Иди саиди Фитр муборак!

18 08 2012


Иди Рамазон имруз бар мову шумо табрик,
Ин сабру шикебои, в-ин аҳду вафо табрик.
З-Аллоҳ мадад чуем дар роҳи муроди хеш,
Буе ба машом омад, аз боди сабо табрик.


Инак моҳи Рамазон низ ба охир расид. Ёд дорам дар хурдсолй ин бегоҳи охирони Рамазонро аз ҳама рузҳо дусттар медоштам. Ин бегоҳ, ки номи «Ошбараку ошбиёрон» дошт дигар дар хотир надорам, ки кай охирон бор ошашро чашида будам. Вале лаззати он ошҳои рангу ба ранг гуё то ҳануз дар машомам ҳаст. Ошҳои рангу баранг, сафеду зарду сурх, нахуддору бенахуд, сергушту камгушту тухмдор…
Пагохиаш, дар субҳи солеҳон ҳама пиру чавон шитобон суи масчид ба намози Ид. Масчидхо то чое лабрези намозгузорон мешуданд, ки берун аз саҳни он низ саф меоростанд.
Баъд аз намоз ҳама дастархони идона боз карда тамоми нушу неъматашонро руи он мегузоранд. Бинобар ин мардум як-ду руз пеш аз Ид ба бозорҳо харид мераванд.
Имруз ба Точикистон занг зада аз нарху навои бозор пурсон шудам. Рости гап то ҳануз ба худ наомадаам ва ба суолҳои худ посух наёфтаам. Худ казоват намоед:


1 кг ангур
— то моҳи Рамазон 4-6 сомонй.
— дар моҳи Рамазон 8-10 сомонй.
— дар бегоҳи Ид 12-13 сомонй.
1кг шафтолу
— то моҳи Рамазон 6-8 сомонй.
— дар моҳи Рамазон 9-12 сомонй.
— дар бегоҳи Ид 16-18 сомонй.
1 дона харбуза
— то моҳи Рамазон 8-12 сомонй.
— дар моҳи Рамазон 15-20 сомонй.
— дар бегоҳи Ид 25-30 сомонй.

Хулоса нархи тамоми хурока ҳамин хел якчанд маротиба афзуда аст.

Эй савдогарону точирон аз Худо шарм доред! Оё мусулмонй ҳамин аст? Пагоҳ чи тавр шарм надошта руй суи кибла намоз мехонед? Боварй доред, ки он фоидаи саду дусад фоиза аз ин киматфуруши ба мардуми ночор ҳалол аст? Боварй доред, ки фарзандонатро лукмаи ҳалол медиҳед? Боварй доред, ки аз он фоида сарватманд мешавед? Боварй доред, ки он пулу мол баракат дорад?
Магар Ислом аз мусулмонон ҳаминро мехоҳад? Оилаҳое, ки ноноваре муҳочир доранд ба хайр. Аммо онҳое, ки руй ба маоши кишвар доранд чй сахтй мекашанд?
Рости гап акли кас ҳайрон мемонад, ки чй хел дар моҳи хайру баракат ва шикастани нафс фурушандаю точирон ба чунин амал даст мезананд. Хайфи шумо барин мусулмонҳо. Иди шуморо табрик намегуям. Пагоҳ ба намози Ид ҳам наравед. Аз он пулҳо мабодо ба сандуки хайрияи масчид напартоед, ки метарсам садакаи ҳалоли дигаронро догдор нанамоед.
Имрузҳо ҳама мусулмонон афсус мехуранд, ки моҳи беҳтарини тоату ибодат — Рамазон ба охир расид. Баъзе парҳезгорон дар фироки Рамазон ашк мерезанд.
Шумо — савдогарону фурушандаҳо низ гамгинед, ки Рамазон рафт, ҳарчанд сабаби гамгиниатон лукмаи ҳароматон бошад ҳам. Ашк бирезед, ки моҳи беинсофию киматфурушиатон — Рамазон рафт. Зор бигирйед, то шояд Парвардигор ба сабаби гиряатон дар фироки Рамазон шуморо ба роҳи рост ҳидоят намояд.

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,
Сад шукр,ки ин омаду сад ҳайф,ки он рафт.

Ана ҳамин хел, хонандаҳои азизи ин сатрҳо. Хостам «Табрикнома»-е бинависам, нашуд… Маъзарат, агар руҳияи идонаи шуморо гамгин намуда бошам.


ИДИ САИДИ ФИТР БА ХАМА ТОЧИКИСТОНИЁН МУБОРАК БОД !!!!





Дар фироки падар

13 08 2012

Субҳу шом дар ёдатам, чонон падар
Умру чон курбонатам, чонон падар
Аз фирокат ашк рехтам бехисоб
Ташнаи руят манам, чонон падар
Умри талху бекасу бепуштибон
Зарба бар чону танам, чонон падар
Бар пули дунё ҳазор лаънат бод
Ки дигар токат надорам чон падар.
Китфу бозуям ҳама логар шуда,
Сухтаю афгор дилам, чонон падар.
Магзи сар пусида гашт, девонаам,
Раҳсипор суят манам чонон падар.
Сорбоно, тез рон корвони хеш,
Сухта хокам бод шавад, чонон падар.
Ай шамол, хокистари Илҳом бибар,
Суи бому ҳавлии, чонон падар.

(Урай, с 2000)





«ОУШТЕН ФРУШТЕН» (бознашр)

11 08 2012

Вакте мактаб мехондам бачаҳо байни деҳаи «боло» ва деҳаи «поён» чангу хархаша мекардем. Боре маркази ноҳия омадаму ончо дидам, ки деҳаи «боло» ва деҳаи «поён» муттаҳид шуда, мукобилият байни совхози Ленину совхози Сталин… Донишчу шудаму дар маркази вилоят ҳам ленинию ҳам сталиниро «берунй» номида
зидди мо маншаъ мекарданд. Дар пойтахт миллат ба якчанд маҳалҳо…

Дар шаҳраки на он кадар калон бо номи Урай, ки дар ОА (округи автономи) Ханти-мансийск вокеъ аст, ҳамаги 16 нафар мардикорони точик кору зиндаги мекунем. Имруз якшанбе ва ҳамаамон сарчамъ оши ванчй мехурем. Якшанбеи гузашта оши ҳисорй хеле оличаноб омада буд.
Оре, мо, точикон — 3 нафар аз ноҳияи Ванч, 4 нафар аз Помир, 2 нафар аз Ашт, 3 нафар аз Мастчоҳ, 2 нафар аз Айни, 1 нафар аз Кулоб ва 1 нафар аз Хисор ҳар якшанбе якчой чамъ мешавем ва ошхури карда, аз мушкилотҳои якдигар бохабар мешавем. Дар рузҳои аввал баръало ҳис мешуд, ки то кадом дарача забони лаҳчавии мо аз ҳам фарк дорад, аммо оҳиста-оҳиста эътибор намедодем ва ҳамдигарро хуб мефаҳмидем. Аниктараш мисле дар як латифа, «оуштен фруштен»-ро хаёл мекардем забони немисй аст ва сипас одат кардем, ки «ба у об диҳед ва аз ин чо берун кунед» будааст.
Мо 16-нафар ҳамчун 16 бародар шудаем, ки дар гаму шодии якдигар шарикем. Ва хеле мехоҳему орзу дорем, ки дар тамоми шахрхои Русия чунин як ваҳдат пойдор шаваду аз Русия истода, решаи маҳалчигиро дар Точикистон барканем.
Танҳо муттаҳидии мо метавонад кувваи шикастнопазире зидди миллатгароён шавад.





Точиконро боз таҳқир карданд

9 08 2012

Одат кардаам, ки таҳти савти мусиқй ба кор машгул шавам. Аз мусиқиҳои хотираи телефон, ки такрор ба такрор садо медоданд, ниҳоят дилбазан шудам. Ва радиоро ба кор андохтам. Тасодуфан ба шабакаи Маяк пайваст шудам. Дар он барномаи «Программа П» мерафт. Мавзуи баҳс дар чойҳои чамъиятй пушидан, ё напушидани «шорт» буд. Гайриинтизор дар баҳс аз барандахои барнома бо тамасхур, тахминан чунин суханҳо садо дод: «..маро бо шорт роҳ надоданд, аммо ончо бо либосҳои корй точикони ифлосу бадбуй гашту гузор мекарданд..»

Хамагй барои ним соат радиоро ба кор андохтаму чунин суханҳо шунидам. Аз ин мебарояд хама рузхо ҳазорҳо маротиба дар ҳазорҳо шабакаҳои хурду калон чунин пастзании обруи точикон садо медиҳад? Ё тавба, ин мардум аз точикон чй мехоҳанд? Чаро ин қадар мисли саг ба точик аккос мезананд? Чаро факат точик? Аз кучо ин қадар бадбинй? Аз кучо ин қадар нафрат?

Фавран, чор паёмак ба радио фиристодам. Пурсидам, ки бо кадом далел онҳо точик буданд, ифлосу бадбуй буданд? Чун бо онҳо наздик ҳам нашуда буд ва суҳбат ҳам накарда буд-ку. Наход дар чеҳраи ҳар мардикоре танҳо точикро бубинанд? Охир аз Точикистон 1 млн муҳочир бошад, аз Узбакистон 3 млн муҳочир аст.
То бегоҳ мунтазир шудам, вале паёмакҳои ҳамаро хонданду аз они манро не. Дар поён илова намудам, ки эй хукҳои бадбуй, точикон миллати озодаанд, рузе панч маротиб шустушуй мекунанд ва ҳатто либоси кории худро аз начосату ифлосй дур нигаҳ медоранд.
Вале ин ҳарф ба кй мегуи.. Ин маъракаи зиддиточик кай ба охир мерасида бошад?

Точикбачае дар Кримск, ҳаёти 6 нафар урусро начот дод. Аммо аз у на ном бурда шуд, на нишон.
Ба ёдам як ривоят расид. Дар яке аз хиёбонҳои Маскав саге ба як кудак дармеафтад. Точикбачае сагро чунон мезанад, ки он мемурад ва кудакро начот медихад. Зуд полисҳо ва журналистони урус ба чои воқеа ҳозир мешаванд. Худи ҳамон руз дар рузномаю радио паҳн мешавад, ки пулисҳои Маскав кудакеро аз саги девона начот доданд. Точикбача ба идораҳои нашрияхо занг зада даъво мекунад, ки охир кудакро на пулисҳо, балки у начот додааст. Пагохаш радиою рузномаҳо хабар паҳн мекунанд, ки як гастарбайтери бераҳму чинояткори точик як саги бечораро ваҳшиёна ба қатл расонид..
Ана ҳамин хел, дустон.

Аз қавми урус ҳаргиз надидем вафо,
Дар мулки урус ҳаргиз надидем сафо.





Зулмотхои поёни шаби сиях

7 08 2012

Имсол дар шахри Иркутиск корхои Аслиддин ном мухочири точик, чун харсола хуб нашуд. Танхо корхои майда-чуйда ёфт мешуд, ки ба ичозатномаи кор, ичораи манзил ва хурокпулиаш базур мерасид. Нихоят пас аз гуфтугуйхои телефонй бо додарарусаш тасмим гирифт, ки ба Маскав, назди у равад.
Аслиддин чиптаи катора харида ба сафар баромад. Додарарусаш ба у дар паёмак (смс) нишонаи зисташро навишта фиристод ва таъкид кард, чун ба Маскав расад ба дилхох таксй нишаста ба он нишона ояд.
Аслиддин бегохирузй ба катора нишаст. Дар катора бо се чавон дар як «купе» хамсафар шуд. Пас аз ду се суолу посух фахмид, ки бо онхо наметавон сухбати дустона орост. Суолу чавобхо кутохакак оиди аник намудани миллати хамдигар буданд. Чавонхо худро аз миллати арман муаррифй карданд. Бо забони арманй байни худ сухбат мекарданд. Аслиддин кати худро ороста хоб рафт.

Садои гушхароши баландгуяк, ки эълони ба рох баромадани катораеро мекард, уро аз хоб бедор кард. Сахар шуда буд. Нурхои хуршед аз тиреза ворид шуда куперо равшан мекарданд. Аслиддин носхалтаи худро чуст, то хумори худ бишканад. Бо чашмони нимкушода даст ба таги болинаш бурд ва ончоеро, ки дируз носхалтаашро гузошта буд кофт. Пас аз пайдо накардани носхалта аз чой нимхез шуда болинашро бардошт. Ин дам чашмаш ба катхои атроф бархурд, ки холй буданд. На чавонхои арман буданду на борхалтахои онхо. Аз набудани бистарихои сафеди кати онхо Аслиддин пай бурд, ки онхо аз катора фаромадаанд. У носхалтаи худро наёфт, аз паси шиша ба берун нигох кард, хост фахмад, ки ин истгохи кадом шахр аст. Ин шахри Красноярск буд. Дар ин вакт дар дурии 60-70 кадам аз катора он се чавони хамсафарашро дид, ки бо шитоб рох мерафтанд. Аслиддин сар ба болин нихода боз каме дароз кашид.
Катора аз чой чунбид ва мунтазам суръат гирифта ба рох баромад. Аслиддин хост чанд будани соатро донад ва тасмим гирифт, агар барвакт бошад боз ками дигар бихобад. Ба ин максад боз даст ба таги курпа бурда телефони дастиашро кофт. Бо пайдо накардани он ба тамом хушёр шуд. Аз чой бархост ва курпаю болинро тагуру кард, аммо на аз носхалта ва на аз телефони мобилй нишоне набуд. Хавотир шуда токчаи борхалтамониро кофт. Овах! Борхалтаи у нест! Гайр аз костюмаш дар ончо чизе набуд. Костюмро гирифта даст ба чайбхои он бурд. Гайр аз шиносномаву ду-се танга дигар чизе набуд. Ду хазор рубле, ки дошт низ набуданд.
Муддате дар чояш нишаста шах шуд ва ба фикр фуру рафт. Дилаш ба чизе намесухт, ба чуз ба телефони дастиаш. Чунки нишонае, ки бояд ончо мерафт дар паёмак(смс) хифз шуда буд ва чандин ракамхои телефон низ. У раками телефони додарарусашро азёд намедонист.
Бори дигар хеста тамоми «купе»-ро чапаю роста кард, нихоят носхалтаашро зери миз пайдо кард.
Арзу шикояташ ба рохбаладаи катора кор надод. Рохбалад таклиф кард, ки агар бехад чизи киматашро дуздидаанд, пас ба пулиси навбатдори катора мурочиат намояд.
Бегохй дар истгохи шахри Новосибирск як зани руси тахминан 40 сола ба «купе» ворид шуда хамсафари баъдинаи у шуд.

Инак, катора ба истгохи охирини худ, шахри Маскав расид.
Аслиддин аз катора поён омад. Дасти холй ва костюм дар китф..
Пойхо ба пеш бардошта мешуданд, кадамхо зада мешуданд ва самти рохравй таваккал ва беидора буд. Аслиддин аз истгох баромада ба пайрохае рахсипор шуд. Вале худ намедонист, ки ин пайроха ба кучо мераваду у кучо рафтанист. Дар тахи дил ба Худо шукрона мегуфт, ки он зани миёнасоли рус уро гурусна нагузошт ва хатто вакти дар шахри Маскав аз катора фаромаданаш ба у 500 рубл хам дод.
Аслиддин бо пайрохахо мерафту мерафт аммо худ намедонист ба кучо. Нихоят ба назди як фавворае (фонтан) расид. Дар атрофи он харакчахои нишастро дида ба яке аз онхо нишаста ба фикр фуру рафт. Руз бегох шуда буд.

(давом дорад)