Даҳ насиҳат барои рузадорон аз Раҳимбек

28 07 2012

1). Ҳарорати баланд дар ин рузҳои гарми тобистон инсонро бисёр ташна мекунад, ва барои ҳамин ҳам чигунагии хуроки хурдаи Шумо роли муҳим мебозад. Кушиш кунед то хурокҳои муносибро истеъмол кунед то камтар ташна шавед.
2). Баъд аз намози таровиҳ то вақти саҳархурй (шабона), кам-кам меваву сабзавот истеъмол кунед зеро мева ва сабзавот дар меъда ва рудаҳо то дергоҳ боқй мемонад ва аз ин сабаб эҳсоси ташнагиву гуруснагй камтар хоҳад шуд.
3). Аз истифода кардани намаки зиёд дар хуришҳо (салатҳо) парҳез кунед. Агар тавонед ба чои намак лиму (лимон) истифода кунед.
4). Аз хурдани хуришҳову гизои намакшуда даст кашед, зеро ин гуна гизоҳо оби зиёд талаб мекунад.
5). Баъзеҳо фикр мекунанд, ки нушидани оби зиёд ҳангоми суҳур (саҳархурй) онҳоро аз ташнагй нигоҳ медорад. Ин гумони нодуруст аст, зеро гурдаҳо он оби аз ҳочати чисм зиёд бударо дар муддати кутоҳ ихроч мекунад ва ҳеч фоидае надорад. Беҳтар аст об, мева ва сабзавотро кам-кам ва дар тули шаб истеъмол кард.
6). Инчунин нушидани аз ҳадд зиёди об ва машруботи газнок ва шарбатҳо (сокҳо) барои меъда ва ҳазми он муфид нест.
7). Ҳатман аз нушидани оби хунук аз яхдон парҳез кунед. Нушокй бояд дар ҳолати муътадил нушида шавад.
8). Инчунин кушиш кунед, ки хурокро хуб нарм карда (хоида) баъд фуру баред, зеро меъда (баъд аз истироҳат) ин ҳамаро таҳаммул карда наметавонад. 9). Аз нушокиҳои сунъй, ки ҳамааш ранг ва маводи кимиёвй ҳаст, дури кунед.
10). Ва ахиран, дар ифтор барои нафас кашидан ҳам чой гузоред, то намози таровиҳро бо хушуъ ва оромиши қалб хонда тавонед. )))

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: