Ин дард ба ки мегуй

16 05 2012

Ин харф зи чи гуям,
ин дард ба ки гуям
хамрози дили гамнок
хобида ба зери хок.
Во хасрати он рузхо
во хасрати дилдори
вой дод ки имруз дил
хобида ба зери хок.
Он чехраи нурони,
он мазмуну он маъни,
он дасти саробони,
хобида ба зери хок.
Хайфо ки нигохи пур
аз дарду пур аз маъни
хайфо ки он лабханд,
хобида ба зери хок.
Он пушту панохи мо,
рушангари рохи мо,
он хуршеду мохи мо,
хобида ба зери хок.
Он дилсузу хамрозам,
хамнишину хамсозам,
он дусти азизи ман,
хобида ба зери хок.
Дах сол ки илхомй,
чисм зиндаву рух мурда,
орзуву нишоти у
хобида ба зери хок.
Аз ашк чи мегуи,
ин дард ба ки мегуи,
додои азизи мо,
хобида ба зери хок.





«МАРДИКОРНОМА» СЕ СОЛА ШУД!

3 05 2012

ТАЪСИСЁБЙ
Се сол пеш, нуҳуми майи соли 2009 торнигори «Мардикорнома» таъсис ёфт. Тасодуфан ва бе тарҳрезй санаи таъсис маҳз ба рузи ғалаба дуруст омад. Шояд ин ғалаба бар танҳой буд?
Торнигор бо телефони дастй таъсис ёфта ва то ҳануз идора мешуд. Дар бисту як рузи аввал бисту як маводро ба хонандагон пешкаш намуд. Аз ҳама муваффақтарин ва пурхонандатарин мавод то ҳоло «Замоне ки узбак точик мешавад» ҳаст, ки назарҳои хонандагон бо сабаби сахтгуихо ду маротиб ҳазф гардида шумораи онҳо аз дусад мегузашт.
Тули ин се сол зиёда аз 100 мавод навишта шуд, ки асосан паҳлуҳои ҳаёти муҳочиронро дар бар мегирифтанд. Дар чандин торнамою форумҳо шоҳиди он будам, ки матлабҳои торнигорро аз номи худ муаррифй менамуданд. )))
Тули ин се сол устодони худро Сайидюнуси Истаравшанй, Салими Аюбзод ва Дориюши Рачабиён меҳисобам, ки аз навиштахои онҳо хеле баҳра гирифтаам.

БЕ ПИР МАРАВ..

Вакте нафаре ба сафар мебарояд пирон ба у фотиҳа медиҳанд.
Вокеан яке аз муваффақиятҳои торнигор, ки шумораи боздидҳояш аз 43-ҳазор гузашт ин фотиҳаи устодон буд.
Салими Аюбзод:
«Таъсиси ин торнигорро ба Шумо ва хамаи мухочирони точик
табрик мегуям. Аз самими дил мехохам, орзухои Шумо чомаи амал бипушанд. Бароятон дар ин роҳи дароз муваффақият ва пирузй мехоҳам. Пайвандаки торнигори Шуморо дар блоги худ чой додам, зеро ба ман бисёр писанд омад ва умедворам ба ҳазорон нафари дигар низ писанд хоҳад омад. Сарбаланд бошед!»
05-2009

Дориюши Рачабиён:
«Дуруд бар Илҳоми гиромй ва сипоси фаровон аз торнигоре,
ки ба торнигористони точик тақдим кардаед. Бисёр чолибу хонданист. Бароятон беҳтарин
орзуҳоро дорам. Поянда бошед,
Дориюш»
05-2009

Хамин тавр фотиҳаи пирони корро гирифта ба роҳ баромадам.

ОХИРСУХАН
Тули ин се сол ҳар гуна ҳучумҳои равонй аз қабили номаҳои бад ҳам албатта бисёр буданд. Ба он маъно низ буданд, ба гуфти як «дуст» , «гастарбайтерита карда гард..».. )))
Гуё чои нафареро танг карда бошам.
Ва гуё на ҳар кас ҳақ дорад, ки саҳифае дар шабакаи васеъи интернет дошта бошад. Чй андешаҳои хоме.

Рости гап бо таъсиси торнигор ман на шуҳрат мехоҳаму на чизе дигар, балки ин як кулбае буд, ки ин чо гоҳ-гоҳ дарди дил мерехтам.
Ва ниҳоят тасмим гирифтам се солагии торнигорро чашн гирифта, сипас дарҳои уро бибандам. Чунки ҳама гуфтаниҳое, ки гуфтан мехостам, гуфтам ва ногуфтание намонд. Саломат бошед!





Лухтаки «надувной» ва акаи Муллошо

3 05 2012

Фотеҳ, Мусо ва акаи Муллошо пас аз як ҳафтаи бекорй ниҳоят кор ёфтанд. Дар деҳаи берун аз шаҳр ба як бойбачаи рус аз хишти пухта хонаи дуошёна месохтанд. Деворгарй ин шугли дустдоштаи Мусо буд. Ба гуфти худаш у аз ин кор ҳаловат мебурд ва хастагиро ҳис намекард.
Соат аз чори бегоҳ гузашта буд. Фотеҳ пешниҳод кард, ки панч дакика танаффус карда як чойнушй намоянд. Даст шуста ба чойнуши нишастанд. Баробари чойнушй суҳбат авч гирифт. Мавзуи суҳбат зан ва нафси шаҳвонии мард буд. Муллошо риштаи сухбатро ба даст гирифта ба накл огоз кард:
— Бачаҳо як саргузаштамро накл мекунам , лекин мазоҳ накунед.
Боре дар бустонсаройҳои(дача) атрофи Маскав кор мекардам. Дар наздикиамон се «хохол» (украиниҳо) низ кор мекарданд. Гоҳ-гоҳ бегоҳирузиҳо дар куча бо онҳо суҳбат мекардам. Боре ба ман яке аз онҳо гуфт, ки як фоҳишадухтарро овардаанд ва агар хоҳиш дошта бошам метавонам наздаш равам. Дигараш тасдик карда илова намуд, ки пул даркор нест, танҳо як шиша шароб бихарам шуд. Ман чавоби рад дода ба чои хобам баргаштам. Дар ин фикр хобам набурд. Охир ҳафт-ҳашт моҳ бо зан набудам. Тасмим гирифтам ба магоза рафта шароб харида наздашон равам.
Кисса кутоҳ, хубакак шустушуй намуда, хушбуиҳо зада шаробро гирифта наздашон рафтам. Онҳо маро бо хандаю чеҳраи кушода истикбол гирифта таклиф ба сари миз намуданд. Хама нишастем, аммо духтаре набуд. Онҳо шаробро кушода ба нушидан сар карданд. Хостанд ба ман ҳам резанд, аммо ман рад карда пурсидам, ки он духтар кучост? Онҳо таклиф карданд, ки як пиёла шароб нушаму сипас ба ошёнаи дуввум бароям. Ман ки наменушам катъиян рад карда бо ичозаи онҳо ба суи зинапоя равон шудам. Ба хотирам чизе расиду бозпас гашта аз онҳо номи духтаракро пурсон шудам. Онҳо ба ҳамдигар нигоҳ карда, сипас яке аз онҳо «Маша» гуфт ва илова кард, ки он духтар хоб аст, вале ман бояд бе гап корро дидан гирам.
Ба ошёнаи дуввум баромадам. Дар кунчи хона дар кати хоб касе мехобид. Болои у бо латтае пушонида буд. Хатто сари у зери болопуш буд. Аз руи пастхамию баландиҳои болопуш маълум буд, ки зане хоб аст ва сохту тарҳи бадани у ки ҳануз зери болопуш буд хеле писандам омад.
Бо эҳтиёт дар як кунчи кат нишаста уро наззора мекардам. Сипас ду се маротиба «Маша, Машенка..» гуфтам. Аммо аз у чавобе набуд. Як лаби болопушро каме яктарафа карда пойҳои уро охиста молидам. Пойҳояш хунук буданд. Ба назарам пойҳои у гайриоддй намуданд. Эътибор надода болопушро аз руяш гирифтам. Дидам лухтаке «резинй» бо чашму даҳони кушода.. ха ха ха ха …

Фотех, ки дар ин лаҳза чой ба даҳон гирифта буд, «пухх» гуфта суи дар давид. Хама хуб хандиданд. Фотеҳ суҳбатро идома дод.
— Ман низ вакте дар Маскав кор мекардам дар як ҳучраи калон, ки катҳои дутабака дошт, даҳ — дувоздаҳ нафар хоб мекардем. Як чавон зуд-зуд бегоҳиҳо борхалтае дар даст «ман як чарх зада меоям» гуфта як-ду соат гайб мезад, ва баргашта борхалтаашро зери кат пинҳон мекард. Хама ба ин амали у бо шубҳа нигоҳ мекардем. Рузе се чавони дигар дар соати корй ва набудани дигарон зери кати уро кофта борхалтаро меёбанд ва мебинанд, ки ончо лухтаки бодй будааст. Хуллас ҳар се ба чангал рафта соате пас меоянд ва борхалтаро дар чои пештара мегузоранд. Бегоҳ соҳиби борхалта боз ба кучое гайб зада ин дафъа зуд ва бе борхалта баргашт. Дар чеҳраи у каҳру газаб намудор буд. Аз ҳамагон пурсон шуд ки таги кати уро кй кофтааст? Хама ҳайрон чавоби рад медоданд ва мепурсиданд, ки чизеро касе дуздидааст? У дар чавоб ба нишонаи «дуздҳо» дашном мефиристод. Як чавон ба дашномҳо тоб наоварда пурсид, ки «чаро бо дасти холй баргаштй, янгашка кучост?». Соҳиби борхалта лаҳзае ба у нигариста чавоб дод «янгашкаро куштам, барои ба ишки поки ман хиёнат карданаш уро куштам! Ха ха ха…». Ва се нафар чавону соҳиби борхалта девонавор механдиданд. Ва ҳамдигарро «боча» гуфта аз ханда ашк мерехтанд. Баъд дигарон низ аз асли вокеа бохабар шудем, хуб хандидем ва лакаби ҳарчорашонро «бочаҳо» гузоштем.

Мусою акаи Муллошо низ хуб хандиданд. Мусо пиёлаи холишударо руи миз гузошта, гуфт: — Хайр, мехезем? Панч дакика гуфта хеле нишастем. Аккалан ду «куб»-и дигар девор занем..

Ва ҳама хеста дастпушҳои корй пушида ба кор часпиданд.