НЕСТ БОД ЗАБОНИ УРУСЙ?

30 06 2013

Дирӯз хабаре хондам, ки ҳар гуна гурӯҳҳои тундрави миллатгарои урус ба амал гузаштаанд. Онҳо ба бошишгоҳу хонаҳои муҳоҷирон даромада ҳуҷҷатҳои онҳоро тафтиш кардаанд ва байни онҳо низоъ хестааст. Акнун қонунгузории Русия ба ҳар раҳгузари урус иҷоза додааст, ки аз муҳоҷири тоҷик ҳуҷҷат бипурсад. Ба ин рӯз ҳам расидем. Фишор паи фишор ва вазниниҳои беш аз пеш муҳоҷирони моро таъкиб менамояд. Аммо ҷониби Тоҷикистон ягон посухе намедиҳад. Ҳаминтавр урусҳо бо дастгирии ҳукумати худ бефарҳангона миллатҳои барояшон бегонаро таҳти фишор, пастзанӣ ва зуроварӣ қарор медиҳанд. Миллати бефарҳанг бо амалҳои бефарҳангона…
Дар ҳолати бефарҳанг будани тоҷикон метавонист дар Тоҷикистон низ фишору бадбинӣ болои русҳо ба вуҷуд ояд. Аммо муҳоҷири тоҷик пас аз инқадар азобҳои ҷисмониву равонӣ ба Ватанаш бармегардаду русҳои Тоҷикистонро ҳурмату иззат менамояд. Кинаву адоватро аз дилаш берун менамояд ва посухи ҷабрҳои аз пулис ва мардуми рус дидаашро ба русҳои Тоҷикистон намедиҳад. Ин худ як нишонаи бофарҳанг будани моро нишон медиҳад.
Аммо ба ин фишору маъракаҳои зиддитоҷикии Русия мо набояд хомӯш бошем, балки бофарҳангона посух гӯем. Як фишанги Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии 201 ва «Окно» бошад, фишанги дигараш ки дар дасти ҳамаи тоҷикон аст ин забони урусист. Барои ҳоло ва ҳозир беҳтарин кор ин фишор ба забони урусӣ аст. Бояд ҳукумати Тоҷикистон қадам ба қадам ҷойгоҳи забони урусиро дар кишвар танг намояд. Чаро шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ин қадар беқадр шудаасту забони урусӣ дар кишвари мо боқадр? Вазорати маориф бояд фишангро ба хотири дифоъ аз муҳоҷири тоҷик истифода барад. Чаро мактаббачаҳо аз синфи ду забони урусиро меомӯзад ва аз синфи чор забони англисиро? Як забони хориҷӣ бас нест? Соатҳои дарсиро барои забони урусӣ ихтисор намоед. Ба Узбакистон пайравӣ намоед.
Овезаҳои сарироҳии таблиғотӣ бояд танҳо ва танҳо бо забони тоҷикӣ бошанд. Ширкатҳои мобилӣ низ аз истифодаи забони урусӣ худдорӣ намоянд. Шабакаҳои Садо ва Симои (Радио ва телевизон) Тоҷикистон барномаҳои урусизабони худро ихтисор намоянд. Маҷалаву рӯзномаҳои урусӣ, мактабу кӯдакистонҳои урусизабон ва овезаҳои таблиғотии урусӣ метавонанд самте барои фишор болои Русия бошанд.
Барои ҳар як тоҷики аз Русия хориҷшуда як барномаи урусӣ аз садо ва симо аз намоиш хориҷ карда шавад ва барои ҳар як ҷасади муҳоҷири фавтида як мактаб ё кӯдакистони урусизабон баста шавад.
Боварии комил дорам, ки ин амалҳо Русияро дар ҷои худ хоҳад шинонд. Дар мубориза ва ё худ посух ба Русия ҳар як шаҳрванди одии тоҷик метавонад иштирок намояд. Дар ҳар ҷои Тоҷикистон (манзурам аз кӯчаву хиёбон то садову симо ва ФБ-ву ОК) ба хотири хотима бахшидани фишор болои ноновари тоҷик зидди истифодаи забони урусӣ садо баланд намоем. Посухи бофарҳангонаи миллати бофарҳанг ба бефарҳангон ҳамин хоҳад буд. Камтарин коре, ки барои дифоъ аз мардикорӣ тоҷик метавон кард. Нест бод забони урусӣ дар фазои Тоҷикистон!

Реклама




Барномасозй, сиёсат ва алгоритми «ERROR»-дода

17 06 2013

Британияи Кабир қарор кардааст, ки дар дабистонҳо ба кӯдакон аз панҷ сола сар карда асосҳои барномасозиро омӯзанд. (www.zdnet.com/uk/programming-set-to-be-core-of-new-computing-classes-for-english-kids-7000011053/)

Хеле иқдоми оқилона дар ин замони ҷангҳои иттилоот. Дар ин замоне, ки интернету компютер ба мудҳиштарин яроқ табдил меёбанд.

Чӣ? Мактабҳои мо? Фикр ба саратон омад, ки ҳоло аз ҳолу аҳволи мактабҳои Тоҷикистон сухан оғоз хоҳад шуд?
Не, не. Хато кардед. Мо куҷову онҳо куҷо.. Охир толибилмҳои мо расо даҳ сол пас, дар синни 15-солагӣ асосҳои барномасозиро меомӯзанд. Ин матлабро на бо мақсади муқоисаи мактабҳои Британияи Кабир бо мактабҳои Тоҷикистон навишта истодаам, балки барномасозиро дар охир бурда ба сиёсат часпонданиам. Намехоҳам дар поёни матлаб хонандае назар нависад, ки «..муқоисаи Британияи Кабир бо Тоҷикистон ин аблаҳист..»

Биёед атрофи он меандешем, ки чӣ чиз ҳукумати Британияи Кабирро водор кард, ки ба чунин иқдом даст занад? Чӣ чизро дар ин касб диданд? Чаро мехоҳанд, ки кӯдаки панҷсола ба забони барномасозӣ шинос шавад?

Бармегардем ба сархати(абзац) дуввуми навиштор.
«Дар ин замоне, ки интернету компютер ба мудҳиштарин яроқ табдил меёбанд.» Дунё – дунёи ахбору иттилооту маълумот шуд. Иттилоот дорӣ — яроқ дорӣ. Ин кӯдакон дар оянда метавонанд «истеҳсолоти» иттилоотро барои кишварашон таъмин намоянд.
Бубинед масалан Фейсбуку Одноклассникро ду-се барномасоз аз рӯи хоҳиши худ сохтанд ва миллионҳо истифодабаранда аз рӯи схемаи онҳо муошират менамоянд.

Агар фаротар аз он назар афканем маҳз малакаи барномасозӣ метавонад тарзи ботартиб чидани мақсаду маром ва ноил шудан ба онро ба кӯдаки панҷсолаи англис омӯзад. Аз хурдӣ ӯ аллакай шарт гузоштанро меомӯзад, «агар …. сипас – вагарна …. онгоҳ » (If..Then..Else..)..
Аз хурдӣ бо ифодаҳои мантиқии «ВА-Ё-ҲА-НЕ..» шинос мешавад, ва чи будани алгоритми шоханоку давриро аз худ менамояд. Ин кӯдак дар оянда худ метавонад алгоритми ҳаёташро ба тартиб дарорад ва дар ҳама соҳа муваффақ бошад.

Барномасозони собиқ бештар дар соҳаҳои роҳбарикунанда метавонанд комёб бошанд. Аз ин бармеояд, ки барномасоз ва сиёсатмадор ҳарду аз як чашма об мехӯранд. Сиёсати давлатдорӣ низ алгоритми иҷроиши амалро мехоҳад. То андозае амалҳоро бояд ботартиб гузошт, ки барнома иҷро шавад.

Як мисоли одӣ. Зайд Саидовро кӣ мешинохт? (Дарвоқеъ, ӯ низ собиқ барномасоз будааст.) Ғайр аз як гурӯҳи хурди маҳалу атрофиёнаш дигар касе ӯро намешинохт. Тасмим гирифт, ки ҳизбе таъсис медиҳад. Вокунишу муносибати мардум ба ӯву ҳизби ӯ нобоварона, бадгумона ва эҳтиёткорона буд. Бисёриҳо ақида доштанд, ки ин ҳизби кисагӣ хоҳад шуд. Интизор ҳам буданд, ки ин ҳизбро ҳукумат чӣ хел пешвоз мегирад ва дар чӣ муддат сабти ном мешавад?

Дар ин ҳолат агар собиқ барномасозе дар ҳукумат мебуд алгоритмро тавре тарҳрезӣ мекард, ки ҳам ин қадар шӯру мағал намехест, ҳам тарафдорони мардумиашро аз даст намедод ва ҳам обрӯяшро дар арсаи ҷаҳонӣ боло мебурд. Ҳукумат бояд дарҳол аз ин ҳизб истиқбол мекард ва дар кӯтоҳтарин фурсат онро сабтином мекард. Дар ин ҳол оё номи Зайд Саид мисли ҳозир расонаӣ мешуд? Оё мардум ба шӯр меомад? Оё чандин фаъолоне, ки калаванда буданд 180 градус зидди ин давлатдорӣ мегаштанд? Оё номи бе ин ҳам пасти Давлат боз пасттар мешуд? НА , НА ва боз ҳам НА. Чӣ хеле ки мардум ба Зайд Саидов ва ҳизби ӯ нобоварона назар мекарду кисагиаш мехонд, ҳаминтавр мемонд ва гумонҳо афзунтар мешуданд. Ва дар оянда, ҳукумат метавонист ин ҳизбро зери бол гирифта, ба манфиати худ истифода барад.
Аммо афсӯс, ки бештари мансабдорон собиқ тракторчӣ ҳастанд ва сиёсатро чун замини шудгор мефаҳманду равшанфикрону фаъолонро чун алафҳои харкуркунаку сагряк.
Ё шояд, алгоритми сохтаи онҳо то ҳадде мушкилфаҳм аст, ки қудрати фаҳмиши мо намерасад?





Биёед дигар пора надиҳем

6 06 2013

(аз нақли як рафиқам)
Ниҳоят пас аз як соли танаффус имрӯз дар Донишгоҳ имтиҳони давлатиро супордам. Ба имтиҳон омода набудам. Нақша доштам, ки пора дода ягон сеи покаҷ мегирам. Саҳарӣ дар кисаи чапам як коғаз бо акси Исмоили Сомонӣ (яъне сад сомона) гузошта, бетайёрӣ ба имтиҳонсупорӣ рафтам. То оғоз шудани имтиҳон дақиқаҳо монда буданд. Синф ороста ва барои гузаронидани имтиҳон омода буд. Яке аз ёрдамчиёни комиссияи имтиҳонгирӣ донишҷӯҳоро як-як даъват карда «ставка»-ро мегуфт ва маблағ ҷамъ мекард. Навбат ба ман расид.

«Чӣ кор мекунед? Ҳаққи муаллимҳоро медиҳед?» пурсид аз ман ёрдамчӣ.
«Чанд пул мехоҳанд?» ба савол савол додам.
«Яксаду панҷоҳ сомонӣ барои баҳои се ва бист сомонӣ барои ташкиливу дигар хароҷотҳо. Хамагӣ яксаду ҳафтод сомонӣ мешавад.»

Бо шунидани ин сумма бо худ афсӯс хурдам, ки аз хона пул кам гирифтаам. Ва ба ёрдамчӣ гуфтам, ки бо дониши худ месупорам. Ёрдамчӣ боз маро руҳбаланд ҳам кард, ки «Ихтиёратон. Аслан мушкил нест ва саволҳо аз ҳамон дарсҳои гузаштаанд. Муҳимаш бештар гап задан даркор. Интавр бошад танҳо бист сомонӣ — пули ташкилиро диҳед шуд.»

Ба ёрдамчӣ бист сомонӣ додаму ба имтиҳон даромадам. Ҳама донишҷӯён билет гирифтем ва ба ҷойҳои худ нишастем. Яке аз аъзоҳои комиссия барои ҳар як донишҷӯ варақҳое дод, ки дар он посухҳои билеташон оварда шудаанд. Ва инҷо дидам, ки танҳо ман будаам поранадода. Ҳамагон ончӣ дар коғаз буд рӯйбардор мекарданд. Ин ҳолат фазои имтиҳони давлатиро ки воҳиманок метофт ба фазои як санҷишчаи мактаби миёна монанд кард.

Соли гузашта, ки дар Русия будам ба имтиҳони давлатӣ омада натавонистам ва аз ҳамонҷо ба роҳбарамон пешниҳод кардам, то барои баҳои имтиҳон 300 доллар фиристам. Аммо ӯ рад кард, ки бе будани худат ин кор ғайриимкон ҳаст. То як андоза хурсанд ҳам шуда будам, ки ниҳоят дар Ватанам тартибот ҷорӣ шуда истодааст.

Қисса кӯтоҳ аъзои комиссия ҷавоби маро сазовори баҳои чор донистанд. Ҳатто раиси комиссия хандида ишора кард, ки ман ягона нафаре будаам имрӯз «честный» имтиҳон супордам.

Хонандаи азиз, ин навиштор ҳаргиз ба маънои худтаърифкунӣ набуд, балки даъват аз донишомӯзон аст, ки камтарак хонанд. Ман аз ду суоли он билет ба ягонтоаш онқадар ҷавоби пурра надодам. Шаф-шаф гуфта атрофи дигар мавзӯҳои медонистаам чарх зада, гоҳ аз ток мегуфтаму гоҳ аз бед. Фикр кардам, ки ҷавобам барои баҳои се месазад, аммо муаллимон ба ман чор монданд. Ман бо 270 сомонӣ баҳои серо нахаридам ва бепора баҳои чор гирифтам.

Яъне гуфтаниам, ки мешудааст! Бо дониш таҳсил кардан ҳам мешудааст. Агар каме дарсҳоро хонда бо тайёрӣ меомадам, шояд панҷ ҳам мегузоштанд.
Донишҷӯҳои азиз, пас чаро пора медиҳем? Чаро каме худро машаққат дода намехонем, мутолиа намекунем? Фардо аз мо чи гуна мутахасис мебарояд? Чаро ризқи худро бо ду дасти адаб бароварда медиҳем? Порадиҳиро на танҳо қонун, балки дини Исломи азиз манъ кардааст. Чаро кӯшиш намекунем, ки ҳақиқату адолат пойдор бошад? Аз даҳон оташ мепаронем, ки ин Вазорати маориф ва ин ҳукумат ба фасод ғутидааст. Аз ин бармеояд, ки мо худ гунаҳкорем. Худамон фасодро дар ҷомеа равнақ медиҳем. Мубориза зидди порахӯриро бояд маҳз донишҷӯён ва аз Донишгоҳу Омӯзишгоҳҳо оғоз кунанд. Чунки ин одати бад ба мо мечаспаду минбаъд ба ҳар идорае, ки корафтода шавем боз ва боз пора хоҳем дод.