Муллошо ва оши палави «безсветний»

10 12 2012

Мусофирй аз ҳар яки мо ошпаз сохт. Яке макаронрову дигаре шурбо, ва саввумй паловро бо тамоми санъаташ мепухт.

Ин бегоҳ акаи Муллошо оши палови точикй пухтанд. Хурмати синну солашонро дида касе он касро корҳои пухтупаз намефармуд ва худашон низ нешхандзанон ба Мусову Дилшод «хайр, чавонед , бачаҳо, раҳмат, ки муйсафедро ҳурмат карда кор намефармоед..» гуфта ба дегу табак наздик намешуданд.
Чун аз кор ҳама хаста бармегаштанд, ва ҳама аз дег худро дур гирифта, дар интизор менишастанд, ки нафаре таоме пазад. Сипас навбатдорй ташкил карда шуд. Танҳо акаи Муллошо аз навбати таомпазй озод буданд.
Оҳиста-оҳиста Мусову Дилшод ба пухтани таомҳои нисбатан тезпазак гузаштанд, чунки он заҳмати кам талаб мекард.
Хама медонистанд, ки ин бегоҳ ё тухмбирён аст, ё «доширак», аз ду яке.
Ин бегоҳ навбатдор Мусо буд ва боз хост ба ҳама тухм пазад.
Аммо акаи Муллошо токаташон ток шуду «кафиданд»:
— Мусо, ин чи гап-а? Бовар кун кадом руз аз ин тухмхурихо худам хам ба тухмкунй медарояму аз «доширак»-хурй беширак шуда меравам.. Магар ягон таоми дигар нест дар дунё? Э, ист-э! Ман худам мепазам имруз! Имруз оши палов мехурем!

Мусо дар даст зарфи тухмпазак китф дарҳам зада гуфт:
— Акаи Муллошо, аввал ин ки барои оши палов пухтан фурсат кам ва инчунин ҳама гурусна аст. Ошатон то тайёр мешавад, ки саҳар мешавад…

Акаи Муллошо корд дар даст аз халта сабзиву пиёз гирифта ба Дилшод мурочиат карданд:
— Канй Дилшод, дар тайёр кардани лавозимоти оши палов ёрй деҳ. Мусо ту дар зарфҳо об оварда дар чойчуш об мон ва биринчро шуй..

Ба хастагй нигоҳ накарда, ҳама аз паси кор шуданд.
«Дасти ба даст» карда, сабзиву гушт ва пиёзро омода намуданд. Акнун давоми кор бар зиммаи акаи Муллошо буд.
Акаи Муллошо равганро ба дег рехта мунтазири таспидани он нишастанд.
Сари чанд вакт як резачаи пиёзро ба равган андохта таспидани онро месанчиданд. Бинобар садо набаровардани пиёз, акаи Муллошо боз ба курсй менишастанд. Пас аз интизории зиёд маротибаи саввум резапиёзе партофтанд, вале боз садое набаромад. Сипас ба Дилшоду Мусо мурочиат намуданд:
— Бачаҳо, диккат! Як савол. Шумо мехоҳед оши палов рангаш сурх бошад, ё сафед?
Пешакй мегуям, ки ман оши палови сурхро дар 3 соат ва сафедро дар 2 соат мепазам. Кадомашро мехоҳед, интихоб…

Хануз акаи Муллошо суханро ба охир нарасонда гавгои Дилшод баланд шуд, «э, акаи Муллошо, вакти пиёзро сурх кардану оши сурх пухтан нест. Мурдем аз гуруснагй. Сафед пухтан гиред..»

Акаи Муллошо «Фаҳмо, ин тавр бошад, ду соатак вазнин шуда сабр намоед» гуфта ҳамаи пиёзҳоро ба дег рехтанд.

Мусо норозиёна гуфт: — Акаи Муллошо, агар на сафеду на сурх, балки «безцветный», яъне беранг пазед чанд соат даркор?

Дилшод хандида Мусоро дастгирй карда «Бале, оши беранг! Оши беранг пазед..!» мегуфт.

Акаи Муллошо коҳ-коҳ зада хандиданд ва гуфтанд: — Сахт гурусна шудаед-ку. Гап нест, оши беранг хоҳед — оши беранг. Дар як соат тайёр мешавад.

Акаи Муллошо ҳам гушт ва ҳам сабзиро паси ҳам ба дег рехтанд. Сипас сарпуши дегро пушида ба курсй нишастанд.
Аз байн чанд муддат гузашту сарпушро кушода бо кафгир гушту сабзиро руйгардон намуда боз сарпушро маҳкам намуданд.

Мусо, дар ин ҳол бо телефони дастй дар Фейсбук «чарх» мезаду Дилшод дар Одноклассник. Мусо нерудиҳаки телефонро аз таги болинаш гирифта зери лаб гурунгос зад «бало занад ҳамин телефонро, «батарейкааш» як руз ҳам намебарад..» ва нерудиҳак (зарядник) дар даст ба назди пайвастгоҳи (розетка) барк омад. Пайвастгоҳи сегонаи баркй ду тояш холй буд ва танҳо дар яктояш чойчуши баркй пайваст буд. Мусо лаҳзае аз ҳайронй карахт шуд. Чунки дар пайвастгоҳ нокили хурокпазаке (плита), ки айни замон акаи Муллошо ош «мепухтанд» пайваст набуд..

— Эҳаа.. Акаи Муллошо, коил кардед! Акнун оши берангатонро худатон хуред. Ман рафтам аз магоза «доширак» меорам..

Дилшод сар аз телефон бардошта «чи шуд, Мусо?»
Акаи Муллошо, ба пайвастгоҳ нигариста чеҳраашон гуноҳкорона сурх шуд ва бо табассум пешониашонро бо кафи даст молиш медоданд.
Мусо аллакай пойафзол пушида ба магоза равон шуд. Дилшод шикамашро дошта кикирос зада механдид.
Акаи Муллошо аз пасаш садо карданд:
— Мусочон, охир худат оши «безсветный» хости ку.. Хахахаха.. Эй Мусочон, барои ману Дилшод ҳам «доширак» биёр, майлаш? Хахахаха..

Реклама

Действия

Information

6 комментариев

24 12 2012
Абубакр

рост, рост дар мо хам шудааст чунин вокеа, аммо усто-амаки калонсоли мо, каттаги карда ош мепазам гуфта ба чои ош ба мо биринчбирён дода буданд….))))

17 01 2013
Замониддин

ХАХАХАХА дар мо хам чунин холат шуда буд

28 02 2013
Садриддин

Э кандатона занед Бачахо!!! кам намонед!1

7 03 2013
Ilhom

Саломат бошед, бародар Садриддин!

16 09 2013
Муҳаммадазиз Раҷабӣ

Нерӯдиҳак ва пайвастгоҳ, — олӣ бародар!

8 05 2014
Ilhom

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: