Иди саиди Фитр муборак!

18 08 2012


Иди Рамазон имруз бар мову шумо табрик,
Ин сабру шикебои, в-ин аҳду вафо табрик.
З-Аллоҳ мадад чуем дар роҳи муроди хеш,
Буе ба машом омад, аз боди сабо табрик.


Инак моҳи Рамазон низ ба охир расид. Ёд дорам дар хурдсолй ин бегоҳи охирони Рамазонро аз ҳама рузҳо дусттар медоштам. Ин бегоҳ, ки номи «Ошбараку ошбиёрон» дошт дигар дар хотир надорам, ки кай охирон бор ошашро чашида будам. Вале лаззати он ошҳои рангу ба ранг гуё то ҳануз дар машомам ҳаст. Ошҳои рангу баранг, сафеду зарду сурх, нахуддору бенахуд, сергушту камгушту тухмдор…
Пагохиаш, дар субҳи солеҳон ҳама пиру чавон шитобон суи масчид ба намози Ид. Масчидхо то чое лабрези намозгузорон мешуданд, ки берун аз саҳни он низ саф меоростанд.
Баъд аз намоз ҳама дастархони идона боз карда тамоми нушу неъматашонро руи он мегузоранд. Бинобар ин мардум як-ду руз пеш аз Ид ба бозорҳо харид мераванд.
Имруз ба Точикистон занг зада аз нарху навои бозор пурсон шудам. Рости гап то ҳануз ба худ наомадаам ва ба суолҳои худ посух наёфтаам. Худ казоват намоед:


1 кг ангур
— то моҳи Рамазон 4-6 сомонй.
— дар моҳи Рамазон 8-10 сомонй.
— дар бегоҳи Ид 12-13 сомонй.
1кг шафтолу
— то моҳи Рамазон 6-8 сомонй.
— дар моҳи Рамазон 9-12 сомонй.
— дар бегоҳи Ид 16-18 сомонй.
1 дона харбуза
— то моҳи Рамазон 8-12 сомонй.
— дар моҳи Рамазон 15-20 сомонй.
— дар бегоҳи Ид 25-30 сомонй.

Хулоса нархи тамоми хурока ҳамин хел якчанд маротиба афзуда аст.

Эй савдогарону точирон аз Худо шарм доред! Оё мусулмонй ҳамин аст? Пагоҳ чи тавр шарм надошта руй суи кибла намоз мехонед? Боварй доред, ки он фоидаи саду дусад фоиза аз ин киматфуруши ба мардуми ночор ҳалол аст? Боварй доред, ки фарзандонатро лукмаи ҳалол медиҳед? Боварй доред, ки аз он фоида сарватманд мешавед? Боварй доред, ки он пулу мол баракат дорад?
Магар Ислом аз мусулмонон ҳаминро мехоҳад? Оилаҳое, ки ноноваре муҳочир доранд ба хайр. Аммо онҳое, ки руй ба маоши кишвар доранд чй сахтй мекашанд?
Рости гап акли кас ҳайрон мемонад, ки чй хел дар моҳи хайру баракат ва шикастани нафс фурушандаю точирон ба чунин амал даст мезананд. Хайфи шумо барин мусулмонҳо. Иди шуморо табрик намегуям. Пагоҳ ба намози Ид ҳам наравед. Аз он пулҳо мабодо ба сандуки хайрияи масчид напартоед, ки метарсам садакаи ҳалоли дигаронро догдор нанамоед.
Имрузҳо ҳама мусулмонон афсус мехуранд, ки моҳи беҳтарини тоату ибодат — Рамазон ба охир расид. Баъзе парҳезгорон дар фироки Рамазон ашк мерезанд.
Шумо — савдогарону фурушандаҳо низ гамгинед, ки Рамазон рафт, ҳарчанд сабаби гамгиниатон лукмаи ҳароматон бошад ҳам. Ашк бирезед, ки моҳи беинсофию киматфурушиатон — Рамазон рафт. Зор бигирйед, то шояд Парвардигор ба сабаби гиряатон дар фироки Рамазон шуморо ба роҳи рост ҳидоят намояд.

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,
Сад шукр,ки ин омаду сад ҳайф,ки он рафт.

Ана ҳамин хел, хонандаҳои азизи ин сатрҳо. Хостам «Табрикнома»-е бинависам, нашуд… Маъзарат, агар руҳияи идонаи шуморо гамгин намуда бошам.


ИДИ САИДИ ФИТР БА ХАМА ТОЧИКИСТОНИЁН МУБОРАК БОД !!!!

Реклама

Действия

Information

5 комментариев

23 08 2012
parviz

рахмат хакикати гапро навиштед.ей кош шумо барин хакикатчуйхо зиёд шаванд

27 08 2012
Ilhom

Сипосгузорам Парвизчон, саломат бошед.

27 08 2012
Ilhom

Salim Aioubzod
:
Дар тамоми дунё идҳои динй ба як навъ коммерсия табдилёфтаанд ва мусулмонон истисно нестанд. Вале аркоме овардед худ ба чои худ ҳарф мезананд:
1 кг ангур
— то моҳи Рамазон 4-6 сомонй.

— дар моҳи Рамазон 8-10 сомонй.

— дар бегоҳи Ид 12-13 сомонй.

1кг шафтолу

— то моҳи Рамазон 6-8 сомонй.

— дар моҳи Рамазон 9-12 сомонй.

— дар бегоҳи Ид 16-18 сомонй.

1 дона харбуза

— то моҳи Рамазон 8-12 сомонй.

— дар моҳи Рамазон 15-20 сомонй.

— дар бегоҳи Ид 25-30 сомонй.

27 08 2012
Ilhom

23 августа в 14:43 Илҳоми Муҳаммадиброҳим
:
Дуруст, аммо чандин маротиб шохид будам, ки дар пешоруии соли нави масехй дар Русия то ин дарача беинсофй нашуда буд..

27 08 2012
Ilhom

23 августа в 17:49· Аbdulaziz Voseev
:
Ин савдогарони мо чандин сол аст, ки чй будани инсофро фаромуш кардаанд.Умуман аз мавчудияти чунин калима хабар надоранд. Аммо ачибаш ин аст, ки бештари соҳибкорону точирони мо чандин карат ҳочиянд…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: