Маслиҳатҳои ҳуқуқй барои даъват кардани хамсару кудаки ноболиг ба Русия

6 07 2012

Бисёриҳо маълумоти кофй надоранд, ки барои ҳамсару фарзандонро ба Русия даъват намудан чи бояд кард. Чанд маротиба шоҳиди он низ шуда будам, ки нафаре аз Русия истода ҳамсару фарзанди ноболигашро даъват менамояд, аммо бо сабаби нодуруст будани ҳуччатҳо онҳоро рузи парвоз дар Точикистон бозмедоранд, ё пас аз ба Русия расидан бо ҳамон ҳавопаймо онҳоро бозпас мефиристанд. Бинобар ин лозим донистам атрофи ин мавзуъ каме маълумот инчо орам.

Хуб, дар вараке, ному насаби ҳамсаратон, соли тав, макони зист, ному насаби фарзандатон, соли таваллудро менависед. Инчунин ба шумо тарчумаи шиносномаатон (дар нотариус тасдикёфта) лозим аст.
Кифоя. Бо он варак ба нотариус меравед ва санаи тахминии сафарро низ мегуед. Наздикиҳои 1 ҳазор рубл ҳакки хизмати нотариус мешавад.
Номи ин ҳуччат «Согласие» аст. Бо се роҳ метавонед ҳуччатро ба Точикистон фиристед:
1. бо ягон нафар аз фурудгоҳ.
2. бо «экспресспочта».
3. бо факс.

Сканер , акс, ва бо интернет фиристодан ин ҳуччат аллакай гайриконунй ҳисобида мешавад. Роҳи хубаш бо факс фиристодани ҳуччат. Барои ин ба шумо лозим аст, ки ба наздиктарин шуъбаи алока равед. Чун мутмаин гаштед, ки дар он шуъбаи алока факс ҳаст, пас соату дакикаи фиристоданро ба ҳамсаратон хабар медиҳед, то дар ҳамон муҳлат у низ дар шуъбаи алока мунтазир бошад. Маблаги фиристодани он бо факс наздикиҳои 50 рубли русй мешавад.
Дар Точикистон бошад, бояд чунин корҳоро ба ичро расонд:
1. баробари гирифтани «согласие» ба воситаи факс, бояд коркуни шуъбаи алока ба он муҳр гузорад.
2. ба шаҳодатномаи кудак аз шуъбаи шиносномадиҳй муҳр гузошта шавад.
3. тасдикнома аз «СЭЦ» , ки кудак солим аст.
4. агар шиносномаи модари кудак хоричй бошад, ба он дар шуъбаи шиносномадиҳй акси кудак насб карда шавад.

Ин буд он силсилаи ҳуччатгузорие, ки пас аз он модари кудак ё нафаре дигар ичозати овардани кудаки ноболигро мегирад. Умедворам ба нафаре маълумоти боло кумак карда бошад.

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: