Лухтаки «надувной» ва акаи Муллошо

3 05 2012

Фотеҳ, Мусо ва акаи Муллошо пас аз як ҳафтаи бекорй ниҳоят кор ёфтанд. Дар деҳаи берун аз шаҳр ба як бойбачаи рус аз хишти пухта хонаи дуошёна месохтанд. Деворгарй ин шугли дустдоштаи Мусо буд. Ба гуфти худаш у аз ин кор ҳаловат мебурд ва хастагиро ҳис намекард.
Соат аз чори бегоҳ гузашта буд. Фотеҳ пешниҳод кард, ки панч дакика танаффус карда як чойнушй намоянд. Даст шуста ба чойнуши нишастанд. Баробари чойнушй суҳбат авч гирифт. Мавзуи суҳбат зан ва нафси шаҳвонии мард буд. Муллошо риштаи сухбатро ба даст гирифта ба накл огоз кард:
— Бачаҳо як саргузаштамро накл мекунам , лекин мазоҳ накунед.
Боре дар бустонсаройҳои(дача) атрофи Маскав кор мекардам. Дар наздикиамон се «хохол» (украиниҳо) низ кор мекарданд. Гоҳ-гоҳ бегоҳирузиҳо дар куча бо онҳо суҳбат мекардам. Боре ба ман яке аз онҳо гуфт, ки як фоҳишадухтарро овардаанд ва агар хоҳиш дошта бошам метавонам наздаш равам. Дигараш тасдик карда илова намуд, ки пул даркор нест, танҳо як шиша шароб бихарам шуд. Ман чавоби рад дода ба чои хобам баргаштам. Дар ин фикр хобам набурд. Охир ҳафт-ҳашт моҳ бо зан набудам. Тасмим гирифтам ба магоза рафта шароб харида наздашон равам.
Кисса кутоҳ, хубакак шустушуй намуда, хушбуиҳо зада шаробро гирифта наздашон рафтам. Онҳо маро бо хандаю чеҳраи кушода истикбол гирифта таклиф ба сари миз намуданд. Хама нишастем, аммо духтаре набуд. Онҳо шаробро кушода ба нушидан сар карданд. Хостанд ба ман ҳам резанд, аммо ман рад карда пурсидам, ки он духтар кучост? Онҳо таклиф карданд, ки як пиёла шароб нушаму сипас ба ошёнаи дуввум бароям. Ман ки наменушам катъиян рад карда бо ичозаи онҳо ба суи зинапоя равон шудам. Ба хотирам чизе расиду бозпас гашта аз онҳо номи духтаракро пурсон шудам. Онҳо ба ҳамдигар нигоҳ карда, сипас яке аз онҳо «Маша» гуфт ва илова кард, ки он духтар хоб аст, вале ман бояд бе гап корро дидан гирам.
Ба ошёнаи дуввум баромадам. Дар кунчи хона дар кати хоб касе мехобид. Болои у бо латтае пушонида буд. Хатто сари у зери болопуш буд. Аз руи пастхамию баландиҳои болопуш маълум буд, ки зане хоб аст ва сохту тарҳи бадани у ки ҳануз зери болопуш буд хеле писандам омад.
Бо эҳтиёт дар як кунчи кат нишаста уро наззора мекардам. Сипас ду се маротиба «Маша, Машенка..» гуфтам. Аммо аз у чавобе набуд. Як лаби болопушро каме яктарафа карда пойҳои уро охиста молидам. Пойҳояш хунук буданд. Ба назарам пойҳои у гайриоддй намуданд. Эътибор надода болопушро аз руяш гирифтам. Дидам лухтаке «резинй» бо чашму даҳони кушода.. ха ха ха ха …

Фотех, ки дар ин лаҳза чой ба даҳон гирифта буд, «пухх» гуфта суи дар давид. Хама хуб хандиданд. Фотеҳ суҳбатро идома дод.
— Ман низ вакте дар Маскав кор мекардам дар як ҳучраи калон, ки катҳои дутабака дошт, даҳ — дувоздаҳ нафар хоб мекардем. Як чавон зуд-зуд бегоҳиҳо борхалтае дар даст «ман як чарх зада меоям» гуфта як-ду соат гайб мезад, ва баргашта борхалтаашро зери кат пинҳон мекард. Хама ба ин амали у бо шубҳа нигоҳ мекардем. Рузе се чавони дигар дар соати корй ва набудани дигарон зери кати уро кофта борхалтаро меёбанд ва мебинанд, ки ончо лухтаки бодй будааст. Хуллас ҳар се ба чангал рафта соате пас меоянд ва борхалтаро дар чои пештара мегузоранд. Бегоҳ соҳиби борхалта боз ба кучое гайб зада ин дафъа зуд ва бе борхалта баргашт. Дар чеҳраи у каҳру газаб намудор буд. Аз ҳамагон пурсон шуд ки таги кати уро кй кофтааст? Хама ҳайрон чавоби рад медоданд ва мепурсиданд, ки чизеро касе дуздидааст? У дар чавоб ба нишонаи «дуздҳо» дашном мефиристод. Як чавон ба дашномҳо тоб наоварда пурсид, ки «чаро бо дасти холй баргаштй, янгашка кучост?». Соҳиби борхалта лаҳзае ба у нигариста чавоб дод «янгашкаро куштам, барои ба ишки поки ман хиёнат карданаш уро куштам! Ха ха ха…». Ва се нафар чавону соҳиби борхалта девонавор механдиданд. Ва ҳамдигарро «боча» гуфта аз ханда ашк мерехтанд. Баъд дигарон низ аз асли вокеа бохабар шудем, хуб хандидем ва лакаби ҳарчорашонро «бочаҳо» гузоштем.

Мусою акаи Муллошо низ хуб хандиданд. Мусо пиёлаи холишударо руи миз гузошта, гуфт: — Хайр, мехезем? Панч дакика гуфта хеле нишастем. Аккалан ду «куб»-и дигар девор занем..

Ва ҳама хеста дастпушҳои корй пушида ба кор часпиданд.

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: