«Трактор-вертолёт»

1 12 2012

Оё шумо боре дар умратон «трактор-вертолёт»ро дидаед? Албатта ин намуди техника вучуд надорад, аммо оё мешавад дастисоз ин техникаро сохт?
Ба ин саволхо кахрамонхои деринаи торнигор Мусо ва Муллошо посух медиханд.

Мусо:
-Овах! Боз омад! Аз садояш шинохтам! Ин трактор-вертолёт аст! Ин техникаи худсозро маротибаи дуввум аст мебинам. Париданашро рости гап ягон маротиба надидам, аммо ачаб садо дораду ачаб тез меронад.
Садояш гох мисли тар-тари трактору гох мисли пат-пати вертолёт. Ачоиб.
Вах, ин дафъа наздиктар меояд! Ураа, ин дафъа муяссарам мешавад, ки онро аз наздик бинам! Маротибаи аввал харчанд аз паси у давидам, то ба тарзи сохти он наздиктар шинос шавам, аммо дар як чой намеистод,
тар-тар-тар-тар-тар-тар
пат-пат-пат-пат-пат-пат-гуён гох аз ин тарафам мегузашту гох аз он тараф. Акнун бошад аз ман бист кадам дуртар ист гирифт.
Ронандааш як марди хузарби шикамдор ва сиёхихои дасту руяш, ё равганолуд буд, ё офтобсухта. Ронандааш аз трактор-вертолёт поин омад ва дар назди мухаррики он чунбучул мекард. Эх бечорае, бо чи кадар захматхое ин техникаи нест-андар-чахонро сохта бошад..
Садо нест шуд. Ронанда мухаррикро хомуш кард ва худ ба самте рафта нопадид гашт.
Бехтарин имконият! Холо рафта аз наздик чи тавр сохта шудани трактор-вертолётро меомузам. Ба Точикистон рафта хатман аз паяш мешавам. Ягон трактори кухнаи арзонро харида ба он чархбол насб менамоям. Ва минбаъд ба Русия бо он меоям. Аммо афсус, ки як чои нишаст дорад..
Инак ба трактор-вертолёт наздиктар мешавам. Сохти онро мехохам чукуртар омузам. Эх, бояд когазу каламе хамрохам мегирифтам, то накшаи сохти онро тасвир намоям. Хайр хеч гап не, дар ёдам мегирам.
Хуб.. Аз мухаррик бо пахлуи «кабина» мурвате чархзананда ба боло рафтааст ва дар болои «кабина» боз мурватхои дандонакдори дигар.. Ха, дар боло «редуктор» ва ба он се бели калон-калони чархбол насб шудааст. Ана садои пат-пат аз кучо меомадааст..
Аммо як чизашро нафахмидам. Чи баробари ба кор андохтани мухаррик чархбол хам чарх мезанад?
Ана ронанда хам бозгашт. Бехтараш аз у мепурсам.
Ба суоли ман ронанда сар чунбонд ва дар бораи сохти он ба накл даромад.
Ронанда хеле муфассал сохти онро фахмонд. Хеч мушкилие надоштааст-ку. Хатман аз паяш хохам шуд. Хатман.

Гайриинтизор садои гушкаркунандаи мухаррик баланд шуд ва чархболхо низ охиста-охиста ба чархзанй даромаданд.
Ман фосиларо дур гирифта ин техникаро тамошо мекардам.
Ин дафъа садояш баланд ва каме дигар хел буд.
Мисли пештара

тар-тар-тар-тар-тар-тар,
пат-пат-пат-пат-пат-пат
намегуфт.
Овах, садояш хеле нофорами гушкаркунанда…
Хррр…
фусс…
хррр…
фусс…
хррр…
фусс…
хррр…
фусс…

Чашмонам беихтиёр боз шуданд. Ё тавба..
Гуё деворхои хона аз садои «хррр…
фусс…» меларзиданд.
Дигар токатам ток шуду гуфтам:
— акаи Муллошо! акаи Муллошооо! ака, хуррас накашед, ба пахлуи дигар гардед. Мемонед дигарон хам хоб раванд?…

))))))

Реклама

Действия

Information

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: