Ёде аз чанги шахрвандй

24 06 2012

Одамоне, ки чангро дидаанд, дар ин мавзуъ бештар хомуширо ихтиёр мекунанд ва ба ёд овардан намехоҳанд.
(ҳақиқати вокей аз нақли шоҳидони зинда)

«Падар, барои чи самолётҳо бомбҳои худро дар лаби дарё мепартоянд?» — ин суоли Хайриддини он замон 17-сола буд.
«Чунки бояд бе бомб ба база баргарданд. Аз афташ самолётҳои русҳоанд. Агар аз они Тошканд мебуданд ин тавр намекарданд..» — ва ин охирин посух ё харфҳое буданд, ки аз падараш шунид.
Тудаи дарози гурезаҳо, ки асосан аз муйсафедону зану духтарон ва кудакон иборат буд ба самти Чиликул роҳ мепаймуданд. Хаво таспону чангу губоролуд буд. Самолётҳо аз болои сарашон гурросзанон мепариданд. Хеч кас бовар надошт, ки онҳо ба суи гурезаҳо бомб мепартоянд, бинобар ин дигар ба онҳо эътибор ҳам намедоданд.
Падари Хайриддин аз руи самти омадани ҳавопаймохо аник гуфта метавонист, ки онҳо аз они Русияанд ё Узбакистон. Ва ҳар бор аз роҳравй бозистода сар мебардошту аз кадом самт омадани самолётҳоро нигоҳ мекард. Онвактҳо Точикистон ҳавопаймоҳои чангй надошт.
Боз гурроси самолёт садои шарфаи кадамзанй ва гоҳ-гоҳ садои гиряи кудакхоро, халалдор намуд. Ин дафъа падари Хайриддин аз самти дигар омадани ҳавопаймоҳоро дида безобита менамуд ва чизе гуфтан мехост. Бо садои гурроси самолёт садои таркиши бомб ҳамовоз шуд.
Ба гурезаҳои мардуми оддию беярок паи ҳам бомб партофта мешуд. Доду фарёд ҳамачоро паҳн кард. Хама ҳар тараф мегурехт. Бомбҳо дар миёни тудаҳо зада мекафиданд. Часадҳо ба ҳар су пош мехурданд. Тудаҳо пароканда мешуданд. Хама ба ҳар тараф мегурехт…

Хайриддин, аз байни часадҳо падар мечуст..
Каме дуртар модараш ва хоҳараш фигону нола доштанд..
Аз нисф зиёди гурезаҳо шаҳид шуда буданд. Ниҳоят Хайриддин часади бечони падарашро пайдо кард.
Часадҳоро ба хок супурданд.
Хайриддин, аз модараш хоҳиш кард ба деҳа баргашта зидди душманон ярок бигирад. Аммо модар ин дафъа низ розй нашуд. Дируз ба онҳо хабар расид, ки аз деҳаи ҳамсоя ҳамаи мардону чавонписарони точикро ба самти Регар бурда ба чукурие партофтаанд. Ва зинда ба зинда бо булдозер онҳоро гур кардаанд. (!)
Ин кори дасти гуруҳи Ибод ва чангиёни аз Узбакистон омада буд.
Он солҳо дар Регар бо забони точики гап задан мумкин набуд.
Солҳо гузаштанд. Хайриддин шаҳрванди Русияро гирифт ва 16 сол мешавад ба Ватан барнагаштааст. Чунки дигар дар Точикистон касе надорад.
Хайриддин дар чашм доим айнаки сиёҳ дорад. Чашмони худро мепушонад. Мегуянд дар чашмонаш сафедие нест. Сафедиҳо ҳама хун гирифта сурх гаштаанд. Пас аз он ки модару хоҳарашро дар пеши назараш бо ваҳшоният ба катл расонидаанд..

ХУДОЁ, КУРБОНИЁНИ ЧАНГИ ШАХРВАНДИРО САЗОВОРИ БИХИШТ ГАРДОН! ХУДОЁ, ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОЧИКРО БА БАДТАРИН РУЗХО ГИРИФТОР НАМО!

Реклама

Действия

Information

2 комментария

28 06 2012
Siroch

то хол дилам хун мегиряд ба ёди тифлони бе гунох кушта шуда …

30 06 2012
Tajikistan: Is There ‘National Unity’ in the Country? · Global Voices

[…] an end to the civil war and brought about ‘national unity' in the country, blogger Ilhom writes [tj] about his recollections of the war. Another blogger, Jovid Muqim, suggests [tj] that there can […]

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: