гирифтам ана ин ва ана вай китобро мехарам. Хаминтавр оҳиста ва бе саросемагй китобхоро аз назар мегузарондам. Баробари ин кушиш мекардам симои худро на як муҳочири сохтмончй, балки гуё як донишманд ва босавод вонамуд намоям, аммо муяссарам нашуд ва маслиҳатгарон аз чор тараф ҳар як ҳаракати маро назорат мекарданд. Бо гушаи чашмам суяшон як нигоҳ партофтам. О ваҳ, посбон хам чои нишасташро партофта ба назорати ман омадааст. Худро дузд ҳис кардам, дузде ки мехохад дар лахзаи муносиб китоберо зери доман пинҳон карда, барад ва фурухта нон бихарад. То ҳадде худро нохинчор хис мекардам. На, на ноҳинчор, балки аз алам метаспидам. Мехостам суяшон дагал ва бо садои баланд гуям «Чй ин қадар нигох доред?! Чй точикон китоб намехонанд? Хамзабонону хамнажодони Хайёму Синову Мавлавй китоб намехонанд?! Ё хуқуқи китобхонй надоранд?? Равед аз паи коратон шавед! Халал надихед, ман китоб интихоб карда истодаам «.
Эх, ки маро гуфт ба ин магоза даро? Э, кош намедаромадам.. Акнун ки даромадам набояд бекитоб берун оям.
Нихоят яке аз маслиҳатгарон бетокат шуда наздам омад ва бо табассум пурсид, ки чи хел китоб мечуям ва оё у ёрй дода метавонад. Дар табассуми у як навъ тамасхуре хувайдо буд, ки мегуфт «ин чо чй мечуй, ки ин магозаи хурока нест». Дар ин лаҳза мехостам дар чашмонам айнаке булурин бошад. Айнаке мисли айнаки устодам профессор Турсунов. То айнакро каме поён карда аз болои он нигариста ба ин маслиҳатгардухтар нигарам ва посухаш диҳам.
Ба у посух додам, ки чизе аз навиштаҳои Орхан Памук мехоҳам. Табассуми маслиҳатгар баробари шунидани ин ном гайб зад ва акнун нигоҳи у тагир хурда буд.
«Они там, пройдёмте..» гуён суи дигар рафҳои китоб рафт. Ва ба як дона китоб ишора карда илова намуд, ки ягона китоби бокимондаи Памук аст. Номи китоб «Джевдетбей и сыновья» буд. Китобро ба даст гирифта як каме варақ задам. Дар пушти китоб нархнома часпонида шуда буд. О ваҳ, 800 рубли русй! Пулҳои кисаам наздик ба ҳазор рубл буданд.
Акнун майдон, ки баромадам дигар чои қафо гаштан набуд. Китобро гирифта назди «касса» рафтам ва ҳисобй карда аз магоза баромадам. Баъд аз ин ҳар боре ки ба ин магоза мерафтам маро бо чеҳраи кушод ва эҳтиром хидматрасонй мекарданд. Ва хатто агар бехарид магозаро тарк намоям ҳам бо чеҳраи кушода хайрухуш мекарданд.
Чун имруз пой суи магоза ниходам, аммо он пушида буд. Аз руи речаи кори бояд кушода бошад, ҳайрон шуда мунтазир истодам. Аз дари даромадгоҳи хидматии магоза зане миёнасол берун шуд. Аз у пурсидам, ки чаро магоза боз нест. Посух дод, ки компанияи «Книгомир» муфлис шуд ва магоза дигар кор намекунад.

Реклама

Действия

Information

19 комментариев

24 04 2012
ХИЛВАТШО

Хакикати талх. Вокеан хам камтар мардум бовар доранд, ки точик китоб мехонад. Офарин, нигоштаи хубе ва хонадни аст. Акои Салим 800 рубл карздор шуданд

26 04 2012
Ilhom

Сипос Хилватшохи гиромй!
Э кош, нархи китобро баландтар мегуфтам..
Ха ха ха)))

26 04 2012
Ilhom

.
Salim Aioubzod
:
Илҳомчони боҳунар! Ман 800 рубл
қарздор, барои он ки пас аз хондани
блоги ман китоби Памукро
харидаед. Вале миллат аз Шумо
миллионхо доллар карздор, ки бо
ин рафтори худ обруи точиконро
дар назди бегонаҳо боло бурдед.
Иттифоқан, ҳамон сузанони худро
бе асабонияту хашм ба он нафарон
мегуфтед, боз бехтар мешуд.
Пешниҳоди ман ин аст, ки ҳамин
навиштаи худро ба русй ҳам нашр
кунед, бигзор онҳо бихонанд.

26 04 2012
Ilhom

Илҳоми Иброҳим
:
Пешниходи олй бузургвор! Хатто
шояд мешавад дар ягон хафтаномаи
махаллй онро ба чоп супурд. Хатман
аз паяш хохам шуд. Саломат бошед!

26 04 2012
Ilhom

Азиз Каримов
:
Навиштаатон хеле чолиб аст. Агар
рози бошед дар хафтаномаи
«Озодагон» нашр мекунем.

26 04 2012
Ilhom

Илҳоми Иброҳим
:
Боше, Азизчон. Сипос.

26 04 2012
Ilhom

Salim Aioubzod
:
Аммо ба руси нашр шавад, бехтар
аст.

26 04 2012
Ilhom

Илҳоми Иброҳим
:
Хафтаномахои махаллй дар инчо
(Красноярск) якчандтоанд, ки
боварй дорам нашр хоханд кард.
Фурсат ки ёфтам онро бо русй
тарчума хохам кард.

26 04 2012
Ilhom

Азиз Каримов
:
Албатта ба руси чоп шавад хубтар
аст, аммо дар Точикистон чоп
шуданаш низ аз манфиат холи нест.
Ман алакай бо як каме тарири
забони дар сахифаи Озодагон
гузоштам.

26 04 2012
Ilhom

Nizami Nizomi
:
Воқиан,инчо устоди гироми Салим
А,боис шуданд ва айби худро низ
бар замма гирифтаанд,ки чаноби
Илҳомро дучори чунин ҳолатҳои
ногузиру бесобиқа кунанд ва
ҳамчунон чейби эшонро холи
кунанд.Вале аз дигар чониб эшонро
ошиқу муниси беҳтарин дуст
кардаанд.Хеле мавзу ва ё манзараи
фақулода,воқиан,хонданаш аз
таасуроти вижае холи нест. Агар
имкон бошад бо забони руси ва
точики дар рузномаҳои маҳали ва
хоричи руи чоп ояд беҳтар аст.

26 04 2012
Ilhom

Сипос, бародар Низомй.

26 04 2012
Ilhom

Salim Aioubzod
:
Азизчон, намешавад, ки «Озодагон»
он зарари молии чаноби Илҳоми
Иброҳимро (800 рубли русй!!!) то
андозае чуброн кунад? Ё инро ака
Ххилватшоху акаи Зафар ҳал
мекунанд?

26 04 2012
Ilhom

Илҳоми Иброҳим
:
Бузургвор, Шумо чиддй мегуед ё
шухй буд? Ин маблаги
китоб нимруза кори ман аст ва
баъзан шояд яксоата. Ва гизои
маънавие, ки аз мутолиаи ин китоб
гирифтам бебахост. Шояд ман аз
Шумо карздорам, ки чашмамро ба он
дигар тарафхои маърифат боз
кардед. Хафтаномахои мустакил
нашр шаванду журналистон тарки
касб ё тарки Ватан накунанд бас аст.
Саломат бошед!

26 04 2012
Ilhom

Salim Aioubzod
:
Ман шухй кардам, то ҳиммати
«Озодагон» маълум шавад.

26 04 2012
Ilhom

Хилватшо Ходжаев
:
Salim Aioubzod, Устоди гироми,
мушкиле нест. Хар пайкори мусбат,
ки дар ростои манофеи милли ва
гузашта аз ин дар муаррифии
бештари миллат дар хорич аз
кишвар ва хам дар каламрави
Точикистон сурат мегирад, сари
озодмардону озодагони точикро ба
осмон баланд мекунад. Х,иммат
х,аст, албатта барои ун х,икмати
оли. Зинда бошед.

26 04 2012
Ilhom

Азиз Каримов
:
Устод, хар вакт, ки Илхомчон
Душанбе биёянд «Озодагон» хозир
аст, ки хам чуброн бипардозад ва
низ дигар китобхои Памукро дар
ихтиёрашон гузорад.»Озодагон»
хамеша дар хидмати озодагон хохад
буд.

26 04 2012
Ilhom

Илҳоми Иброҳим
:
Сипоси бенихоят, азизон! ))

26 04 2012
Ilhom

Salim Aioubzod
:
Хилватшоҳи гиромй ва Азизчони
азиз, ростй, ман ҳазл кардам. Вале
ҳоло аз ҳиммати баланди «Озодагон»
шод шудам. Ва аз мавзеъгирии
шумо. Бароятон барори кор орзу
мекунам. Инро ҳам медонам, ки
«Озодагон» аз қаламкашони чавон
ва ватандуст пуштибонй мекунад.

26 04 2012
Ilhom

Азиз Каримов
:
Саломату сарафроз бошед устод.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: