Шухии «хунук»

15 06 2012

Оё медонед «крем-депилятор» чист? Ба фикрам ҳама медонем. Ба ҳар ҳол барои он нафароне, ки намедонанд, мефаҳмонам. «Крем-депилятор» ин марҳам(мазь) ё равганест, ки муйро бедард аз бадан чудо менамояд. Онро бештар занон истифода мебаранд.
Акнун дар бораи ин равган як саргузашт меорам. Пештар ҳам шоҳиди чунин ҳодиса шуда будам ва ин хикояте, ки меорам оиди маротибаи дуввум аст.
Кисса кутоҳ, ҳамроҳи мо ҳамватанамон акаи Нозим зиндагй менамояд. Марди тахминан 38-37 сола, кадпаст бо тори сари каммуй ва муйлабҳои пахну гафс. Ин одам хеле олуфта ҳаст. Олуфта ба маъное, ки худро тоза нигоҳ медорад. . Хар саҳар риш метарошад ва доим аз у буи «одеколон Шипр» меояд. Эхх, у агар ба шустушуй дарояд, дигар ду соат ҳаммом банд мешавад.
Каҳрамони дигари ҳикоятҳои торнигор, Мусоро ба фикрам аллакай мешиносед. Мусо, ки доим дар ҳикоятхо накши мусбатро мебозид, ин дафъа ба шухиҳои хунук роҳ дод.
Бегоҳ пас аз кор ҳама фарогат доштанд. Мусо аз шустушуй баромад ва дар як дасташ зарфе пластикй ва дасти дигарашро ба гардану чогаш мемолид. Чунин тасвир мекард, ки гуё ба руйи навришгирифтааш марҳами пас аз ришгирй мегузорад. Сипас ба зарф нигариста ба таърифу тавсиф огоз кард, ки гуё ришҳояш торафт пурра ва гафс шуда истодаанд. Акаи Нозим, ки ҳушаш ба телевизор банд буд, бо шунидани суханҳои Мусо беихтиёр даст ба муйлаб бурд. Бо нарангушт ва ангушти ишоратиаш муйлабонашро ба поён шона зада бо кунчи чашмонаш ба зарфи мархам нигарист. Вале дониши ноказои у барои шинохти зарфи пластикй намерасид ва инро Мусо низ хуб медонист. «Ин зарфро ман дар токчаи баланди хаммомхона дида будам. Шояд азони сохибхона бошад?» суол дод акаи Нозим.
Мусо дар посух гуфт:
«Намедонам аз они кист, вале мархами ачоиб будааст. Камтари дигар доштааст, мехохед ба муйлабҳоятон гузоред?»
Акаи Нозим дарҳол розй шуд. Нафаре аз бачаҳо чизе гуфтанй буд, ки Мусо бо ишораи «хап ист» суяш чашмакй зад. Мусо худ ба муйлабхои акаи Нозим мархамро гафсакак молида гуфт «Пас аз 5 дакика рафта бо об тоза мешуед.» Мусо лаб газида хандаашро пинхон мекард ва он бачае, ки чизе гуфтани буд сар таги болин карда буд.
Хаминтавр пас аз панч дакика акаи Нозим ба шустушуй рафт ва пас аз панч дакикаи дигар доду вояш хонаро гирифт.. Дар даст оина дашномдихон акаи Нозим аз ҳамом баромад.
Баробари дидани акаи Нозим ҳама бачаҳо шиками худро дошта механдиданд. Чунин акаи Нозими бемуйлабро дар умрашон надида буданд.

Мабодо, ман киссаро ба дарозо накашидам-а? Хуб, каме суръатро меафзоям…
Акнун акаи Нозим ният дорад зарфи холишударо фардо бо худ гирифта, айнан мисли ҳамон марҳам бихаранд ва ягон шаб, фурсати мувофик ёфта ба муйсари Мусои дар хоби ноз буда бимолад.
Хайр, вакте акаи Нозим ба касдаш расид, ман зуд дар ин бора ба шумо хоҳам навишт. Хама интизори шухиҳои хунуки ин дафъа акаи Нозим мемонем.

Реклама

Действия

Information

2 комментария

4 08 2012
Parwiz

Хехехе хуб шайтони карданд бовар мекунам давомаша гуед чи шуд бад?

5 08 2012
Ilhom

Хеч чиз. Хануз тинчй. Мусо дар мудофиа. )))

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: