Мартабаи Умари Хайём дар Русия

22 07 2012

-Ало, салом Дилшод! Ту чипта харидй ё на?
— Бисёр хуб. Ман пагох ба фурудгох ба пешвозат меравам. Гуш кун, ба ту як фармоиш. Ба ман як китоби Хайём ва китобхои забони точикии синфи аз 1 то 3 даркор.
— Хахаха… не барои худам не, хамту даркор, ту илтимос ёфта ор маблагашро дукарата хохам дод…
— Баъд мефахмонам ба кй даркор. …Хайр.

Корхонаи сохтмоние, ки Мусо ончо кор мекард, дируз серташвиш буд. Онхо маркази савдои сеошёна месозанд. Фармоишгар Петрович, марди тахминан 50 сола, кадпаст, буда яке аз бойтарин ва бонуфузтарин шахсияти шахр ба шумор меравад. У одатан хар поёни мох аз сохтмон дидан менамояд. Дируз фармоишгари ин маркази савдо Петрович, хамрохи директори генералии коргохи сохтмонй барои дидан аз рафти сохтмон омаданд. Дигар саркору сарустохо мисли гунчишки посухта дар дохили бино давутоз доштанд.
Сарусто Мусоро фармоиш дод то атрофи дархои даромадро андова намояд. Дархоро даршинонхо дируз насб карда буданд. Мусо бо сатили лой болои нардбон баромада ба болодарихо лой мезад.
Калонхо аллакай омада буданд. Гурухи тахминан дахнафараи онхо аз даромадгох даромаданд. Кор намоишкорона дар авч буд.
Мусо саросема шуда каме «дасту по хурд» ва лойе, ки ба болодарй партофт хато хурда ба самти калонхо пош хурд.
Дар ин вакт як мухофизи Петрович ва саркор ба Мусо хамла кардани шуданд. Лой асосан ба пушти сар ва куртаи Петрович зада буд. Мусо аз хайрат дар чояш шах шуда буд.
Фармоишгари маркази савдо, бо як садо мухофиз ва саркорро нагузошт ба Мусо дарафтанд. Мусо бо садои ларзон бахшиш мепурсид. Директори генералй ва дигар атрофиён ба тоза намудани лой ба Петрович ёрй медоданд.
Петрович аз чайбаш даструймолашро гирифта дастхояшро пок мекард ва ба Мусо нигариста табассум карда гуфт, «Ничего страшного. Вы думаете этот раствор грязь? А кто вы по национальности?»
Мусо бо садои ларзон «таджик» гуфт.
Петрович идома дод «Вы разьве не читали своего земляка Омара Хайяма? Ведь раствор это не грязь, а прах наших отцов и дед. И кстаты, вы должны гордится, что читаете Хайяма на его языке.» , бо хамин табассум карду рафт ва хамрохонаш низ бо у рафтанд. Саркор хангоми рафтан бо ангушти ишоратиаш ба Мусо ишора ва тахдиди «холо ист» кард. Калонхо нихоят рафтанд. Ин ходиса зуд дар байни коргарони коргох овоза шуд. Мусоро шухи мекарданд, ки у баркасд задааст ва ин дафъа бо хишт бизанад. Саркор як марди солхурдаи рус бо номи Володя буд. Пас аз гусел намудани калонхо ба назди Мусо омад ва пурсид, «Муса, неужели Омар Хайям таджик? Неужели ты читаешь его на языке оригинала?»
Мусо ки аз саркор дашному танбехро интизор буд, чехрааш чиддй шуда посух дод, «Дядя Володя, Хайям персо-таджикский поет. И конечно я читаю и понимаю, то что написал сам Хайём, то что не переведён то есть оригинал..»
Саркор лахзае ба Мусо нобоварона нигох карда рафт.
Бегох, вакти корбаро саркор Мусоро ба наздаш даъват намуда аз у хохиш намуд ки ба у китоби Хайёмро бо забони точики-порсй ва китобхои дарсии синфхои ибтидоиро барои омухтани забони порсй(точикй) дар кутохтарин муддат ёбад. Ва у мехохад Хайёмро бо забони порсй хонад. Дар поён илова намуд, ки хакки китобхоро пардохт хохад кард..

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: