Точикон «бухор» хам мешаванд

28 02 2013

http://www.exspressinform.ru/get/3425/

Дируз 4.03.2013 дар ошёнаи 7-уми як бинои 9-ошёнаи шахри Маскав сухтор ба амал меояд. Аз тирезаи хонае, ки месухт кудакон ба ёрй даъват карданд. Дар наздикихо мухочирони точик будаанд ва аз хобгохи худ курпахо оварда зери тирезаи бино тайёр мешаванд. Як духтарча ва як писарча худро аз тиреза мепартоянд. Чарохат хам бардошта бошанд хушбахтона зинда мемонанд. Илохо умри ин кудакон дароз бошаду шифо ёбанд.
Аз шабакаи РЕН ТВ дар ахборот ин ходисаро шарх дода, яке аз шохидон дар сухбат гуфт «..хорошо что рядом были таджики и растюнув одеяло спасли детей..»
Сипас дар интернет хостам маълумоти бештар ва нигохи ВАО-и Русияро хонам.
Дигар дар ягон торнамо доир ба ин ходиса вожаи «таджики»-ро надидам. Хатто РенТв дар торнамояш мундаричаи ин барномаи хабарй хамрох бо мусохиба то хол нашр накардааст.

Барои Маяк точикони «приезжий» ба «местные рабочие» мубаддал гаштанд, «..на матрас, растянутый местными рабочими.»

Твц каме ба хакикат наздик мешавад, вале хамоно забонаш намегардад, ки пеш ё пас аз вожаи «дворники» як хатча монда (-) «таджики»-ро часпонад, «..На растянутое внизу дворниками одеяло..»

Барои Росбалт «дворник»-хо «строител» мешаванд ва низ аз миллату шахрвандии онхо ягон харф нест. «..спасли строители, живущие в быточке неподалеку от места ЧП.»
1ТВ аз хуну пуст гузашта вожаи «гастарбайтер»-ро истифода кард, вале аз руи одаташ «гастарбайтеры из Таджикистана» нагуфт. («Гастарбайтеры, увидев, как пламя вырывается из окон квартиры, подтащили к дому матрас из бытовки.»)

Аммо чашмхои хираи хабарнигорони Интерфакс, ИТАР-ТААС, РИА, ВестиРу, ПравдаРу дар он ходиса на «дворник» дидаанду на «гастарбайтер».
Интерфакс: «Пока у них не выявлено серьёзных повреждений..»
ВестиРу: «дети выпрыгнувшие из окна выжили..»
ИТАР-ТААС
«До прибытия сотрудников МЧС из окна квартиры выпрыгнули два ребенка четырех и шести лет.»

РИА: » В пресс-службе ГУМЧС
ранее сообщили, что
дети выпрыгнули
из окна до прибытия
пожарных.»
ПравдаРу: «из окна седьмого этажа выпрыгнули двое детей..»

НТВ дар ходиса кахрамонии як муйсафеди русро ( хатто исми ин муйсафедро меорад- «Виталий Дягтарёв») мебинад, аммо якчанд нафар точикро не, «…выбросившихся при пожаре с 7-го этажа жилого дома в Москве. Детей, как выяснилось, спас бдительный пожилой мужчина.»

Барои Русская служба новостей ва Регнюм низ точикон «гайб» мезананд:
«До
прибытия
пожарных из окна
квартиры
выпрыгнули два
ребенка, возраст детей уточняется.»

Вечерняя Москва бо фахр менависад: »
«Вечерке» первой удалось
поговорить с мужчиной,
спасшим детей.»
Баъдтар тасвири ходисаро муфассалтар меорад, аммо «одеяло и матрас» ба «половичок» ва муйсафеди нафакахур ба супермени начотдиханда ду кудак мубаддал мешаванд.
Точикон бошанд, инчо на «дворник» мешаванду на «гастарбайтер, очевидцы» ва на «местными рабочими» балки хама бухор мешаванд.
Хануз хам шукр, ки «рядом с происшествием дворники-таджики как очевидцы мольча метали двор, или мешали старику спасать детей.» нанавиштаанд.

Тасавур кунед, агар хамаи расонахо хабари комилан дакик дода, як мусохибачае аз он точикон мегирифтанд. Ин худ аллакай нигохи шахрвандони руси Русияро нисбати точикон ба самти мусбат тела медод. Ва шояд сабаби корд набардоштани як скинхэди рус мешуд.
Ва шояд сабаби аз тан чудо нашудани сари чавоне мухочири точик мешуд.
Хеле бамаврид аст, агар сафорати Точикистон дар Русия аз паи ин ходиса шуда, начотдихандахои точикро расонай ва маъруф гардонад.

Реклама

Действия

Information

3 комментария

5 03 2013
321

Кадом миллат русияхро дуст дорад?

7 03 2013
Ilhom

Ба гуфти худашон «Горбатого могила исправить!»

9 03 2013
Сафо Олим

БЕРЎ
Мардњо бисёр дар бораи хизмати аскариашон наќл мекунанд. На њамаи ин гуна наќлњо љолибанд. Вале саргузашти воќеие, ки аз рафиќам шунидам, чанд рўз аз сарам берун нарафту нињоят онро аз забони ў рўи коѓаз овардам.
***
Соли 1987 буд. Ваќти ба аскарї рафтанамон омаду ба њамсабаќони донишгоњиам дусола падруд гуфта, ба комиссариати њарбї рафтам. Чанд ваќт баъд аллакай дар ќаторае будам, ки мо — садњо аскарони ояндаро сўи Ќазоќистон мебурд.
Дар соатњои аввали сафарамон як љавони пахлавонпайкаре аз љояш хеста ба њар катаки вагони платскарти мо сар халида, њамаро њушдор дод:
— Маро гўш кунед! Худо накунад, ки шунавам, ягон нафаратон пеши «дедњо»-ю миллатњои дигар сар хам кардаед! Бо њамин дастонам буѓї карда мекушам!
Ва ў ба њама панљањои калон-калонашро нишон медод. Аз як тараф, ин гуна муносибат на ба њама мефорид, лекин аз тарафи дигар, дили мо ќувват мегирифт, ки ин хел лидери љасуру пањлавон пайдо кардем. Зеро чї љойи пинњон доштан — тарси асосии сарбозони љавон дар аскарї аз «дед»-њо буду њоло њам њаст. Ба Полвон (минбаъд ўро њамин тавр меномем) ба хотири пуштибонии оянда њатто як бадкориашро бахшидем: вай бо роњбаладони ќатора забон ёфта, фурўши чойро дар вагон ба дасти худ гирифт. Чойники чойро ба бачањои дигар бо нархи то панљ (!) сўм мефурўхт. Бачањо ѓур-ѓур мекарданд, якдигарро ба шўриш зидди Полвон даъват менамуданд, лекин боз ягон нафар «Пул чист? Чирки даст! Њозир сарф накунем, дембелњо кашида мегиранд» мегуфту њама ором мешуданд. Ба ѓайр аз ин, ростї, аз сар ба сар шудан бо ин «дев» андак њарос доштем.
Моро дар Ќазоќистон ќисм ба ќисми њарбї таќсим карданд. Ќисме, ки ман ба он афтидам, дар «даст»-и чечену доѓистонињо буд. Рўзњои аввал ман њам аз санљиши онњо гузашта, як мушт њам хўрдам, аммо азбаски хати зебо ва њунари рассомї доштам, ба зудї маро ба клуб гузаронданд. Дигар худам шоњ будаму табъам вазир. Њама бо ман дўстї мељустанд, њатто дедњо њам. Хуллас, «одами даркорї» шуда мондам.
Ба амри таќдир Полвон њам ба ќисми њарбии мо афтида буд, лекин ман ўро танњо аз дур медидам. Вале рўзе аз наздик њам дидам.
Як шом ба њољатхонаи яке аз ротањо даромадам. Дарро кушодан замон дидам, ки сарбозе сарашро ба лаби сўрохи њољатхона гузошта хоб аст. Гумон кардам, ки бењуш шуда афтидааст, барои њамин тез ба назди навбатдори рота рафта гуфтам, ки ёриаш расонанд. Аммо сержанти чечен хандид:
— Ин «чумо» њамшањрии туст. Ба ў фармон додаанд, ки њамонљо хоб равад.
Аз шунидани ин мўи баданам хест.
— Кист вай? – пурсидам.
— Полвон, — боз хандид ў. – Мешиносї ўро?
… Дар роњи бозгашт ба штаб сарам хам буд. «Наход одам то ин дараља таѓйир ёфта, паст афтидан тавонад?!» — аз манзараи дидаам ба худ омадан натавониста, аз худ мепурсидам. Чї хел Полвон, ки як ќатора љавонмардњоро сарварї мекард, ба ин њол афтидан метавонист?!
…Рўзе Полвон худаш ба наздам омад.
— Муњибов! — гуфт ў, ќариб гиря карда. – Илтимос, рафта ба «дедњо»-и ротаи мо гап зан, ки ба ман кордор нашаванд! Онњо њар рўз маро мезананд! Аз љонам безор шудаам!
— Полвон, дигарњо њам хизмат карда истодаанд-ку? Њама одам барин дар каравотњои худашон хоб. Ту чї, чени онњо нестї? Ба тану тўшат як нигар!- сарзаниш карда, ўро ба нанг оварданї шудам.
— Охир ин дедњо фаќат маро чап гирифтаанд! Ягон касро ман барин ѓам намедињанд! – љавоб дод ў. – Ба ман аз хона пулу маѓзу чаѓзи бисёр мефиристанд, Муњибов. Њамааш аз они худат! Аз ду сар ба ман намерасад, дедњо кашида мегиранд. Ман зани хушрў дорам дар дења, рухсатї гирифтї, ба пешаш рав – ба дастат хат медињам, ки бо ту хоб равад! Фаќат њамин, ки маро аз ин азобњо халос кун!
Ман аз пешнињодњои ў боз зиёдтар дар њайрат монда, барои бенангиаш дар дилам дашномаш додам. Бо вуљуди ин, ба хотири њамватанї барои пуштигирї ба ротаашон рафтам.
— Бачањо, — гуфтам ба дедњои ќафќозї, — охир ў њам мусулмон аст. Ин хели бад бо ў муносибат кардани шумо магар дуруст аст? Ба љои як њамдинатонро њимоя кардан шумо ўро ин хел тањќир мекунед.
— Асомиддин, — гуфтанд онњо. – Агар ин «чумо» аќаллан як бор ба њимояи худаш мушт не, аќаллан овозашро баланд мекард, мо ўро њимоя мекардем. Лекин ў номи мусулмонро паст мезанад. То «чумо»-и охирин ба ў зўрї мекунаду Полвон сараш хам меистад. Фармони нокасњои пасттаринро бадав иљро мекунад. Ў сазовори пуштибонї нест. Раву бењтараш ба ў кордор нашав.
Аз казармаи онњо бо дили вазнин мебаромадам. Наход љавони бебоку даѓалгап, ки як ќатора љавонмардонро ба итоати худ дароварда буд, то ин дараља дили тарсу дошта бошад? Ба ман пешнињод кардани занашро намегўед? Барои мард аз ин пастии бештар њаст магар?!
***
Дар омади гап: дар хизмат бо як марди тољик шинос шудам, ки муќими њамон љойњо будааст. Ў гуфт, ки замоне аз тарси солдатњои тољик ќисмњои њарбии ин љо ба ларза омада буданд. Тољикон аз итоат ба афсарони оддї ва њатто генералњо сар мепечиданд, ба сари њамаи сарбозони дигар зўр буданд. Кор ба љое расидааст, ки командирњои њаќиќї рутбадорњо не, аскарњои тољик шуданд. Ахиран фармондењї ќарор додааст, ки якчанд сол, то аз дили њама хориљ шудани тарс аз тољикон, аз Тољикистон ба ин љо сарбоз даъват накунанд. Ва баъдтар њам тољиконро як кас- ду кас дар ќисмњо партоянду ба онњо фишор ташкил кунанд, то ки сар бардоштан натавонанд…
Лекин њазор фишор наоранд, наход ин хел паст афтї? Ањволи Полвон баъди он ки ду ќафќозї ўро зада, ба дисбат (мањбаси њарбиён) афтиданд, боз бадтар шуд. Ўро барои хабаркашиаш боз бисёртар бад диданд…
***
Аз байн солњо гузаштанд. Аскарї кайњо паси сар шуда буд. Тољикистонро оташи љанги хонумонсўз фаро гирифт. Ман кор мекардам ва бо вуљуди нотинљї њар рўз ба идора рафта гашта меомадам. Як шом аз гардиши беодами паси бозори «Баракат» мегузаштам, ки касе фамилияамро гирифта љеѓам зад. Ба аќиб нигариста дидам, ки кадом як низомипўши ќадбаланду шонапањне пешам омада истодааст.
— Нашинохтї? – гуфт ў. – Худатро гирифтї, ки њамхизматонатро намешиносї?
Танњо он гоњ ўро шинохтам. Ин Полвон буд. Ба ў салом дода, ањволпурсї кардам, харчанд аз дидори ин бенангу обрў шод набудам.
— Ту куљої будї, фаромўш кардаам? Як туро штаб бурда, санљидан даркор, — ногањон гуфт ў ва автоматашро аз китф фуровард.
Аз ин рафтораш ќањрам омад.
— Њамин ту набудї, — гуфтам, — дар аскарї маро зора мекардї, ки туро њимоя кунам?! Њатто занатро ба ман пешнињод мекардї!
— Чї?! Аљалат расидааст?! Вай аскарї буд, гузашт! Њозир давр даври дигар! Њамхизматї-да, набошад, медонистам, ки туро чї кунам!- ба љањл омад Полвон.
Каме ором шуда ў наќл кард, ки њоло «буљулаш асп хестааст» — падарарўсаш командир асту худи вай њам «хўрда гаштааст».
— Майлаш, раву лекин дигар ба дасти ман наафт. Як бор туро мебахшам, — гуфт ў дар хотима.
Рањорањ пайињам бе ихтиёр сар мељунбондам: њарчанд берў будани ўро медонистам, лекин аз ин гуна рафтори ў њељ ором шуда наметавонистам: марг ба ин хел марди бенангу ба ин љанг, ки сари баъзе номардњоро боз боло кардааст…
***
Он њам вохўрии охирини мо набуд. Рўзе, чандин сол пас, аз пеши бинои суди шањр мегузаштам, ки ногањон боз Полвонро дидам. Вай дар даст коѓазњо дошт.
Бо ў салом кардан намехостам, лекин боз маро дида хира шуд. Ин дафъа авзояш тамоман дигар буд. Бо ман гарму љўшон салом карда, њатто мехост ба оѓушам кашад, лекин худро аз ў дур гирифтам.
— Њамон ваќт бояд омада, бо занам хоб мерафтї! – гуфт ў (вале бо иборањои даѓалтар). – Ноодам будааст ў! Падараш њам худаш барин! Ин лаънатињо хонаю дарамро аз они худ карда маро ба кўча ронданд…
Аз истодан дар назди ў ѓашам меомад, аз ин рў гашта бо роњи худ рафтам…
Ана њамин хел одамро дар њаёти худ вохўрдаам. Аз он замон манманињои ѓулѓулаовозеро шунида, дар дил шубња пайдо мекунам: ин њам мисли Полвон берўе набошад?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: