Ёде аз чанги шахрвандй

24 06 2012

Одамоне, ки чангро дидаанд, дар ин мавзуъ бештар хомуширо ихтиёр мекунанд ва ба ёд овардан намехоҳанд.
(ҳақиқати вокей аз нақли шоҳидони зинда)

«Падар, барои чи самолётҳо бомбҳои худро дар лаби дарё мепартоянд?» — ин суоли Хайриддини он замон 17-сола буд.
«Чунки бояд бе бомб ба база баргарданд. Аз афташ самолётҳои русҳоанд. Агар аз они Тошканд мебуданд ин тавр намекарданд..» — ва ин охирин посух ё харфҳое буданд, ки аз падараш шунид.
Тудаи дарози гурезаҳо, ки асосан аз муйсафедону зану духтарон ва кудакон иборат буд ба самти Чиликул роҳ мепаймуданд. Хаво таспону чангу губоролуд буд. Самолётҳо аз болои сарашон гурросзанон мепариданд. Хеч кас бовар надошт, ки онҳо ба суи гурезаҳо бомб мепартоянд, бинобар ин дигар ба онҳо эътибор ҳам намедоданд.
Падари Хайриддин аз руи самти омадани ҳавопаймохо аник гуфта метавонист, ки онҳо аз они Русияанд ё Узбакистон. Ва ҳар бор аз роҳравй бозистода сар мебардошту аз кадом самт омадани самолётҳоро нигоҳ мекард. Онвактҳо Точикистон ҳавопаймоҳои чангй надошт.
Боз гурроси самолёт садои шарфаи кадамзанй ва гоҳ-гоҳ садои гиряи кудакхоро, халалдор намуд. Ин дафъа падари Хайриддин аз самти дигар омадани ҳавопаймоҳоро дида безобита менамуд ва чизе гуфтан мехост. Бо садои гурроси самолёт садои таркиши бомб ҳамовоз шуд.
Ба гурезаҳои мардуми оддию беярок паи ҳам бомб партофта мешуд. Доду фарёд ҳамачоро паҳн кард. Хама ҳар тараф мегурехт. Бомбҳо дар миёни тудаҳо зада мекафиданд. Часадҳо ба ҳар су пош мехурданд. Тудаҳо пароканда мешуданд. Хама ба ҳар тараф мегурехт…

Хайриддин, аз байни часадҳо падар мечуст..
Каме дуртар модараш ва хоҳараш фигону нола доштанд..
Аз нисф зиёди гурезаҳо шаҳид шуда буданд. Ниҳоят Хайриддин часади бечони падарашро пайдо кард.
Часадҳоро ба хок супурданд.
Хайриддин, аз модараш хоҳиш кард ба деҳа баргашта зидди душманон ярок бигирад. Аммо модар ин дафъа низ розй нашуд. Дируз ба онҳо хабар расид, ки аз деҳаи ҳамсоя ҳамаи мардону чавонписарони точикро ба самти Регар бурда ба чукурие партофтаанд. Ва зинда ба зинда бо булдозер онҳоро гур кардаанд. (!)
Ин кори дасти гуруҳи Ибод ва чангиёни аз Узбакистон омада буд.
Он солҳо дар Регар бо забони точики гап задан мумкин набуд.
Солҳо гузаштанд. Хайриддин шаҳрванди Русияро гирифт ва 16 сол мешавад ба Ватан барнагаштааст. Чунки дигар дар Точикистон касе надорад.
Хайриддин дар чашм доим айнаки сиёҳ дорад. Чашмони худро мепушонад. Мегуянд дар чашмонаш сафедие нест. Сафедиҳо ҳама хун гирифта сурх гаштаанд. Пас аз он ки модару хоҳарашро дар пеши назараш бо ваҳшоният ба катл расонидаанд..

ХУДОЁ, КУРБОНИЁНИ ЧАНГИ ШАХРВАНДИРО САЗОВОРИ БИХИШТ ГАРДОН! ХУДОЁ, ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОЧИКРО БА БАДТАРИН РУЗХО ГИРИФТОР НАМО!

Реклама




Рамз ё тасодуф

18 06 2012

«Ман ба ту чанд бор гуфтам?! Дигар ба ман занг назан?! Садоятро шунидан намехоҳам!».. Мусо ба ҳамсараш, ки аз Точикистон занг зада буд, инро гуфту телефонашро хомуш кард ва аз хона баромада суи истгоҳ раҳсипор шуд.
Пагоҳирузй, соат такрибан ҳафт. Истгоҳ серодам буд. Одатан пагоҳиҳо ва бегоҳиҳо ҳаминтавр серодам мешавад. Мусофирбарҳо думидардум меомаданду мерафтанд. Одамон ба мусофирбарҳо менишастанду боз одамони нав ба истгоҳ меомаданд.
Мусо, дар интизори мусофирбари раками 32, гоҳ ба як пояш такя мекарду гоҳ ба пои дигар, ва ҳар замон телефони мобилиашро аз кисааш бароварда, чанд шудани соатро аник мекард.
Ба истгоҳ аз пайроҳаи паҳлуи чап як муйсафед ва пиразане омаданд. Онҳо дар каноре истода бо ҳам чизе мегуфтанд.
Пиразан ба атроф нигоҳ давонда ба Мусо нигарист ва аз дасти пирамард гирифта суи у омад. Онҳо тахминан 75-80 сола ва ё шояд аз ин ҳам калонтар буданд. Дар тан либосҳои тозаю озода дошта, муйсафед коматхамидаи беришу муйлаб ва дар даст асо дошт. Пиразан ба Мусо наздик шуда чизе гуфт.
Аммо садои пиразан хеле паст ва гирифта буд. Мусо сар хам карда гушашро ба пиразан наздиктар бурд. Ин дафъа фаҳмид, ки пиразан мегуфт:
— Писарам, илтимос, ба ин муйсафед бигуй, ки имруз на панчшанбе, балки душанбе будааст ва мусофирбар дар рузҳои душанбе соати 10 меояд. Ба у бо садои баланд гуй, писарам. У гушҳояш хуб намефаҳманд..
Мусо байни пиразани кариб бесадо ва муйсафеди кариб ношунаво ба миёнаравй огоз кард. Муйсафед хеле бад мешунид. Мусоро лозим меомад бо садои баланд ва такрор кардан, сухани пиразанро ба муйсафед расонад. Мусо аз он шод буд, ки пиразан шунавоияш хуб буд ва суханҳои муйсафедро мефаҳмид.
Атрофиён садои баланду «аксентдор»-и Мусоро шунида нигарон ба баҳс диккат медоданд.
Ахиран, муйсафед фаҳмид, ки имруз на панчшанбе, балки душанбе будааст.
Пиразан ба Мусо сипос гуфту дасти муйсафед гирифта ба суи пайроҳае, ки аз он омада буданд, бо кадамҳои майда-майда роҳ мерафтанд. Мусо гуё ях карда буд намечунбид ва ба нигоҳи атрофиён низ аҳамият намедод.
Дар сараш суолҳо пайдо шуда чарх мезаданд.
Чаро маҳз у, маҳз имруз шоҳиди ин вокеа шуд? Ин чй рамзе буд? Наход Худованд бо ин роҳ ба у чизе гуфт? Ё тасодуф буд?
Мусо, ки тули як моҳ аст бо завчааш ба воситаи телефон чангу нофахмиҳо дошт, ба фикр фуру рафт.
Шояд меандешид, ки зуд ба Точикистон занг зада, ҳамсарашро бо суханҳои хуб навозишу меҳрубонй намояд.
Шояд мехост бигуяд, ки у шухй кардааст ва мехохад садои уро хамеша бишнавад…





Дар Русия хуни точикро намегиранд?

17 06 2012

Дируз дар торнамои «Озодй» матлабе дар бораи бахшандагони хун (донорҳо) мутолиа намудаму ба ёдам вокеаҳое аз солҳои 98-99 расиданд.

Дар як корхонаи сохтмоние вокеъ дар шаҳри Сургути Русия зиёда аз 50 нафар точикон кор мекарданд. Рузе дар вакти фарогат ё худ хуроки нисфирузй, хаммиллате бо чеҳраи гамзада вориди бино шуд ва аз ҳама илтичо мекард, то кумакаш намоянд. Аз руи гуфтаҳояш, як дусти бисёр наздикаш ба садама афтодаасту дар ҳолати вазнин карор дорад ва ба у хун лозим аст.
Дар беруни бино мусофирбар аллакай омода буд. Тахминан 30 нафар нишаста ба маркази хундиҳй мераванд ва ҳар кадоме 400мл-й хун медиҳанд.
Баъдтар аник шуд, ки ин як навъ «бизнеси» он ҳаммиллатамон будааст. Аммо имрузҳо дар Русия аз шаҳрвандони хоричй хун гирифтан манъ шудааст.
Носирчон Мадраҳимов дар Точикистон «донори» пешсафе аст, ки моҳе як маротиба хундиҳй ба у одат шудааст. Ба гуфти худаш, агар муддати тулонй хун надиҳад зуд-зуд сардард мешавад. Носирчон ҳамроҳи худ шаҳодатномаи «донори», ташхисномаҳои тиббй ва ҳатто ифтихорномаро аз Точикистон оварда аст. Аммо мегуяд, дар марказҳои хуни Русия, ки мехост беподош хун диҳад, уро кабул накарданд. Масъулони яке аз чунин марказхо ишора ба конунгузорй карда гуфтааст, ки гирифтан ва истифодаи хуни шаҳрвандони хоричй манъ аст.
Акнун Носирчон дар чайбаш доим доруи дарди сар мегирад.

Дар хотима, перомуни назари хонандае дар торнигори «Озодй», ки хундиҳиро макруҳ номидааст, лозим донистам ба исломшиноси машҳур муҳтарам Сайидюнуси Истаравшанй мурочиат намоям.
Сайидюнуси Истаравшани:
— Хунгирй агар ба хотири кумак ва ёрдам ба бародарон ва хоҳарони исломиамон бошад, на ин ки макруҳ, балки як амали хайр ва писандидае мебошад,
зеро чи басо бо андак хуни худ, ба як шахси мусалмон ҳаёт бибахшем, ки қатъан мисдоқи ояти «Касе ки ба чоне ҳаёт бахшид, ту гуи ба тамоми мардум ҳаёт бахшид» (Моида, 32) аст.
Гарчи банда бародарон ва хоҳарони мусалмонро ёдовар шудам, вале дар ояти шарифа лафзи «нос» омада, ки ҳам мусалмон ва ҳам кофирро шомил аст, албатта ба шарте ки душмани ислому мусалмонон набошад.





Шухии «хунук»

15 06 2012

Оё медонед «крем-депилятор» чист? Ба фикрам ҳама медонем. Ба ҳар ҳол барои он нафароне, ки намедонанд, мефаҳмонам. «Крем-депилятор» ин марҳам(мазь) ё равганест, ки муйро бедард аз бадан чудо менамояд. Онро бештар занон истифода мебаранд.
Акнун дар бораи ин равган як саргузашт меорам. Пештар ҳам шоҳиди чунин ҳодиса шуда будам ва ин хикояте, ки меорам оиди маротибаи дуввум аст.
Кисса кутоҳ, ҳамроҳи мо ҳамватанамон акаи Нозим зиндагй менамояд. Марди тахминан 38-37 сола, кадпаст бо тори сари каммуй ва муйлабҳои пахну гафс. Ин одам хеле олуфта ҳаст. Олуфта ба маъное, ки худро тоза нигоҳ медорад. . Хар саҳар риш метарошад ва доим аз у буи «одеколон Шипр» меояд. Эхх, у агар ба шустушуй дарояд, дигар ду соат ҳаммом банд мешавад.
Каҳрамони дигари ҳикоятҳои торнигор, Мусоро ба фикрам аллакай мешиносед. Мусо, ки доим дар ҳикоятхо накши мусбатро мебозид, ин дафъа ба шухиҳои хунук роҳ дод.
Бегоҳ пас аз кор ҳама фарогат доштанд. Мусо аз шустушуй баромад ва дар як дасташ зарфе пластикй ва дасти дигарашро ба гардану чогаш мемолид. Чунин тасвир мекард, ки гуё ба руйи навришгирифтааш марҳами пас аз ришгирй мегузорад. Сипас ба зарф нигариста ба таърифу тавсиф огоз кард, ки гуё ришҳояш торафт пурра ва гафс шуда истодаанд. Акаи Нозим, ки ҳушаш ба телевизор банд буд, бо шунидани суханҳои Мусо беихтиёр даст ба муйлаб бурд. Бо нарангушт ва ангушти ишоратиаш муйлабонашро ба поён шона зада бо кунчи чашмонаш ба зарфи мархам нигарист. Вале дониши ноказои у барои шинохти зарфи пластикй намерасид ва инро Мусо низ хуб медонист. «Ин зарфро ман дар токчаи баланди хаммомхона дида будам. Шояд азони сохибхона бошад?» суол дод акаи Нозим.
Мусо дар посух гуфт:
«Намедонам аз они кист, вале мархами ачоиб будааст. Камтари дигар доштааст, мехохед ба муйлабҳоятон гузоред?»
Акаи Нозим дарҳол розй шуд. Нафаре аз бачаҳо чизе гуфтанй буд, ки Мусо бо ишораи «хап ист» суяш чашмакй зад. Мусо худ ба муйлабхои акаи Нозим мархамро гафсакак молида гуфт «Пас аз 5 дакика рафта бо об тоза мешуед.» Мусо лаб газида хандаашро пинхон мекард ва он бачае, ки чизе гуфтани буд сар таги болин карда буд.
Хаминтавр пас аз панч дакика акаи Нозим ба шустушуй рафт ва пас аз панч дакикаи дигар доду вояш хонаро гирифт.. Дар даст оина дашномдихон акаи Нозим аз ҳамом баромад.
Баробари дидани акаи Нозим ҳама бачаҳо шиками худро дошта механдиданд. Чунин акаи Нозими бемуйлабро дар умрашон надида буданд.

Мабодо, ман киссаро ба дарозо накашидам-а? Хуб, каме суръатро меафзоям…
Акнун акаи Нозим ният дорад зарфи холишударо фардо бо худ гирифта, айнан мисли ҳамон марҳам бихаранд ва ягон шаб, фурсати мувофик ёфта ба муйсари Мусои дар хоби ноз буда бимолад.
Хайр, вакте акаи Нозим ба касдаш расид, ман зуд дар ин бора ба шумо хоҳам навишт. Хама интизори шухиҳои хунуки ин дафъа акаи Нозим мемонем.





БОЗГАШТ

15 06 2012

Салом хонандагони азизи торнамо! Бо хохишу талаби якчанд мухлисон, банда тасмим гирифтам дубора блогнависиро огоз намоям. Яке аз мухлисон аз чумла дар номааш навишт, ки «оё дар интернет як сайти точикй зиёд бошад хуб нест?»
Махз ин суханхо ба ман таъсир кард. Ва ба хар яки шумо низ маслихат медихам, агар имконият дошта бошед як торнамо(блог) таъсис дихед ва дар интернет як сайти точикиро зиёд намоед. Барои ин шарт нест, ки шумо маълумоти олй ё журналист бошед.
Бигзор дехкон дар бораи нозукихои тарбузкориаш, омузгор дар бораи мавзухои дарсиаш ва духтур дар мавзуи табобатй бо забони точикй блог нависанд. Ин бисёр хидмати хуб барои хазорон хазор истифодабарони точик хохад шуд. Барори кор!