Зулмоти поёни шаби сиях (кисми 5)

8 11 2012

Сухбати Аслиддин ва Некруз таспида буд. Чунки кайхо хамдигарро надида буданд ва гуфтанихои бисёре доштанд.
Вокеан насли онхоро насли гумшуда номем хам хато намекунем. Вакте онхо дар синфи 9 мехонданд дар дарс бо омузгор нисфи соати дарсй майдони шахидону истехфохохй ва дигар бахсхои сиёсй мекарданд. Дар дарсхо байни хам шарт мегузоштанд, ки дар гуфтугу ягон калимаи урусй истифода набаранд. Ва агар нафаре як калимаи урусй истифода бурд, хама ба пешонии у яктогй «пуккак» мезаданд. Вакте мактаби миёнаро хатм намуданд аз ИЧШС нишоне намонда буд. Бо донишу тарбияе, ки сохти куммунизм ба онхо дод натавонистанд дар сохти имруза мутобик шаванд. Акнун яке гандумкору дигаре богдор саввумй обдору чахорум мардикор..
Афсуси он дониши аълои онхо. Афсусе, ки дар айни парвоз чанги шахрвандй онхоро болшикаста кард. Ба гуфти Аслиддин у дар синни 10-15 солагияш кай парво дошт, ки нони руи дастархонаш аз кучо меояду мохонаи падараш чанд аст. Имруза кудаки 8 сола рохи пулкоркуниро медонад ва ё мечуяд..
Аслиддину Некруз як-як хамсинфонро ба ёд меоварданду наздик буд ашк бирезанд. Ашк дар афсуси донишу малакаи дустон..
Аспи тозй шуда мачрух ба зери полон,
Тавки заррин хама дар гардани хар мебинам.

Некруз, киссаи «депортатсия» шудани Аслиддинро шунида гамгин шуд. Вале Аслиддин аллакай ба такдир тан дода буд.
— Некруз, рости гап «депорт» шуданам дар аввал дарднок буд, аммо холо заррае гамгин нестам. Ба дилам зад ин омадану ин рафтанхо. Акнун бахона дорам. Дигар ёди Русия намекунам ва дар мактаби деха омузгор мешавам..
— Эх «туруш», бо маоши муаллимй зиндагиро бурда мешавад магар? Насабатро тагир дода боз Русию, назди ман биё.
— Не, хаста шудам Некрузчон. Парвизи «шутур» насабашро ба насаби хамсараш гардонида аз бонк карз гирифта омад. Дар Маскав уро дошта бо хамон хавопаймо фиристоданд..
— Э рост гуфтй. Холо хам дар Точикистон корхояш дар «Суд». Рохкирои Маскав-Хучандро талаб доранд. Болои ин карзи аз бонк гирифтааш..

Хавои даруни тайёраро буи хуроки гарм пур кард. Хидматрасонхои хавопаймо хурок таксим мекарданд. Нихоят ба назди Аслиддину Некруз низ хурок гузоштанд. Аслиддин ба духтараки хидматчй сипос гуфт. Аммо дар чавоб чизе нашунид, баръакс абрувони чиншударо дид. Некруз дархол бо садои каме баланд гуфт «э, Аслй, ин «дикарка»-хои дагали Сомонэйр садкаи рахмату сипос мешаванд!..» Хидматчидухтар харчанд шунида бошад хам, аммо чунин вонамуд кард, ки гуё нашунида бошад.
— Рост Некруз. Хайр чй кунем ки дар мухити Русия одат кардаем.
— «Туруш» бовар мекунй, дар муомилаю муошират дар Точикистон асабам таранг мешавад ва аз ду мох зиёд истода наметавонам. — хурокашро омода кунон гуфт Некруз.
Аслиддин аллакай ба дахонаш хурок гирифта буд, бинобар дар чавоб танхо сар чунбонд.

Дар деха хабари омад-омади Аслиддин аллакай ба гуши модару хамсараш низ расида буд. Хамсараш аз шодй чои нишаст намеёфт. Аммо модараш маротибаи дуввум Аслиддинро дар хоб медид. Нихоят хобашро ба келинаш накл кард. Дар хоб падари рахматии Аслиддинро дид, ки аз дасти Аслиддин дошта хамрохаш мебурд..

(давом дорад)

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: