Андар муқоисаи Facebook ва Одноклассники

13 03 2013

Ачаб балое шуд ин интернет…
воситахои бехудкунй…
чодуи магзҳо…
яроки охиратзамон…
Дарёи иттилооти пучу нодаркоре, ки хамрох дурдонахоро низ мебарад.
Бахрнавардон барои дидану ёфтани гавҳар ба каъри дарё мераваранд. Аммо дар интернет ҳарчо мешавад гавҳари гаронбаҳое ёфт. Баъзан дар каър, баъзан дар руй-руй…

Хуб, биёед филологияву суханбозиро яксу монда ҳама чиро бо исми худаш ном барем ва ба мавзуъ наздик шавем.
Асли мавзуъ — мукоисаи ду сайти муоширатй — ОДНОКЛАССНИКИ ва ФЕЙСБУК.
Кучое хонда будам, ки ОК яроки иттилоотии Русия ва ФБ аз они Амрико будааст. Бигзор ҳаминтавр бошад, аммо мешавад, ки ҳама ярокро зидди офарандааш корбурд кард? Ин аз худи мо вобаста аст ва имруз ахволи ОК-ро дида гуфтан мумкин , ки мешудааст. Дар амал мебинем, ки ҳаргуна фаъолони «намояндаҳои дини салафй ва таҳрирй» Одноклассникро майдони тохту тоз карор додаанд.
Банда ҳам дар ФБ ва ҳам дар ОК саҳифа дорам. Пас аз чанде фарки аз замин то осмони байни ин ду сайтро пай бурдам ва карор додам ФБ-ро волотар ҳисобида бештар дар ҳамон чо бошам ва аз ОК дур бошам.
Имрузҳо дар ОДНОКЛАССНИКИ бисёриҳоеро мебинед, ки шиорҳои хандаовар ва пучи таасубиро навиштори худ карор додаанд. Холо чанде аз онҳоро меорам. Дар курси хубтар шинед, то аз ханда аз он наафтед.

ИНАК, чанде аз онхо, РАФТЕМ:


«Девушки прибавляем 1 парни уменьшаем -1»
)))
Аллах един! Магамед один! Я один!
)))
«Если ты таджик жми КЛАСС!»
)))
«Если ты мусулманин нажми КЛАСС».
)))
«Если ты действительно мужик зайди в группу»
)))

Одноклассники — ин богчаи кудакона!
Худоё, кори дунё хеле осон будааст ку. Бо як пахш кардани КЛАСС ва аъзо шудан ба гурухе кас «бехтарин» точик, «бехтарин» мусулмон ва гайра метавон шуд!
Аз бахри савоб, дустони ОК-иям, ба худ оед!
Хайфи нури чашм, кувва, вакт, пул ва «килобайту мегабайти» шумо, ки бефоида дар ОК харч мешавад.
Агар боре аз ФБ дидан намоед, баъд кадри дунёи мачозиро дарк хоҳед кард.
Фейсбук шахсан маро дигар кард. Чунки инчо ҳазорон ҳазор хирадмандоне ҳастанд, ки ягон ҳарфи онҳоро дар Одноклассник намеёбед. Ин нуктаро чанде пеш дарёфтам. Вакте навиштаҳои худро, ки се сол пеш дар ФБ навишта будам хондам, ростй гап каме шармам омад. Он вакт нав аз ОК ба ФБ рафта будам.
Дар пеши назар, одамон тагир меёбанд. Худ шоҳид хоҳед шуд, ки бесаводе босавод, беадабе боадаб, диндоре бедин , тундгарое муътадил, бедине диндор, чоплусе мухолиф, миллатчие маҳалчй, маҳалчие миллатчй, тарсуе нотарс ва рушанфикре косалесу косалесе рушанфикр мешавад..
Марҳабо ба Фейсбук! Биёву инкилобе дар ботину вучудат биандоз.


Ай бузургмарди Худо, ай оқилу фарзонае,
Пеш ор фейсбуку бар девор навис дурдонае.

Реклама

Действия

Information

6 комментариев

10 03 2013
Замониддин

Ман рамузи ФБ-ро намухтаам то хол, харчанд ду сол бозе «шархванди» ФБ хастам, ё хакикатан ман чизеро намефахмам, дар ФБ низ чизи дурустеро намебинам, фарк аз ОК хаст албатта.

12 03 2013
Ilhom

Замониддини азиз, шояд аз Фейсбук дер-дер назар мекунед барои хамин бошад..
Масалан дар Фейсбук бештар бахсхои бо маданияти баланд ва бо факту далел сурат мегирад.
Дар Одноклассник бахс гуфтагй чиз кариб ки нест ва агар яке пайдо шавад, зуд бо дашному тахдид поён меёбад.
Аз бахсхои бо маданияту одоби баланд, ба гуфти русхо «рождается ИСТИНА».

Ё мисоли дигар, хамин навишторро хам дар ФБ ва хам дар ОК гузоштам. Дар ОК дар 6 гурух гузоштам. Дар ФБ дар 2 гурух. Пас аз гузашти як руз ба «Blog stats» (Боздид) назар кардам.
Аз ОК 2-нафар , шояд яктоаш худам бошам.. ))
Аз ФБ 68-нафар.
Худ казоват кунед, Замониддин.

14 04 2013
Фарид

Дар ин маврид чанд вакт пеш, як андарз навишта будам. То хол дар ягончо нанавиштамаш.
*** ИНТЕРНЕТ ХУБАСТ, АММО НА БАРОИ ХАМА, ХУБРО ХУБТАР МЕКУНАД, БАДРО БАДТАР… ***
Ин гуна андарзхоро насиб кунад Худо, дар руи расмхову аксхои чолиб навишта дар фейсбук ва дигар шабакахои интернети пешкаши бародарон мекунам. Даххо бародарони Точикро мешиносам, ки онхо бо рузону (ноутбук) ва телефонхои интернетдор, хуб мухаё хастанд, лекин мутаасифона ба чуз филмхои бешармиву сурудхои бемаъни тамошо кардан, дигар коре надоранд. Хар руз соатхо дар назди рузону нишаста, худро боз хам гумрохтар мекунанд. Ба зами ин боз хам беномусоне хастанд ки, наворхои видеои ва аксхои такиромезро дар интернет пахн мекунанд, ки ин тамоман нобахшиданист. Хулоса, мисли харвакта Мо ба чои хубихои интернетро аз худ кунем, бадихояшро аз худ мекунем, хубихояшро бошад мардуми гарб истифода мебаранд.

16 05 2013
maruf

Худованди Карим хама неъматашро барои манфиати башар офарида ва инсонро дар маърази имтихон карор додааст хушо бар холи онхое ки неъматхоро ба таври мусбат истифода мекунанд

16 09 2013
Муҳаммадазиз Раҷабӣ

Илҳоми азиз,
Банда низ мисли шумо ба ОК нигоҳ мекардам, вале дар чанд моҳи охир маълум шуда истодааст, ки ФБ як майдони сиёсӣ беш нест.
Аз он фарҳангу маданияти воло номаш мондаву халос.

8 05 2014
Ilhom

Мухаммадазизи гиромй, ба хар хол он майдон дигар аст. Дар ФБ метавон фоидаи маънавие гирифт, аммо аз ОК …

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s




%d такие блоггеры, как: