Бишнав Ваня чун хикоят мекунам

26 02 2013

Дусти руси ман, Ваня, ҳамеша бо ман баҳс мекунад. Боре гуфт, вақте мебинад, ки муҳочирони точик хурдтарин фикри худро ба русй гуфта наметавонанд ва дар ин ҳолат ба “тупой” монанд мешаванд, барояш гуфтам:
—Медонам, ҳоло ҳатто Думаи давлатй беқарор шудаву мехоҳад, ҳамаи муҳочирон русиро донанд. Аммо, ин фақат аз точикону узбакҳову қирғизҳо талаб мешавад. Аз чиноиҳо ё курёиҳо чунин талаб карда намешавад.
Лекин, Иван, ту достони “Мусои доно”-ро медонй?
— Не, нашунидаам.
— Пас, гуш кун, то бароят бигуям.

Рузе аз рузҳо, Муллошо ва Мусо ба таъмири хонаи як бойбача, ё худ»олигарх»оғоз карданд. Чунин фармоиш ба ҳар кас насиб намекунад ва ба
Мусо ин корро як миёнарави рус, ки солҳо бо у робита дошт, пайдо кард.

Олигарх дар аввал қатъиян намехост, хонаи уро муҳочирони точик тармим кунанд. Гуё бисёр шунида буд, ки кори онҳо сифат надорад. Вале миёнарав, ки заҳмати самимона ва босифати Мусоро борҳо дида буд,»олигарх»-ро бовар кунонид, ки ҳама чиз “тип-топ” мешавад.

Рузи аввали кор.»Олигарх»дар иҳотаи панч муҳофиз ва котиби айнакдораш ба Муллошову Мусо бисёр нописандона, гуё аз осмони ҳафтум менигарист ва ҳамаи чузъиёти корро танҳо бо миёнарав суҳбат мекард. Масолеҳи сохтмонй, аз кабили гачхок (шпаклёвка), гачтахта (гипсокартон), хокаҳои ҳамвор кардани фарш, сафолакҳо, сир (ламинат), регкоғаз (наждак), рангу ширеш ва деворнигораҳо (обои)-ро оварданд. Қариб ҳамаи онҳо тавлиди Олмон буданд.

Муллошову Мусо чусту чобук масолеҳро ба дохил кашонданд ва ҳар навъро дар гушае чиданд.»Олигарх»бо миёнарав масолеҳро аз назар гузаронда, онро ситоиш мекард, ки беҳтарин дар Аврупост. Котиби “олигарх” ҳар бастаро медид ва ба дафтари калони руйи дасташ чизе менавишт.

Ин дам маълум шуд, ки баъзе аз ин масолеҳ, монанди гачхок(шпаклёвка) ва ламинат дастурамали русй надоранд. Ин мавзуъро каме суҳбат карданд ва олигарх пеш аз рафтанаш ба миёнарав як коғази панчҳазора дода, хоҳиш кард бо ин пул тарчумоне биёрад ва дастурамалҳоро ба русй баргардон кунад. На котиб ва на касе аз ҳамроҳони “олигарх” натавонистанд, ин матнҳоро хонанду фаҳманд.

Миёнарав ба Мусо нигарист ва гуфт, то тарчумон овардани у корро сар накунанд. Мусо, ки танҳо акнун ба баҳси байнихудии русҳо сарфаҳм рафт, ҳайрон шуда пурсид, ки тарчумон ба онҳо чй даркор аст?
—Магар нафаҳмидй. Аввал дастурамали баъзе аз ин масолеҳро ба русй тарчума кард, то нафаҳмида, ҳама корро расво накунед, — гуфт миёнарав.

Мусо қуттии ламинатро гирифта, ба дастурамали он нигарист. Он бо забонҳои омлонй, фаронсавй, англисй ва арабй буд, аммо на ба русй. Мусо матни англисиро чумла ба чумла хонда, ҳамзамон ба русй нақл кард ва гуфт, ки ин ламинат низ чун ламинатҳои дигар муқаррарист, фарқе надорад ва барои устоҳои собиқадор хондани дастурамали он зарур нест.

Миёнарав бо чашмону даҳони калон кушода, дар ҳайрат монда буд. Коғазро аз дасти Мусо гирифта нобоварона пурсид, ки дар кучояш»пеш аз насб бояд 48 соат дар ҳамон хучра истад» омадааст? Мусо бо ангушташ ишоракунон ҳамон чумларо аз нав хонда, ин дафъа вожа ба вожа тарчума кард.

Акаи Муллошо, ки ором ба кашмакаши онҳо нигоҳ мекард гуфт:
—Вы што? Мусо пят язык знает. Вищи абразавани!
Аз чеҳраи миёнарав бараъло аён буд, ки аз забондонии Мусо огоҳ набудааст ва руй ба акаи Муллошо оварда:
«Я не знал. Я в шоке! Молодцы, ребята! Молодцы! Тогда вот вам две тысячи за перевод. Это вне договора. Сам хозяин для перевода оставил,»— гуфт ва аз ҳамёнаш ду ҳазор рубл бароварда, ба Мусо дароз кард.
— Нет, нет. За что? Не надо! Я не трудился за это,— гуён Мусо пулро рад кард.
Акаи Муллошо дарҳол чаҳида омада,»Пачему не нада? Нада, нада! Перевод тоже работа»— гӯён пулро аз дасти миёнарав гирифт ва ба Мусо нигариста гуфт, «Мусочон, хурокпулй мешавад-ку!»

Мусо ва миёнарав ба акаи Муллошо нигариста, ҳар се хандиданд..
Аммо ҳамсуҳбати ман, дустам, Ваня, аз ин ҳикоят каме шарм кард ва бо узрхоҳй гуфт, ки хато кардааст.

Реклама

Действия

Information

8 комментариев

26 02 2013
Замониддин

Офарин ако, маъкул шуд ба ман

27 02 2013
Ilhom

Саломат бошед, Замониддин.

27 02 2013
Tolibsho

Салом алейкум. ман як повест дар бораи хаёти мухочирон дорам, мехохам, ки дар сахифаатон нашр шавад. Ба Шумо тамос гирифта натаваонистам, барои хамин дархостамро тарики коммент мефиристам… ташаккур.

27 02 2013
Ilhom

Салом бародар Толибшо. Навишторро метавонед тарики имейл ба нишонаи mardikornoma@rambler.ru фиристед. Саломат бошед.

28 02 2013
Замониддин

Хеле хуб мешавад, дигар «мардикорон» хотираву эъчодиёти худро дар ин Мардикорнома бо дастгирии акои Илхомчон нашр кунанд

7 03 2013
Ilhom

Албатта Замониддин. Майдон дар ихтиёрашон. Бинависанд аз саргузаштхои худ. Бигзор номхоро тагир дода нависанд. Бигзор бо лаҳчаю шева ва хатогиҳо нависанд. Ислоҳ намуда мечопем. ))
Саргузашти бархе шояд барои худашон одию мукарарй тобад, аммо барои ҳазорҳо ачоиб хоҳад буд.

16 09 2013
Муҳаммадазиз Раҷабӣ

Ин ибораҳоро аз куҷо форсӣ мекунед Илҳомҷон?
Мечопему ғайраҳоро 🙂
«Рузи аввали кор.”Олигарх”дар иҳотаи панч муҳофиз ва котиби айнакдораш ба Муллошову Мусо бисёр нописандона, гуё аз осмони ҳафтум менигарист ва ҳамаи чузъиёти корро танҳо бо миёнарав суҳбат мекард. Масолеҳи сохтмонй, аз кабили гачхок (шпаклёвка), гачтахта (гипсокартон), хокаҳои ҳамвор кардани фарш, сафолакҳо, сир (ламинат), регкоғаз (наждак), рангу ширеш ва деворнигораҳо (обои)-ро оварданд. Қариб ҳамаи онҳо тавлиди Олмон буданд».
***

8 05 2014
Ilhom

Бародар Мухаммадазиз, кайхо вакти он аст ки аз иборахои бегона забонро тоза намоем. Аз навиштахои Салим Аюбзод, Дориюш Рачабиён ва Умед Чайхони дар ин чода истифода бурдаам. Баъзе вожахо барои баъзе нафарон шояд хандаовар бошад, аммо ин хама мегузарад ва одат карда худ намефахмем ки чи гуна вожахои ноби форси баргаштаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: