Қисмат

28 03 2013

Садои занги телефон Мусоро аз хоб бедор кард. «Худоё, дар ин нимашаб кй бошад?» гуён бо чашмони нимбоз ба оинаи телефон нигоҳ карда, «акои Точиддин?» гуфт.
— Лаббай, акои Точиддин?
— Салому алейкум, Мусочон! Аз хобат бедор кардам-а?
— Салом ако, ҳеч гап не. Тинчй аст?
— Нотинчй, Мусо, нотинчй. Олег боз гаранг карда истодааст. Дишаб гапамон сахт гурехт. Хамсояам Евгений Петрович базур халос кард. Окибат «мепаронам!» гуфта, таҳдид карда рафт. Бояд чорае дид.
— Хуб. Пагоҳ бачаҳоро чамъ карда равем, ё ҳозир?
— Не, ҳозир лозим не. Пагоҳ. Мансуру Шавкатро хабар додам. Хамрох биёед ягон маслихат кунем.
— Майлаш ако, гап нест. Олег боз чй мегуяд?
— Э, ҳамон гапҳои куҳна. Хазорон бор пушаймонам, ки хонаи ин ёбоиро сохтам. Хайр, биё, баъд гап мезанем.
— Акои Точиддин, бояд бо роҳи нагзй ва мусолиҳат ҳамаашро ҳал кард. Охир инчо ватани инҳо. Ману шумо кистем дар инчо? Биёед шумо ҳам вазнин шаведу …
— Мусо! Ту ҳам мисли Петрович дар гуши ман насиҳатхониро сар накун! Пагоҳ тавонй биё, натавонй не! Хайр!
— Акои Точиддин,…
Дар он тарафи алока акои Точиддин гуширо гузошта буд. Ин охирин маротиба буд, ки Мусо садои уро шунид.

Мусо телефонро канор гузошта дубора сар ба болин ниҳод ва ба фикр фуру рафт. Хоб аз вучудаш парида буд. Дилашро гам фаро гирифт. Вале аз якравии кудаконаи ин марди калон — акои Точиддин хандааш хам меомад. Мусо ва акои Точиддин аз як деҳа буданд. Дар деҳа ҳамдигарро хуб намешинохтанд. Хамагй ду сол шуд, ки робитаи онҳо дар ин мусофирихо кавй гашта аз ҳоли ҳамдигар зуд-зуд хабар мегирифтанд.
Дар деҳа бошад, Мусо бо писари акои Точиддин, ки 7-8 сол аз у хурд буд, дустй пайдо карданд.

Акаи Точиддин зиёда аз 10-сол мешавад, ки дар ин шаҳраки Усолеи атрофи Иркутск зиндагй мекунад. Мую муйлаби сафед ва руи пурожанг уро на 42 сола, балки наздик ба шаст сола нишон медод. Тану бозуяш кокинаю хароб ҳам бошад, ҳануз чусту чолокона дар сохтмон заҳмат мекашид. Хамдеҳаҳояш собикаи чандинсола доштаи уро медонистанд ва бинобар ин зуд-зуд уро ба коргоҳу сохтмони худ бурда, доир ба ин ё он масъалахои сохтмонй маслиҳат мегирифтанд.
Тули ин солҳо шаҳрвандии Русияро ба даст овард. Ва ниҳоят соли гузашта дар канори шаҳрак хонаи заминиеро харидорй кард. Аммо чун танхоиро дуст медошт, бинобар ин дар он хона танхо мезист. Одатан рузхои якшанбе ҳамдеҳаҳояш меҳмонй омада ошпазй мекарданд.

Боре Мусо маслиҳат дода буд, ки акнун хонаи худро дорад, пас хуб нест оилаашро кучонида барои зисти доимй ба Русия орад. Акои Точиддин дар чавоб бадкаҳрона гуфт, ки ҳаргиз ин корро нахоҳад кард ва илова кард чои зани точик Точикистон аст, на Русия.

Ба зану модараш ва писари донишчуяшу як бародари маъюбаш тез-тез пул фиристода меистод. Бародараш чанд сол пеш дар Маскав аз баландии ошёнаи дуюм афтида, сутунмуҳрааш зарб ёфта буд ва то кунун дар деҳа бистарй аст.

Баҳси акаи Точиддин бо Олег ном чавони рус атрофи сохтмони бустонсарои у буд. Тахминан як сол пеш Евгений Петрович ном ҳамсояи акаи Точиддин онҳоро шинос карда буд.
Онҳо доир ба сохтори даруну беруни хона ва масолехи сохтмон гуфтушунид карданд. Хачми кор калон буд. Бояд як котежи сеошёнаи навсохтаи чубиро пурра, ҳам дарун ва ҳам берунашро тармим мекарданд. Акаи Точиддин дар танҳой аз уҳдаи кор намебаромад, бинобар ин ба ҳамдеҳаҳояш занг зад. Аз байни онҳо як «бригада» иборат аз 8 нафар таъсис дода, корро огоз карданд. Аз чумла Мусо низ бо даъвати акои Точиддин чидани сафолакхоро бар ухда гирифт.

Пас аз гузашти як хафта чй инсон будани Олег барояшон рушантар гашт.
Олег чавони бузургчуссаву девпайкари тахминан си сола буд. Чехрааш хамеша ором, ботамкин ва як соддагие дар у дида мешуд. Дар банди даст ва гарданаш занчирбанди гафси тиллои ва дар ангуштхояш ангуштарихои гаронбахо дошт, ки аз серпул будани у дарак медод.
Олег худро раиси як корхонаи чангалбурй муаррифй карда буд. Гох-гох се чор нафар дустонашро бо худ меовард. Сабки суханронии хам Олег ва хам дустонаш русии гайриодй буд. Акаи Точиддин, ки доир ба сохтмон саволу чавоб мекард онхоро бо мушкилй мефахмид. Чунки гуфтори онхо пур аз «жаргон»-хои олами криминалй буд.
Масалан мегуфт: «Пацаны, чё за дела? Толик, (одатан, акаи Точиддинро хаминтавр ном мебурданд) ты рамсы не путай. Я человек правильный и бабло плачу. И мне над шоб всё была ах..йенна!»

Хаминтавр хама коргарон пай бурданд, ки Олег як авбош, рекетир, «бандит» ва ё ягон чехраи криминалй аст. Хама хавф мебурданд, ки хакки корашонро медода бошад ё не. Як чиз онхоро рухбаланд мекард, ки дар конунхои олами чиноёт хакки мехнаткашро хурдан амали пасту нокасон аст.

Мавсими кор ба охир расид. Тирамох омад. Нихоят тармими бустонсарои Олегро ба охир расониданд. Олег корро кабул карда пули кориро, ки 640 хазор мешуд пурра неву 40 хазор кам ба акаи Точиддин дод. Акаи Точиддин 600 хазор рублро гирифта бо хамаи коргарон хисобй кард. Яке ба Точикистон баргашту дигаре ба шахр, хама хар су пароканда шуданд. Танхо 40 хазори акаи Точиддинро Олег ваъда кард, ки дертар хохад дод.
Моххо мегузаштанду аз пулдихии Олег дарак набуд ва танхо бо ваъдахои имрузу пагох акои Точиддинро баумед мекард.
Зимистон хам гузашту бахор омад. Дар ин айём сафолакхои поёнии атрофи хона як-як аз девор чудо шуда ба афтидан сар карданд.
Рузе Олег акаи Точиддинро ба хонааш таклиф кард. Акаи Точиддин ба умеде, ки пул мегирад, ба бустонсарои Олег рафт.
Аммо бо дидани манзараи ахволи сафолакхо хичил гашт. Аввалин маротиба он руз байни акаи Точиддин ва Олег бахси тунду тез бархост.
Акои Точиддин гунохро ба калла намегирифт. У бар он буд, ки зимистон замин ях карда, бинобар дамида баланд шудани он сафолакхоро бардоштааст ва боиси рехтани сафолакхо шудааст. Аммо Олег аз нав ва ройгон чидани сафолакхои кандашударо талаб мекард, вагарна 40 хазорро нахохад дод. Акои Точиддин иброз кард, ки аз бахри хамон пул гузашт ва бо дугу пуписаю тундй хонаи Олегро тарк кард.

