Зулмоти поёни шаби сияҳ (кисми 4)

28 10 2012

Дар тули 4 соати парвози ҳавопаймои Маскав-Душанбе, Аслиддин якчанд ҳамдеҳаҳояшро вохурд. Хануз дар холли интизорй ҳамдеҳааш аз маҳаллаи туркон Уктами «чап»-ро дид. Барои чапдаст буданаш ба у чунин лақаб гузошта буданд. Миёни ҳамсолону дустонаш як раванди лақабгузорй рушд карда буд ва Аслиддинро баъзан «Аслии туруш» низ мегуфтанд. Баъдтар ҳамдеҳааш Сиёвушро вохурд. У ҳамроҳи ҳамон духтари дустдоштааш буд. Дар багали духтар кудак буд. Аслиддин пайбурд, ки онҳо хонадор шудаанд. Ба ёдаш омад, ки аз сабаби Сиёвуш точик буданаш оилаи туркҳо ба у духтарашонро надода буданд, ҳарчанд ҳама медонист, ки ҳарду ҳамдигарро дуст медоранд. Аммо Сиёвуш ба такдир тан надод. Духтарро гурезонда ҳамроҳаш ба Маскав бурд. Ана акнун пас аз ду сол бо кудак бармегарданд. Суҳбати Сиёвушу Аслиддин дар холли интизорй кутоҳ буд. Сиёвуш дар поён таъкид намуд, то Аслиддин албатта ба тую маъракае, ки дар деҳа баргузор хоҳанд кард, ташриф орад. Оваҳ, танҳо ҳангоми ба ҳавопаймо нишастан Аслиддин дусташ Некрузро дид. Кушиш кард ба у наздик шавад то ҳамроҳ нишинанд. Некруз баробари ба нишастгоҳ нишастанаш чашмаш Аслиддинро дид, ки аз байни издиҳоми роҳрави ҳавопаймо ба у дастбардошта ишорат мекард. Некруз нишастгоҳи паҳлуяшро барои Аслиддин банд кард. Аслиддин ниҳоят ба назди у расид ва ҳарду дустон ҳамдигарро ба огуш кашиданд. Наздик ба шашсол буд, ки ҳамдигарро надида буданд. -Эх, Аслй, боварам намеояд ки ту бошй. Кучоҳо мегардй, туруш? — баробари нишастан гуфт Некруз. Аслиддинро дустони наздикаш ҳамин тавр кутоҳ «Аслй» ном мебурданд.
-Хайр, ҳаёт ҳамин хел шуда рафт, Некрузчон. Яке ба деҳа бармегардаду дигаре уро надида меравад, дигаре бармегардаду у меравад. — дастҳоро ба ду тараф кушода бо садои паст гуфт Аслиддин. Садояш шояд аз хастагии зиёд буд, ки паст баромад ва Некруз уро базур шунид. Аслиддин аслан бо садои на онқадар баланд ҳарф мезад. Садои паст ва камгапии у ҳамсуҳбатонашро водор мекард, ки бо диққати тамом ба у гуш диҳанд. Дустону ҳамсинфон дар машварату баҳсҳо ба суханҳои у диққати махсус медоданд. Ва бештар сухани у ҳамчун хулосавй садо дода баҳсу кашмакашҳоро поён мебахшид.
Соли гузашта дар шаҳри Красноярск як котеджи сеошёнаеро таъмир карда буд. Соҳиби хона ба ин хислатҳои оромй, камгапй, сухангуии боандешаи Аслиддин баҳои баланд дода гаштаю баргашта таъкид мекард, ки чои у дипломатияи точик аст. Ва афсус мехурд, ки чунин шахси дорои маълумоти олй ба корҳои сиёҳ машгул аст.

Реклама

Действия

Information

3 комментария

2 11 2012
толиб

Ассалому алейум Илхомчон саломатихо чи хел акаи Мулошо нестан чи маколахо кам

3 11 2012
Ilhom

Алейкум салом Толибчон! Сипос, ки ба хотирам овардед. Чаноби Муллошоро тамоман фаромуш кардаам. Хатман аз паяш мешавам. ))
Саломат бошед.

19 02 2013
fara

Мо ба хамкори таёрем waptj.ru

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: