Точикон «бухор» хам мешаванд

28 02 2013

http://www.exspressinform.ru/get/3425/

Дируз 4.03.2013 дар ошёнаи 7-уми як бинои 9-ошёнаи шахри Маскав сухтор ба амал меояд. Аз тирезаи хонае, ки месухт кудакон ба ёрй даъват карданд. Дар наздикихо мухочирони точик будаанд ва аз хобгохи худ курпахо оварда зери тирезаи бино тайёр мешаванд. Як духтарча ва як писарча худро аз тиреза мепартоянд. Чарохат хам бардошта бошанд хушбахтона зинда мемонанд. Илохо умри ин кудакон дароз бошаду шифо ёбанд.
Аз шабакаи РЕН ТВ дар ахборот ин ходисаро шарх дода, яке аз шохидон дар сухбат гуфт «..хорошо что рядом были таджики и растюнув одеяло спасли детей..»
Сипас дар интернет хостам маълумоти бештар ва нигохи ВАО-и Русияро хонам.
Дигар дар ягон торнамо доир ба ин ходиса вожаи «таджики»-ро надидам. Хатто РенТв дар торнамояш мундаричаи ин барномаи хабарй хамрох бо мусохиба то хол нашр накардааст.

Барои Маяк точикони «приезжий» ба «местные рабочие» мубаддал гаштанд, «..на матрас, растянутый местными рабочими.»

Твц каме ба хакикат наздик мешавад, вале хамоно забонаш намегардад, ки пеш ё пас аз вожаи «дворники» як хатча монда (-) «таджики»-ро часпонад, «..На растянутое внизу дворниками одеяло..»

Барои Росбалт «дворник»-хо «строител» мешаванд ва низ аз миллату шахрвандии онхо ягон харф нест. «..спасли строители, живущие в быточке неподалеку от места ЧП.»
1ТВ аз хуну пуст гузашта вожаи «гастарбайтер»-ро истифода кард, вале аз руи одаташ «гастарбайтеры из Таджикистана» нагуфт. («Гастарбайтеры, увидев, как пламя вырывается из окон квартиры, подтащили к дому матрас из бытовки.»)

Аммо чашмхои хираи хабарнигорони Интерфакс, ИТАР-ТААС, РИА, ВестиРу, ПравдаРу дар он ходиса на «дворник» дидаанду на «гастарбайтер».
Интерфакс: «Пока у них не выявлено серьёзных повреждений..»
ВестиРу: «дети выпрыгнувшие из окна выжили..»
ИТАР-ТААС
«До прибытия сотрудников МЧС из окна квартиры выпрыгнули два ребенка четырех и шести лет.»

РИА: » В пресс-службе ГУМЧС
ранее сообщили, что
дети выпрыгнули
из окна до прибытия
пожарных.»
ПравдаРу: «из окна седьмого этажа выпрыгнули двое детей..»

НТВ дар ходиса кахрамонии як муйсафеди русро ( хатто исми ин муйсафедро меорад- «Виталий Дягтарёв») мебинад, аммо якчанд нафар точикро не, «…выбросившихся при пожаре с 7-го этажа жилого дома в Москве. Детей, как выяснилось, спас бдительный пожилой мужчина.»

Барои Русская служба новостей ва Регнюм низ точикон «гайб» мезананд:
«До
прибытия
пожарных из окна
квартиры
выпрыгнули два
ребенка, возраст детей уточняется.»

Вечерняя Москва бо фахр менависад: »
«Вечерке» первой удалось
поговорить с мужчиной,
спасшим детей.»
Баъдтар тасвири ходисаро муфассалтар меорад, аммо «одеяло и матрас» ба «половичок» ва муйсафеди нафакахур ба супермени начотдиханда ду кудак мубаддал мешаванд.
Точикон бошанд, инчо на «дворник» мешаванду на «гастарбайтер, очевидцы» ва на «местными рабочими» балки хама бухор мешаванд.
Хануз хам шукр, ки «рядом с происшествием дворники-таджики как очевидцы мольча метали двор, или мешали старику спасать детей.» нанавиштаанд.

Тасавур кунед, агар хамаи расонахо хабари комилан дакик дода, як мусохибачае аз он точикон мегирифтанд. Ин худ аллакай нигохи шахрвандони руси Русияро нисбати точикон ба самти мусбат тела медод. Ва шояд сабаби корд набардоштани як скинхэди рус мешуд.
Ва шояд сабаби аз тан чудо нашудани сари чавоне мухочири точик мешуд.
Хеле бамаврид аст, агар сафорати Точикистон дар Русия аз паи ин ходиса шуда, начотдихандахои точикро расонай ва маъруф гардонад.

Реклама