Пас аз чанд вакт, Мусо аз ин бахс дарак ёфт. Акаи Точиддин ба Мусо таъкид кард, ки дар шикасту рехти сафолакхо у гунох надорад, балки аз яхбандии замин рух додааст. Аммо Мусо, ки сафолакхоро соли гузашта у насб карда буд худро гунахкор хис карда ба хонаи Олег рафт. Тули як хафта бепул хамаи сафолакхои рехтаро аз нав насб кард. Ин амали Мусо танхо ба хотири он буд, ки акаи Точиддин маблаги бокимондаашро аз Олег гирад.

Аз байн моҳҳо гузаштанд. Аммо аз пулдиҳии Олег ҳамоно хабаре набуд.
Ниҳоят як бегоҳ Олег худ ба хонаи акаи Точиддин омад. Аммо на ба нияти пулдиҳй, балки ба нияти эътироз.

Аз руи коидаҳои сохтмонй хонаи чубии навсохта бояд ҳадди акал ду сол бе дару тиреза ва тармим гузошта шавад. Дар ин муддат чубҳои ҳануз намдор, бояд пурра хушк шаванд ва хона шакли ниҳоияшро гирад. Ин нозукиро акаи Точиддин ҳануз дар огози кор ба Олег фаҳмонда буд. Олег бошад даст афшонда эътибор надод.

Акнун баландии хона аз ҳисоби хушк шудани чубҳо торафт паст шуда, руз то руз ба шикасту рехти тармимҳои дарунию берунй оварда расонд. Дар дохили хона гачтахтахои дар девор насбшуда кажу валангор мешуданд. Аз берун «сайдинг»-и хонаро ихота карда, тобгулаву дамида мешуд.

Олег талаб мекард то ҳамаи нуксонҳо бартараф карда шаванд. Акаи Точиддин ба хотири Олег оварданй шуд, ки дар вакташ уро огоҳонида буд. Аммо он руз Олег мисли пештара набуд ва талаб мекард, ки ё нуксон бартараф шаванд, ё пули додаашро баргардонда диҳад. Акаи Точиддин фаҳмонданй шуд, ки ин чо коргарон гуноҳ надоранд ва ҳамаи онҳо дастмузди худро гирифта ҳарсу пароканда шуданд. Лек ба гуши Олег ҳеч сухан намедаромад ва дар карори худ катъи буд. Акои Точиддин низ асабй шуда ба Олег дод зад, ки аз баҳри ҳамон 40 ҳазор мебарояд ва Олег хонаи уро тарк карда дигар бо у рубару нашавад.
Олег дар чавоб дод зада мегуфт, «..Слыш батя! Щас как просвистну тут будет центряк и тебе будет хана!..»
Акои Точиддин низ паст наомада, бо дугу пуписа худро иштирокчии чанги шаҳрвандии Точикистон муаррифй карда, ҳушдор дод, ки у эҳтиёт шавад.

Баҳси онҳо ба кашмакашй мубаддал гашт. Аз шуру магали онҳо ҳамсояи акои Точиддин бохабар шуда давида омад.

Онҳоро ба хона дароварда сари миз шинонид ва бо суханҳои нарм кушиш кард онҳоро ба мусолиҳа орад. Аммо ба у муяссар нашуд. Дар охир Олег ба акаи Точиддин таҳдиди куштор карду ба мошинаш нишаста рафт.

Харчанд моҳи апрел бошад ҳам ҳаво 24-26 дарача хунук буд. Барф пас аз ду рузи паи ҳам боридан, дишаб аз боридан бозмонд. Шамол роҳи мошингардро барфпуш
мекард ва изи чархҳои мошин зуд ноаён мешуданд. Мансур бо эҳтиёткорй мошин меронд.
Шавкат ҳикояти Мусоро шунида сигор ба лаб монда оташ гиронд ва ба Мансур руй оварда гуфт:
— Ин кор бо нагзи анчом ёфтанаш дар гумон. — сипас тирезаро ба андозаи як ангушт поин карда дуди сигорро пуф кард ва суханашро идома дод,
— Догистониҳоро овардан даркор, то якбор ин Олегашро гушмол диҳанд..

Мошини онҳо ба хонаи акаи Точиддин наздик шуд. Баробари ба он куча гаштан чашмашон ба мошинҳои сурхи оташхомушкунак афтод. Мансур суръати мошинро тезтар кард.
Дар назди хонаи акои Точиддин ду мошини сухторхомушкунак ва якто мошини полис меистод. Аз хонаи акаи Точиддин кариб нишоне намонда буд. Сухтор алакай хомуш буд ва танҳо аз чубҳои нимсухта ва чархҳои мошини акаи Точиддин, ки дар назди долон меистод дуди бугомез мебаромад.

Фурудгоҳ.
Мансур, Шавкат, Мусо ва боз ду се нафар ҳамдеҳаҳо часади нимсухтаи акои Точиддинро ба Точикистон мефиристоданд..

(бознашр аз ҳафтаномаи «Нигоҳ»)





Хомушии пас аз Навруз — хастагй ё «запой»?

24 03 2013

Агар хато накунам, охирин бор соли 2006 Наврузро дар Точикистон чашн гирифта будам. Ва инак пас аз 7 сол насиб будаасту ин идро боз дар Ватан, дар иҳотаи ёру дустон чашн гирифтам.
Имрузҳо мебинем, ки бисёр хусусиятҳои Навруз ба Соли Нави 1-уми январ монанд шуда истодааст. Аммо як хусусияти бо ҳам монандшавй касро ба фикр фуру мебарад. Манзурам, майзадагй ва бадмастиҳо дар рузҳои ид мебошад.
Дар Русия пас аз шаби пургалогулаи 31-уми декабр гуё ҳаёт барои якчанд руз боз меистад. Рузи якуми январ шаҳрҳо гуё беодам шуда бошанд дар куча аҳёнан нафаре ба чашм менамояд, ки ё пас аз меҳмонй калавида-калавида роҳи хонаашро мечуяд, ё барои харидани шишаи навбатй нуктаи фурушро мекобад.

Кучаҳое, ки шабу руз пур аз мошинҳо буданд, богу бозорҳо ва роҳравҳои пур аз талотуми одам ин саҳари 1-уми январ хомушу холй.
Аҳёнан метавон «бомж»-еро низ дид, ки аз гирду атрофи нишастгоҳҳо шишаҳои холиро мечинад.
Дар як шаби 31-уми декабр гирду атрофи арчаи солинавй ва дигар базмгоҳҳо ба партовгоҳ мубаддал мешавад.
Хамин тавр то нимаи аввали моҳи январ одами ҳушёрро вохурдан мушкил аст.

Боиси хушнудист, ки Наврузро дар Точикистон ботантана ва шукуҳи баланд чашн мегиранд. Кучое дар чои арча дарахти зардолуро ба намоиш гузоштанд, кучое Бобои Деҳкон бо наберааш Баҳор омад..
Аммо хомушии 22-юми март хавотиркунанда аст.
Метарсам, ки 21-уми март бо 31-уми декабр ва 22, 23… 25-уми март бо 1,2, … 15 -уми январи Русия монанд нашаванд.
Метарсам, ки ин иди бедоршавии табиат ба бедоршавии майзадагй мубаддал нашавад. Чунки 99%-и мусибатҳои чомеа аз майзадагист.

Таъкиди ҳаром будани чашнгирии Навруз солхост аз даҳони муллобачаҳо баланд шуда, дар шабакаҳои чамъиятй баҳсҳои дурударозро ба миён меорад.
Бо ҳамин усул ин иди кадимтарини оламро, ки аз мо точикон комилан чудонашаванда аст, ҳарому куфр гуфтан гирем, онгоҳ метавонад вокеан ҳарому куфр ҳам шавад.
Пас беҳтар нест, ки ба ин иди азизи миллиамон чилои исломй диҳем, ё ҳадди акал онро аз нигоҳи динй пазирои намоем?
Чунки ба мо точикон майзадагй намезебад.





Эй мусофирҳо

22 03 2013

(Иноми Темурзод)
Эй мусофирҳои дурафтода аз хоки Ватан,

Калбатон доим кашоли мазраи поки Ватан.

Лукманоне чуста дур уфтодаед аз хонумон,
Чисматон сузад чудоиҳои гамноки Ватан.
Дар диёри гайру бегона мусофир гаштаед,
Шермардони диёру некахлоки Ватан.
Ёди модар ҳам падар ҳам хоҳару фарзандҳо,
Мебарад доим шуморо суи амлоки Ватан.
Мекунед обод мулки гайру месозед чадал,
Панчаҳои пурҳунар устои банноки Ватан.
Сарбаланду покном бошед азизон ҳар кучо,
Чун шумоед ахтари рахшони афлоки Ватан.
Хар кучоед ёди ёру Точикистони азиз,
Чун шумо ҳастед фарзанди ба идроки Ватан.





Андар муқоисаи Facebook ва Одноклассники

13 03 2013

Ачаб балое шуд ин интернет…
воситахои бехудкунй…
чодуи магзҳо…
яроки охиратзамон…
Дарёи иттилооти пучу нодаркоре, ки хамрох дурдонахоро низ мебарад.
Бахрнавардон барои дидану ёфтани гавҳар ба каъри дарё мераваранд. Аммо дар интернет ҳарчо мешавад гавҳари гаронбаҳое ёфт. Баъзан дар каър, баъзан дар руй-руй…

Хуб, биёед филологияву суханбозиро яксу монда ҳама чиро бо исми худаш ном барем ва ба мавзуъ наздик шавем.
Асли мавзуъ — мукоисаи ду сайти муоширатй — ОДНОКЛАССНИКИ ва ФЕЙСБУК.
Кучое хонда будам, ки ОК яроки иттилоотии Русия ва ФБ аз они Амрико будааст. Бигзор ҳаминтавр бошад, аммо мешавад, ки ҳама ярокро зидди офарандааш корбурд кард? Ин аз худи мо вобаста аст ва имруз ахволи ОК-ро дида гуфтан мумкин , ки мешудааст. Дар амал мебинем, ки ҳаргуна фаъолони «намояндаҳои дини салафй ва таҳрирй» Одноклассникро майдони тохту тоз карор додаанд.
Банда ҳам дар ФБ ва ҳам дар ОК саҳифа дорам. Пас аз чанде фарки аз замин то осмони байни ин ду сайтро пай бурдам ва карор додам ФБ-ро волотар ҳисобида бештар дар ҳамон чо бошам ва аз ОК дур бошам.
Имрузҳо дар ОДНОКЛАССНИКИ бисёриҳоеро мебинед, ки шиорҳои хандаовар ва пучи таасубиро навиштори худ карор додаанд. Холо чанде аз онҳоро меорам. Дар курси хубтар шинед, то аз ханда аз он наафтед.

ИНАК, чанде аз онхо, РАФТЕМ:


«Девушки прибавляем 1 парни уменьшаем -1»
)))
Аллах един! Магамед один! Я один!
)))
«Если ты таджик жми КЛАСС!»
)))
«Если ты мусулманин нажми КЛАСС».
)))
«Если ты действительно мужик зайди в группу»
)))

Одноклассники — ин богчаи кудакона!
Худоё, кори дунё хеле осон будааст ку. Бо як пахш кардани КЛАСС ва аъзо шудан ба гурухе кас «бехтарин» точик, «бехтарин» мусулмон ва гайра метавон шуд!
Аз бахри савоб, дустони ОК-иям, ба худ оед!
Хайфи нури чашм, кувва, вакт, пул ва «килобайту мегабайти» шумо, ки бефоида дар ОК харч мешавад.
Агар боре аз ФБ дидан намоед, баъд кадри дунёи мачозиро дарк хоҳед кард.
Фейсбук шахсан маро дигар кард. Чунки инчо ҳазорон ҳазор хирадмандоне ҳастанд, ки ягон ҳарфи онҳоро дар Одноклассник намеёбед. Ин нуктаро чанде пеш дарёфтам. Вакте навиштаҳои худро, ки се сол пеш дар ФБ навишта будам хондам, ростй гап каме шармам омад. Он вакт нав аз ОК ба ФБ рафта будам.
Дар пеши назар, одамон тагир меёбанд. Худ шоҳид хоҳед шуд, ки бесаводе босавод, беадабе боадаб, диндоре бедин , тундгарое муътадил, бедине диндор, чоплусе мухолиф, миллатчие маҳалчй, маҳалчие миллатчй, тарсуе нотарс ва рушанфикре косалесу косалесе рушанфикр мешавад..
Марҳабо ба Фейсбук! Биёву инкилобе дар ботину вучудат биандоз.


Ай бузургмарди Худо, ай оқилу фарзонае,
Пеш ор фейсбуку бар девор навис дурдонае.





БЕРЎ

9 03 2013

(муаллиф Сафо Олим)

Мардҳо бисёр дар бораи хизмати аскариашон наќл мекунанд. На ҳамаи ин гуна наќлҳо чолибанд. Вале саргузашти воќеие, ки аз рафиќам шунидам, чанд рўз аз сарам берун нарафту ниҳоят онро аз забони ў рўи коѓаз овардам. ***

Соли 1987 буд. Ваќти ба аскарй рафтанамон омаду ба ҳамсабаќони донишгоҳиам дусола падруд гуфта, ба комиссариати ҳарбй рафтам. Чанд ваќт баъд аллакай дар ќаторае будам, ки мо – садҳо аскарони ояндаро сўи Ќазоќистон мебурд. Дар соатҳои аввали сафарамон як чавони паҳлавонпайкаре аз чояш хеста ба ҳар катаки вагони платскарти мо сар халида, ҳамаро ҳушдор дод:
— Маро гўш кунед! Худо накунад, ки шунавам, ягон нафаратон пеши «дедҳо»-ю миллатҳои дигар сар хам кардаед! Бо ҳамин дастонам буѓй карда мекушам!-
Ва ў ба ҳама панчаҳои калон-калонашро нишон медод. Аз як тараф, ин гуна муносибат на ба ҳама мефорид, лекин аз тарафи дигар, дили мо ќувват мегирифт, ки ин хел лидери часуру паҳлавон пайдо кардем. Зеро чй чойи пинҳон доштан – тарси асосии сарбозони чавон дар аскарй аз «дед»-ҳо буду ҳоло ҳам ҳаст. Ба Полвон (минбаъд ўро ҳамин тавр меномем) ба хотири пуштибонии оянда ҳатто як бадкориашро бахшидем: вай бо роҳбаладони ќатора забон ёфта, фурўши чойро дар вагон ба дасти худ гирифт. Чойники чойро ба бачаҳои дигар бо нархи то панч (!) сўм мефурўхт. Бачаҳо ѓур-ѓур мекарданд, якдигарро ба шўриш зидди Полвон даъват менамуданд, лекин боз ягон нафар «Пул чист? Чирки даст! хозир сарф накунем, дембелҳо кашида мегиранд» мегуфту ҳама ором мешуданд.
Ба ѓайр аз ин, ростй, аз сар ба саршудан бо ин «дев» андак ҳарос доштем.

Моро дар Ќазоќистон ќисм ба ќисми ҳарбй таќсим карданд. Ќисме, ки ман ба он афтидам, дар «даст»-и чечену доѓистониҳо буд. Рўзҳои аввал ман ҳам аз санчиши онҳо гузашта, як мушт ҳам хўрдам, аммо азбаски хати зебо ва ҳунари рассомй доштам, ба зудй маро ба клуб гузаронданд. Дигар худам шоҳ будаму табъам вазир. Хама бо ман дўстй мечустанд, ҳатто дедҳо ҳам. Хуллас, «одами даркорй» шуда мондам.

Ба амри таќдир Полвон ҳам ба ќисми ҳарбии мо афтида буд, лекин ман ўро танҳо аз дур медидам. Вале рўзе аз наздик ҳам дидам. Як шом ба ҳочатхонаи яке аз ротаҳо даромадам. Дарро кушодан замон дидам, ки сарбозе сарашро ба лаби сўрохи ҳочатхона гузошта хоб аст. Гумон кардам, ки беҳуш шуда афтидааст, барои ҳамин тез ба назди навбатдори рота рафта гуфтам, ки ёриаш расонанд. Аммо сержанти чечен хандид: — Ин «чумо» ҳамшаҳрии туст. Ба ў фармон додаанд, ки ҳамончо хоб равад. Аз шунидани ин мўи баданам рост хест.
— Кист вай? – пурсидам.
— Полвон, – боз хандид ў.
– Мешиносй ўро? …

Дар роҳи бозгашт ба штаб сарам хам буд. «Наход одам то ин дарача таѓйир ёфта, паст афтидан тавонад?!» – аз манзараи дидаам ба худ омадан натавониста, аз худ мепурсидам. Чй хел Полвон, ки як ќатора чавонмардҳоро сарварй мекард, ба ин ҳол афтидан метавонист?! …Рўзе Полвон худаш ба наздам омад.
— Муҳибов! – гуфт ў, ќариб гиря карда.
– Илтимос, рафта ба «дедҳо»-и ротаи мо гап зан, ки ба ман кордор нашаванд! Онҳо ҳар рўз маро мезананд! Аз чонам безор шудаам!
— Полвон, дигархо ҳам хизмат карда истодаанд-ку? Хама одам барин дар каравотҳои худашон хоб. Ту чй, чени онҳо нестй? Ба тану тўшат як нигар!- сарзаниш карда, ўро ба нанг оварданй шудам.
— Охир ин дедҳо фаќат маро чап гирифтаанд! Ягон касро ман барин ѓам намедиҳанд! – чавоб дод ў. – Ба ман аз хона пулу маѓзу чаѓзи бисёр мефиристанд, Мучибов. Хамааш аз они худат! Аз ду сар ба ман намерасад, дедҳокашида мегиранд. Ман зани хушрў дорам дар деҳа, рухсатй гирифтй, ба пешаш рав – ба дастат хат медиҳам,ки бо ту хоб равад! Фаќат ҳамин, ки маро аз ин азобҳо халос кун!

Ман аз пешниҳодҳои ў боз зиёдтар дар ҳайрат монда, барои бенангиаш дар дилам дашномаш додам. Бо вучуди ин, ба хотири ҳамватанй барои пуштигирй ба ротаашон рафтам.
— Бачаҳо, – гуфтам ба дедҳои ќафќозй,
– Охир ў ҳам мусулмон аст. Ин хели бад бо ў муносибат кардани шумо магар дуруст аст? Ба чои як ҳамдинатонро ҳимоя кардан шумо ўро ин хел таҳќир мекунед.
— Асомиддин, – гуфтанд онҳо.
– Агар ин «чумо» аќаллан як бор ба ҳимояи худаш мушт не, аќаллан овозашро баланд мекард, мо ўро ҳимоя мекардем. Лекин ў номи мусулмонро паст мезанад. То «чумо»-и охирин ба ў зўрй мекунаду Полвон сараш хам меистад. Фармони нокасҳои пасттаринро бадав ичро мекунад. Ў сазовори пуштибонй нест. Раву беҳтараш ба ў кордор нашав.

Аз казармаи онҳо бо дили вазнин мебаромадам. Наход чавони бебоку даѓалгап, ки як ќатора чавонмардонро ба итоати худ дароварда буд, то ин дарача дили тарсу дошта бошад? Ба ман пешниҳод кардани занашро намегўед? Барои мард аз ин пастии бештар ҳаст магар?!

Дар омади гап: дар хизмат бо як марди точик шинос шудам, ки муќими хамон чойҳо будааст. Ў гуфт, ки замоне аз тарси солдатҳои точик ќисмҳои ҳарбии ин чо ба ларза омада буданд. Точикон аз итоат ба афсарони оддй ва ҳатто генералҳо сар мепечиданд, ба сари ҳамаи сарбозони дигар зўр буданд. Кор ба чое расидааст, ки командирҳои ҳаќиќй рутбадорҳо не, аскарҳои точик шуданд. Ахиран фармондеҳ ќарор додааст, ки якчанд сол, то аз дили ҳама хорич шудани тарс аз точикон, аз Точикистон ба ин чо сарбоз даъват накунанд. Ва баъдтар ҳам точиконро як кас- ду кас дар ќисмҳо партоянду ба онҳо фишор ташкил кунанд, то ки сар бардоштан натавонанд…
Лекин ҳазор фишор наоранд, наход ин хел паст афтй? Аҳволи Полвон баъди он ки ду ќафќозй ўро зада, ба дисбат (маҳбаси ҳарбиён) афтиданд, боз бадтар шуд. Ўро барои хабаркашиаш боз бисёртар бад диданд…

Аз байн солҳо гузаштанд. Аскарй кайҳо паси сар шуда буд. Точикистонро оташи чанги хонумонсўз фаро гирифт. Ман кор мекардам ва бо вучуди нотинчй ҳар рўз ба идора рафта гашта меомадам. Як шом аз гардиши беодами паси бозори «Баракат» мегузаштам, ки касе фамилияамро гирифта чеѓам зад. Ба аќиб нигариста дидам, ки кадом як низомипўши ќадбаланду шонапаҳне пешам омада истодааст. — Нашинохтй? – гуфт ў.
– Худатро гирифтй, ки ҳамхизматонатро намешиносй?
Танҳо он гоҳ ўро шинохтам.Ин Полвон буд. Ба ў салом дода, аҳволпурсй кардам, харчанд аз дидори ин бенангу беобрў шод набудам.
— Ту кучои будй, фаромўш кардаам? Як туро штаб бурда, санчидан даркор, – ногаҳон гуфт ў ва автоматашро аз китф фуровард.
Аз ин рафтораш ќаҳрам омад.
— Хамин ту набудй, – гуфтам, – дар аскарй маро зора мекардй, ки туро ҳимоя кунам?! Хатто занатро ба ман пешниҳод мекардй!
— Чй?! Ачалат расидааст?! Вай аскарй буд, гузашт! Хозир давр даври дигар! Хамхизматй-да, набошад, медонистам, ки туро чй кунам!- ба чаҳл омад Полвон. Каме ором шуда ў наќл кард,ки ҳоло «бучулаш асп хестааст» – падарарўсаш командир асту худи вай ҳам«хўрда гаштааст». — Майлаш, раву лекин дигар ба дасти ман наафт. Як бор туро мебахшам, – гуфт ў дар хотима.

Раҳораҳ пайиҳам бе ихтиёр сар мечунбондам: ҳарчанд берў будани ўро медонистам, лекин аз ин гуна рафтори ў ҳеч ором шуда наметавонистам: марг ба ин хел марди бенангу ба ин чанг, ки сари баъзе номардҳоро боз боло кардааст…

Он ҳам вохўрии охирини мо набуд. Рўзе, чандин сол пас, аз пеши бинои суди шаҳр мегузаштам, ки ногаҳон боз Полвонро дидам. Вай дар даст коѓазҳо дошт. Бо ў салом кардан намехостам, лекин боз маро дида хира шуд. Ин дафъа авзояш тамоман дигар буд. Бо ман гарму чўшон салом карда, ҳатто мехост ба оѓушам кашад, лекин худро аз ў дур гирифтам.
— Хамон ваќт бояд омада, бо занам хоб мерафтй! – гуфт ў (вале бо ибораҳои даѓалтар).
– Ноодам будааст ў! Падараш ҳам худаш барин! Ин лаънатиҳо хонаю дарамро аз они худ карда маро ба кўча ронданд… Аз истодан дар назди ў ѓашам меомад, аз ин рў гашта бо роҳи худ рафтам… Ана ҳамин хел одамро дар ҳаёти худ вохўрдаам. Аз он замон ман маниҳои ѓулѓулаовозеро шунида, дар дил шубҳа пайдо мекунам: ин ҳам мисли Полвон берўе набошад?