Зулмоти поёни шаби сиях (кисми 3)

29 09 2012

— Оча, оча, бибиямро ки зад? Бибиям чаро гиря доранд? — ин суолҳои писарчаи чорсолаи Аслиддин буд, ки давон-давон омада аз модараш пурсид. Хамсари Аслиддин хост ба кулбаи пиразан ворид шавад, аммо апаи Азизмоҳ аз дар берун шуданд. Аз чашмони сурху намдорашон маълум буд, ки гиря кардаанд. Ба нигоҳи суоломези келинаш бо табассум посух дод,
— Умедчон дуруг мегуяд. Гиря накардаам.

— Не, хола. Умедчон дуруг намегуяд. Чи гап шуд? Саломатиатон хуб аст? — ҳамсари Аслиддин бо хавотирй аз пиразан суол кард.
— Хубам. Хеч гап не. Аслиддинамро хоб дидам. Дилам каме зик шуд. Худо нигаҳдораш бошад…

Он рузҳо дар паи мочарои ду халабонҳои дар Кургонтеппа зиндонишуда, фишору таъкиб болои муҳочирони точик дар шаҳрҳои калони Русия авч гирифта буд.
Отамурод ва Аслиддин, нав ба истгоҳ расида буданд, ки мошини пулис дар назди онҳо карор гирифт. Ду афсари пулис аз мошин фаромада назди онҳо омаданд ва ҳуччатпурсиданд. Аслиддину Отамурод шиносномаҳояшонро ба пулисхо доданд.
— Инро бин бо кайдномаи Искутск дар Маскав сайp карда гаштааст. — яке аз пулис варакаи кайдномаро ба дигараш дод.
Аслиддин гуфт, ки имруз омадааст ва се руз вакт дорад. Аммо дарёфт, ки чиптаи катора ҳамроҳи бо ҳуччатҳояш нест.
Пулиси дигар шиносномаи Отамуродро баргардонида, ба Аслиддин ишора кард, ки ба мошин бишинад. Дар ҳоле, ки афсарон ба мошин менишастанд Отамурод хоҳиш мекард Аслиддинро раҳо намоянд. Аммо ба сухани у эътибор надода, дарҳои худро пушиданд ва ба роҳ баромаданд.
Дар дохили мошин боз як нафаре гайрирус менишаст. Аслиддин ба пулис гуфт, ки кайдномааш конунист ва у се руз ҳак дорад. Пулисе, ки дар нишастгоҳи паҳлуи ронанда менишаст, бо тамасхур гуфт «.. Холо мо ба ту ҳакатро нишон медихем.»
Нафари дигаре, ки дар паҳлуи Аслиддин менишаст, бо забони точикй гап зад. У аз Аслиддин пурсид:
— Точик ҳасти?
— бале. — посух дод Аслиддин.
— Аз кучо мешавй? -боз суол кард у.
— аз Панчакент.

Ин лаҳза суҳбати нав огозгаштаи ду ҳаммиллатро пулиси ронанда бурид: — хуш, бо забони худ ҳарф назанед!..

Аслиддин ба дарёи андешаҳо гарк шуд. Ба хотираш суханҳои боре гуфтаи маҳбубаи русаш Надя расид. Дар пеши назараш чеҳраи шоди у намудор гашт, ки мегуфт, «..Хаёт, аз хатҳои сиёҳу сафед иборат аст. Пас аз хати сиёҳ, албатта хати сафед низ хоҳад омад…»
Хар вакте, ки ба шикасте рубаруй мешуд, Надя хеле моҳирона, бо суханҳои таъсирбахш уро ором мекард, неруи тоза медод ва дигарбора ба муборизаҳои шадид барои зинда мондан мефиристод. Махз барои ин Надяро дуст медошт. Дар аввал Надяро низ мехост монанди даҳҳо духтари дигар пас аз ҳамхоба шудан «хайрухуш» гуяд. Аммо натавонист. Ин духтар бо меҳрубониҳояш тавонист дили бераҳму сангини уро ба даст орад.
Аслиддин, ҳис кард, ки муҳточи навозишҳои Надя шудааст. У акнун пушаймон буд, ки аз шаҳри Иркаутск рафт. Ашкрезиҳои Надя пеши назараш меомад. Надя гуё медонист, ки дигар Аслиддинро намебинад.
Аммо Аслиддин дигар чора ҳам надошт. Чунки кайҳо боз бекорй сабаби бепул мондани модару ҳамсараш шуда буд. У бояд дар зудтарин фурсат кор ёфта, маблаге пешпардохт гирифта ба хона фиристад.

Аслиддин, худашро таскин медод, ки «поёни шаби сияҳ сафед аст» ва бояд акнун сафедие ба у намудор шавад, бояд.

У дар гушаи хаелаш ва хатто тассавур хам намекард, ки бесуд ва гайриконунй ба шиносномаи у мухр зада уро «депортатсия» хоханд кард.

(давом дорад)

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: