«ОУШТЕН ФРУШТЕН» (бознашр)

11 08 2012

Вакте мактаб мехондам бачаҳо байни деҳаи «боло» ва деҳаи «поён» чангу хархаша мекардем. Боре маркази ноҳия омадаму ончо дидам, ки деҳаи «боло» ва деҳаи «поён» муттаҳид шуда, мукобилият байни совхози Ленину совхози Сталин… Донишчу шудаму дар маркази вилоят ҳам ленинию ҳам сталиниро «берунй» номида
зидди мо маншаъ мекарданд. Дар пойтахт миллат ба якчанд маҳалҳо…

Дар шаҳраки на он кадар калон бо номи Урай, ки дар ОА (округи автономи) Ханти-мансийск вокеъ аст, ҳамаги 16 нафар мардикорони точик кору зиндаги мекунем. Имруз якшанбе ва ҳамаамон сарчамъ оши ванчй мехурем. Якшанбеи гузашта оши ҳисорй хеле оличаноб омада буд.
Оре, мо, точикон — 3 нафар аз ноҳияи Ванч, 4 нафар аз Помир, 2 нафар аз Ашт, 3 нафар аз Мастчоҳ, 2 нафар аз Айни, 1 нафар аз Кулоб ва 1 нафар аз Хисор ҳар якшанбе якчой чамъ мешавем ва ошхури карда, аз мушкилотҳои якдигар бохабар мешавем. Дар рузҳои аввал баръало ҳис мешуд, ки то кадом дарача забони лаҳчавии мо аз ҳам фарк дорад, аммо оҳиста-оҳиста эътибор намедодем ва ҳамдигарро хуб мефаҳмидем. Аниктараш мисле дар як латифа, «оуштен фруштен»-ро хаёл мекардем забони немисй аст ва сипас одат кардем, ки «ба у об диҳед ва аз ин чо берун кунед» будааст.
Мо 16-нафар ҳамчун 16 бародар шудаем, ки дар гаму шодии якдигар шарикем. Ва хеле мехоҳему орзу дорем, ки дар тамоми шахрхои Русия чунин як ваҳдат пойдор шаваду аз Русия истода, решаи маҳалчигиро дар Точикистон барканем.
Танҳо муттаҳидии мо метавонад кувваи шикастнопазире зидди миллатгароён шавад.

Реклама

Действия

Information

16 комментариев

1 06 2009
Follower

Bravo!

3 06 2009
Sooroosh

Офарин! Бисёр ачоиб, хатман дар бораи ин мавзуъ журналистонро бохабар кардан лозим. Чамъият дар бораи ин тачрибаи начиб бояд донад.

4 06 2009
Samak

Ana inro vahdat nomidan munkin ast. Sarbaland boshed.

Samak

5 06 2009
Tozatalab

Sad ofarin!

5 08 2009
Фарид

Хеле оли! Аслан оташ аз лахчае ё гугирдчубе сар мезанад. Умед мекунам ин лахчаи дустии шумо ба оташу гулхани вахдат мубаддал гардад ва дар чони скинхедхо бияфтад. Торнома хам хеле олист, ки аз хонданаш эхсоси омехтаи андуху шоди, ифтихору нафрат, мухаббату адоват… зухур мекунад. Танхо як чиз маро дар хайрат гузошт: ба хар торнигоре сар халонди факат бародарон Фалловер, Суруш, Самак ва ахенан нафарони дигар. Наход мо хамин кадар нафарони зиндаро дорем?

19 08 2012
Oшурмахмад

Cе нафар аз нохияи Ванч, чор нафар аз Помир! Ачиб! Магар Ванч ба Помир дохил намешавад? Ё Помир дигару Бадахшон дигар аст? Агар хамин хел бошад хам дигархоро хам аз Шугнону Рушон менавиштед, ба максад мувофиктар меомад. Навиштахоям ба махалчиги дахле надорад,аммо мантикан ба фикрам чунин аст. Иди саиди Фитр муборак!!!

27 08 2012
Ilhom

Ошурмахмади гиромй, Помиру Ванч харду Бадахшонанд албатта. Аммо гап дар сари онки банда дар матлабхо кушиш менамоям аз худам чизе бофта аз пеши худ илова нанамоям. Он се нафар худро ванчй мегуфтанду чор нафар худро помирй, ва дар умум албатта хамагй точик мегуфтанд.
Шумо фикри дуруст гуфтед. Саломат бошед!

23 08 2012
parviz

ин махалчиги солхои сол давом дорад ва давом хохад дод.чунки халки точикем,точикон дар хама гушаю канор бошанд хам махалчигиро мекунанд инро шумо низ хуб медонед

27 08 2012
Ilhom

Мутаасифона хамин хел аст. Аммо ноумед набояд шуд. Ин дардро ба хар рохе ки набошад, дар якчоягй табобат бояд кард. Саломат бошед.

29 08 2012
хуча

бародари азиз Илхомхчон,чанд руз пеш иттифокан ба ин торнамои Шумо даромадаму,аз он пас хар боре ки вакт ефта ба интернет дароям хатман ба ин чо даромада навиштаои Шумора хонда камтар аз мондагихои мардикори дам мегирам.рахмати калон,барака ебед.барори кори эчоди

31 08 2012
Ilhom

Хучаи гиромй, хуш омадед! Кушиш менамоям пахлухои ин хаёти мухочирй тасвир шаванд. Нишонаи торнаморо фаромуш накунед. Саломат бошед!

4 09 2012
хуча

Ассалому алейкум Илхомчон,камнамо шуда рафтед,ё кор бисьёр шуд-ми?максад кори чисмони

15 09 2012
Ilhom

Салом, бародар Хуча. Вокеан каме серташвишам. Мавсими кор ба поён мерасад. Боронгарихою хунукихо низ сар шуда истодаанд. Бояд кути лоямуте барои зимистонгузаронй бардошту баргашт. Маъзарат аз шумо ва якояки хонандагони блог, ки дер боз чизе нанавиштам. Саломат бошед.

11 09 2012
Дурандеш

…Кас напурсад то кучо парвози акл,
Аз кучои гуфта аз чо мепарем.
Точику авгониву этон чаро?
Мо ки дар дунё зи як модарем…
Гуфтахои устоди ширинкалом устод Лоик Шерали низ доир ба хамин мавзуъ аст. Ман ба Шумо сад дар сад розиям бародар.

15 09 2012
Ilhom

Дурандеши гиромй, дар хакикат устод Лоик(рухашон шод бод) хуб фармудаанд. Дод аз дасти ин суоли «аз кучои?»
Саломат бошед.

25 10 2012
Зубайд

Лоиқи дастгирист!!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: