Зулмоти поёни шаби сияҳ (кисми 2)

15 09 2012

Фавора об мепошиду насим зарраҳои хурди обро ба атроф мепошид. Дар атрофи он писарчае хурдакак, ки гуё имруз роҳравиро омухта бошад бо ҳаячон кадам мезад. Аслиддин дар яке аз харакчаҳои атрофи фавора нишаста буд ва ин манзараро тамошо мекард. Ба назари у чунин менамуд, ки гуё писарча доим дар банд буду нав уро озод карданд ва у бо завк кадам мезанад, мегурезад, намехоҳад уро доранд, намехоҳад озодиашро аз даст диҳад. Модари писарча аз паси у гашта, бо телефони дастй уро аксбардорй мекард.
Аслиддин мехост андешаҳои парокандаашро сарчамъ орад ва ба суоли «чй бояд кард?» посух ёбад. Дар ин ҳол чашмаш ба раҳгузаре сарсиёҳ афтод.
«У точик аст..» аз дил гузаронд Аслиддин ва беихтиёр аз чой бархоста ба дунболи у шитофт. Вакте байни онҳо як кадам масофа монд садо кард:
— Саломалейкум!
Раҳгузар ба Аслиддин нигоҳ карда боҳайрат даст дароз карда, бо овози паст ба салом алейк гуфт.
— Бародар, шумо точикед? — пурсид Аслиддин.
— Ман ҳам точик, ҳам узбек, ман, ҳамаш ман.. Чй буд? — ҳануз ҳам дар чеҳраи раҳгузар як ҳисси изтироб ва нобоварию эҳтиёткорй намудор буд.
Сипас Аслиддин вокеаро кутоҳакак накл намуда, максадашро фаҳмонд, ки барои як шаб чои хоб даркор, ё нишонае аз чои истикомати бачаҳои точикро дихад.

Раҳгузар чавони тахминан 25 сола менамуд. У ба забони точикй бо мушкилй сухан мегуфт. Аслиддин аз узбак будани у пай бурд, харчанд чехрааш симои точикй дошт. Аммо барои Аслиддин холо вакти фарк гузоштан миёни узбаку точик набуд. Барои у холо дар навбати аввал ёфтани сарпанохе барои шабгузаронй буд.
Рахгузар худро Отабек муаррифй кард. У пас аз шунидани накли Аслиддин телефони дастиашро гирифта ба кучое занг зад ва аз назди Аслиддин ду-се кадам дуртар рафта гап зад. Сипас, баргашта ба рохравй ишора кард ва харду ба пайроха рахсипор шуданд.
Дар рох Отабек ба Аслиддин мефахмонд, ки чои хоби онхо «люкс» нест ва шароити на онкадар хуб доранд. Аслиддин гуфт, ки у собикаи чандинсолаи мухочирй дорад ва пастию баландихои мардикорй аз сараш гузаштаанд. Отабек чавони хушсухбат баромад. Точикию узбакию урусиомез ба Аслиддин чизе накл мекард. Аммо Аслиддин ними суханашро мефахмиду нимашро не, бинобар танхо сар мечунбонд.
Лахзае асабаш гуё карахт шуда буд. Рох мерафт, сар мечунбонд, аммо фикраш дар дигар чой.. «Худоё, охир, ман узбакро хамрох бо забонаш чашми дид надорам, чаро мухточи ин миллатам кардй? Худоё, тавба ин чй руз буд… Ба ин рузхо хам расидам…»
Аслиддину Отабек ба назди як бинои нимбудаи шашошёна расиданд. Атрофи биноро деворхои тунукагии муваккатй ихота карда буданд. Дарвоза низ тунукапуш буд. Аз даричаи пахлуи дарвоза ворид сахни бино шуданд.
Отабек пеш-пеш мерафту Аслиддин аз пасаш. Онхо ба зинапояхо расида ба таххонаи бино фаромаданд. Рохрави торикро ягона чарогаки хирае равшанй мекард. Деворхои хиштини сурх хануз андованокарда буданд.
Дар охири рохрав танхо се хона дархои муваккатй дошт.
Дархоро ба чои кулф мехи качкардашуда пушида нигах медошт. Яке аз дархо боз буд. Отабек ба хамон даромад Аслиддинро бо забони узбаки даъват кард. Аслиддин ба хона даромад. Дар кате як чавон, ки такя зада буд салом гуён аз чой бархост. Дар кунчи дигари хона як марде тахминан 40 сола дар назди деги баркй меистод. Аслиддин бо хардуяшон дастдарёб салом кард.
Хона нисбат ба рохрав равшантар буд. Кисми зиёди хонаро катхои яклухти дуошёнагй банд карда буд. Дар баландии назди тиреза телевизор бо ДВД меистод, ки таронахои узбакй нишон медод. Буи намнокй бо буи хурокпазй якчо хавои хонаро гализ карда буданд.
Отабек, он ду нафарро ба Аслиддин муаррифй карда шитобон аз хона баромад. Он чавон бародари Отабек буда, Отамурод ном дошт. Отамурод саркори зиёда аз понздах коргар буд. Коргарон хамааш хамдехахояш буданд. Марди дигар ошпази онхо буд. Отамурод нисбат ба додараш бо точикй бехтар сухан мекард. Сухбати Аслиддин бо Отамурод таспид. У ба Аслиддин накл кард, ки онхо аз вилояти Кашкадарёи Узбакистон мебошанд ва дар дехаи онхо точикон низ зиндагй менамоянд. Ошпаз камгап буд ва ба сухбат хамрох намешуд.
Пас аз чанде коргарон паси хам ба хона ворид мешуданд. Дигар дар хона чои кадаммонй набуд ва хавои бе ин хам нотозаи хонаро буи араки бадану пой боз вазнинтар кард. Шароити оббозй фарохам набуд. Танхо дасту руй ва баъзехо пойхо низ мешустанду халос.
Отамурод бо забони узбаки ба онхо киссаи Аслиддинро кутохакак накл мекард. Аслиддин пай бурд, ки баъзеашон бо шубха ба у менигаранд. Бинобар аз байни варакхои шиносномааш чиптаи катораро пайдо карда ба Отамурод дод. Отамурод чиптаро гирифта ба нафари дигар дод ва Аслиддинро ба сари миз даъват кард. Аслиддин рад кард, ки аввал бехтараш коргарон хурок хуранд. Чунки мизу харакчахои худсоз барои хурокхурдани 6-8 нафар базур мерасид. Аслиддин бо бахонае ба берун баромад ва аз фурушгохи назди бино ду нон ва дигар хурокахо харида баргашт. Аллакай як кисми коргарон хурокхурда шуда буданд ва ба катхои хоб чобачо шуда телевизор тамошо мекарданд. Дар телевизор як филми узбакй ва ба забони узбакй дида мешуд. Отамурод борхалтаи дасти Аслиддинро дида, эътироз кард, ки ин харид лозим набуд. Уро «канй мехмон»-гуён ба сари миз таклиф намуданд. Ошпаз дар косае назди Аслиддин хурок гузошт ва худ низ ба сари миз нишаста хурокхуриашро идома дод. Дар миз як шишаи шароб дар ихотаи чанд пиёла меистод. Отамурод, дахони шишаро кушода ба пиёлахо рехт ва ба нишастагон дароз мекард.
Аслиддин, шаробнуш набуд, аммо холо аз гаму ноомади кор кадах бардошт. Пас аз кадахи дуввум аз Отамурод хохиш кард, то барои ду дакика бо телефони у ба Точикистон занг занад. Отамурод телефонашро ба Аслиддин дода бо забони узбакй чизе гуфт. Аслиддин танхо пай бурд, ки у гуфта бошад бахузур гап занад.
Аслиддин дар даст телефон ва когазу калам ба берун баромад. Аз руи хотирааш раками телефони хонаро чид ва занг зад. Гуширо хамсараш бардошт. Пас аз пурсупоси кутох аз у хохиш кард аз дафтарчааш, ки дар токчаи хонаи дарун буд, раками телефони Саидро ба у гуяд. Хамсараш хуб гуфта илова намуд, ки модар мехохад бо у гап занад. Аслиддин гуфтани буд, ки ин телефони дигар кас аст ва вакти у кам аст, аммо модараш аллакай гуширо гирифта салом мегуфт. Аслиддин низ аз кору бор ва сихату саломатии модараш пурсон шуд. Модараш гуфт, ки худро эхтиёт намояд..
Инак раками телефони Саидро навишта гирифт. Ба у занг зад. Саид садои уро зуд шинохта гуфт, ки хеле хавотир шуд ва холо кучост? Таъкид кард худи хозир дар таксй нишаста ба назди истгохи «Тарасовка» ояд. У инчо уро интизор мешавад.
Аслиддин телефони Отамуродро баргардонда бо хамаашон изхори сипос кард ва хайрухуш карда рафтани шуд. Аммо Отамурод ва ошпаз низ зиддият карданд, ки дар шаб куча набарояд. Бехтараш пагох сахар равад. Аммо Аслиддини якрав дигар дакикае истодан намехост. Отамурод уро то истгоҳ ҳамроҳй намуд.
(давом дорад)

Реклама

Действия

Information

One response

17 09 2012
Mahmyd

Харчанд холо маълум нест, ки ин кисса ба чи меанчомад, аммо то ин чо барои ман хеле хонданиву шавковар буд. Дил мехохад, ки хар чи зудтар давомашро бихонам. Вале як чиз боиси эътироз аст: аз забони кахрамон баён кардани нафтари точикон нисбати халки узбак. Хар чи хастанд ва ё не, пеш аз хама узбакхо низ инсонанд. Мо чашми дидан дорем ва ё не, то он вакте, ки Худо бихохад, эшон зинда хоханд монду зиндаги хоханд кард.
Боки, муваффак бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: